Намози ид: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 40:
== Одобу суннатҳои ид ==
Рӯзҳои ид рӯзҳои покизагиву озодагӣ, шодмониву фароғат ва анҷоми амалҳои башардӯстона мебошанд. Бинобар ин, шахси мусалмон дар он рӯз бояд баландтарин одоби муошират ва меъёрҳои ахлоқи шаръиро риоя намояд.
#* Дар рӯзи ид корҳои зерин суннат мебошанд:
** ғусл намудан
** мисвок кардан
Сатри 56:
** дар рӯзи иди Қубон такбирро баланд гуфтан.
 
#* Дар идгоҳ гузоридани намози дигаре пеш ё баъд аз намози ид макрӯҳ аст.
#* Барои касоне, ки намози ид бар онҳо воҷиб нест, низ пеш аз баргузор шудани намози ид хондани намози нафл макрӯҳ аст.
#* Намози идро дар чандин масҷиди шаҳр баргузор намудан ҷоиз аст.
#* Касе, ки ба ҷамоат нарасад, наметавонад намози идро танҳо бигузорад. Ҳамчунин, агар намози намозгузоре аз аҳли ҷамоат фосид гардад, наметавонад онро қазо ба ҷой оварад, зеро намози ид қазо надорад, аммо агар чанд нафари дигаре пайдо шаванд, метавонанд бо ҳам ҷамоати дигаре барпо намоянд ва намози идро бо ҳам бигузоранд.
#* Шахсе пас аз фориғ шудани имом аз такбироти ракъати якум ба ҷамоат пайваст, агар имом дар ҳоли қиём аст, баъд аз ният кардан фавран такбиротро бигӯяд, агарчи имом машғули қироат бошад. Агар имомро дар рукӯъ дарёбад, дар сурате ки гумони ғолибаш ин бошад, ки баъд аз гуфтани такбирот метавонад дар рукӯъ ба имом бирасад, такбиротро фавран баъд аз ният бигӯяд ва ба рукӯъ равад.Вале агар ғолиби гумонаш ин бошад, ки дар сурати гуфтани такбирот наметавонад дар рукӯъ ба имом бирасад, ният карда, ба рукӯъ равад ва дар рукӯъ ба ҷои тасбеҳоти рукӯъ, такбиротро бигӯяд. Агар пеш аз тамом кардани такбирот имом аз рукӯъ баланд шавад, ӯ низ ҳамроҳи имом баланд шавад ва бақияи такбирот аз вай муъоф (соқит) аст.
* Агар касе пас аз хондани як ракъат ба ҷамоат пайваст, дар вақти ба ҷой овардани ин ракъат аввал қироат намояд ва баъд такбироти идро бигӯяд.
* Агар имом гуфтани такбиротро фаромӯш кунад ва ба рукӯъ равад, дар рукӯъ такбиротро бигӯяд ва ба қиём барнагардад. Агар баргашт ва такбиротро гуфт, низ намоз ҷоиз мешавад ва дар ҳар ду сурат, аз сабаби издиҳом саҷдаи саҳв воҷиб намешавад.