Фарқият байни намунаҳои "Дайр"

no edit summary
 
== Сохтмони дайрҳо ==
Дар силсилаи таълифоти мавсум ба «Диёрот»-и муаллифони исломӣ (Ҳишом ибни Муҳаммади Калбӣ, [[Абулфараҷи Исфаҳонӣ]], Рафои Мавсилӣ, Абубакр Муҳаммад ва Абуусмони Холидӣ, Шамшодӣ, Шобаштӣ ва дигарон) дар бораи дайрҳо маълумоти муфассал дода шудааст, ки онро минбаъд таърихнависон (Бакрӣ, Ёқути Ҳамавӣ, Ибни Фазлуллоҳ ва дигарон) дар осори худ истифода бурдаанд. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои мазкур дайрҳои дар минтақаҳои дурдасти кӯҳӣ ё биёбонӣ, дар қуллаи кӯҳҳо сохташуда тарҳи сода доштанд, аммо дайрҳои дар наздикии шаҳрҳо, канори рӯдҳо бунёдшуда маъмулан шомили чандин бино (калисо, ҳуҷраҳо, мағозаҳо, корвонсаройҳо) буданд. Дайрҳо киштзору боғҳо (токзор, нахлистон, боғи зайтун) доштанд, ки дар баробари даромад овардан ниёзи сокинони онҳоро низ таъмин мекарданд. Ҳуҷраҳои дайрҳо аз утоқҳои ибодати хусусии роҳибон, хӯрокхӯрӣ, нигаҳдории амонатҳо ва ҳадяҳо, шаробсозӣ, китобхона ва ғайра иборат буданд. Дайр бештар ба номи ягон қиддис (Дайри Мор Юҳанно дар наздикии Тикрити Ироқ, Дайри Самъон дар Шом), бунёдгузори (дайри Абдун дар Ироқ), шаҳр ё деҳе, ки дар наздикии он сохта шуда буд (Русофа дар Шом), номгузорӣ мегардид.
 
== Дайрҳо дар аҳди ислом ==