Намози ид: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
{{Ислом}}
'''Намози ид''' ({{lang-ar|صلاة العيد}} — Намози ид) — намозе аст, ки [[Мусулмон|мусулмонон]] дар рӯзи [[Иди Рамазон|Иди Фитр]] ва [[Иди Қурбон]] бо [[ҷамоат]] мехонанд.
 
== Таърих ==
Дар ду иди Рамазон (Фитр) ва Қурбон (Азҳо) хондани намози махсуси ид бар онҳое, ки намози ҷумъа бар эшон [[воҷиб]] аст, воҷиб мебошад.
 
Таърихи аввали моҳи шавволро иди Фитр ва таърихи даҳуми моҳи зулҳиҷҷаро иди Азҳо (Қурбон) меноманд. Ин ду рӯз дар ислом рӯзи иду хушӣ аст ва ба унвони шукрона ду ракъат намоз дар ин ду рӯз воҷиб мебошад.
 
Тамоми он шарту шароите, ки барои сиҳҳат (дурустӣ) ва вуҷуби [[намози ҷумъа]] баён гардид, барои намози идайн низ зарурӣ мебошанд. Ғайр аз [[хутба]], ки дар намози ҷумъа хондани он фарз ва шарт аст ва пеш аз намоз хонда мешавад, вале дар намози идайн хутба шарт нест, балки суннат аст ва баъд аз намоз хонда мешавад. Аммо гӯш кардани ин хутба мисли хутбаи ҷумъа воҷиб аст ва корҳои хилофи он ҷоиз нест.
 
== Вақти намози идайн ==
Line 13 ⟶ 15:
Дар рӯзҳои ид мисвок ва ғусл кардан, хушбӯӣ истеъмол намудан ва беҳтарин либосҳоро пӯшидан суннат аст.
 
Дар иди Фитр пеш аз рафтан ба намозгоҳ бо чизе даҳон ширин намудан<ref>Саҳеҳи Бухорӣ, 953; Сунани Ибни Моҷа, 1754</ref> ва закоти[[закот]]<nowiki/>и фитр (садақаи фитр)-ро ҳам пардохтан мустаҳаб аст. Вале дар иди Қурбон хӯрданро то адои намоз ба таъхир гузоштан лозим аст ва агар қурбонӣ дошта бошанд, аз он бихӯранд<ref>Сунани Тирмизӣ, 542; Сунани Ибни Моҷа, 1756</ref>.
 
== Тарзи адои намози идайн ==
Тамоми шароите, ки барпо намудани намози ҷумъа ба онҳо бастагӣ дошт, барои баргузории намози идайн ҳам лозим мебошанд, ба ғайр аз хутба, ки он дар намози идайн суннат буда ва баъд аз адои ду ракъат намоз хонда мешавад.
 
Намози иди Фитр ва Қурбон ду ракъат аст ва тарзи адои он ба ин тариқ аст, ки аввал имом такбири таҳрима «Аллоҳу акбар» гуфта, ба намоз сар мекунад. Аввал чун дигар намозҳо сано мехонад ва баъд аз он се бор бо садои баланд такбир – «Аллоҳу акбар» гуфта, дар ҳар такбир дастҳояшро мебардорад. Пас аз он '''«Аъузу биллоҳ»''' ва '''«Бисмиллоҳ»'''-ро паст ва баъд сураи '''«Фотиҳа»'''-ро ҳамроҳ бо сураи дигаре баланд мехонад. Сипас ба рукӯъ ва суҷуд рафта, ракъати аввали намозро ба ҷо меоварад.
 
Он гоҳ барои ракъати дуюм бармехезад ва бо садои паст '''«Бисмиллоҳ»''' гуфта, сураи '''«Фотиҳа»''' ва сураи дигареро бо садои баланд мехонад. Пас аз он се бор бо садои баланд такбир мегӯяд ва дар ҳар такбир дастҳои худро мебардорад. Ҳоло дигар такбиргӯён ба рукӯъ ва пас аз он ба суҷуд рафта, монанди дигар намозҳо ракъати дуюмашро ҳам анҷом медиҳад.
 
Хондани ду хутба барои намозгузорон баъд аз анҷоми намоз суннат аст ва имом дар он бояд аҳкоми идайнро барои мардум баён созад. Масалан, дар иди Фитр масоили садақаи Фитрро ва дар иди Қурбон масоили қурбонӣ ва такбироти ташриқро баён намояд.
Line 32 ⟶ 34:
Ҳар гоҳ намози идайн қазо шавад, дигар онро қазо хонда намешавад, зеро намози идайн қазо надорад.
 
Намози идайн азону қомат надорад, балки мустаҳаб аст онро ба ин тариқ эълон намоянд: '''«Ассалоту ҷомиъатун»'''.
 
Ҳангоми рафтан ба намозгоҳ мустаҳаб аст дар роҳ бо садои баланд такбири ташриқ гӯянд.
Line 49 ⟶ 51:
 
6. Шахсе пас аз фориғ шудани имом аз такбироти ракъати якум ба ҷамоат пайваст, агар имом дар ҳоли қиём аст, баъд аз ният кардан фавран такбиротро бигӯяд, агарчи имом машғули қироат бошад. Агар имомро дар рукӯъ дарёбад, дар сурате ки гумони ғолибаш ин бошад, ки баъд аз гуфтани такбирот метавонад дар рукӯъ ба имом бирасад, такбиротро фавран баъд аз ният бигӯяд ва ба рукӯъ равад.
 
Вале агар ғолиби гумонаш ин бошад, ки дар сурати гуфтани такбирот наметавонад дар рукӯъ ба имом бирасад, ният карда, ба рукӯъ равад ва дар рукӯъ ба ҷои тасбеҳоти рукӯъ, такбиротро бигӯяд. Агар пеш аз тамом кардани такбирот имом аз рукӯъ баланд шавад, ӯ низ ҳамроҳи имом баланд шавад ва бақияи такбирот аз вай муъоф (соқит) аст.