Фарқият байни намунаҳои "Вилояти Хатлон"

х
clean up, replaced: {{Ноҳияҳои Хатлон}} → {{Тақсимоти маъмурии вилояти Хатлон}} {{Тақсимоти маъмурии Тоҷикистон}} using AWB
х (clean up, replaced: {{Ноҳияҳои Хатлон}} → {{Тақсимоти маъмурии вилояти Хатлон}} {{Тақсимоти маъмурии Тоҷикистон}} using AWB)
|Примечания =
}}
'''Вилояти Хатлон''' ({{lang-fa|'''ولایت ختلان'''}}) — вилоятест дар ҷануби Ҷумҳурии [[Тоҷикистон]].
 
Марказаш шаҳри [[Қӯрғонтеппа]] аст ки 100 км ҷанубтар аз шаҳри [[Душанбе]], пойтахти Тоҷикистон, дар каронаи рӯди [[Вахш]] ҷой гирифта аст.
 
== Таърих ==
Пажӯҳиш дар китобҳо ва манобеъи мавҷуд ин натиҷаро медиҳад ки Хатлонро дар садаҳои миёна '''Хутталон''' ({{lang-fa|'''خـُتـَلان'''}}) ё '''Хуттал''' ({{lang-fa|'''خـُتَّـَل'''}}) меномиданд ва он вилояте буд ки миёни рӯдҳои [[Панҷ (рӯд)|Панҷ]] ва [[Вахш]] ҷой дошт.
 
Истахрӣ дар «Масолик вал-мамолик» Хутталро аз навоҳии Балх дониста ва шаҳрҳои онро чунин ном мебарад: '''[[Ҳаловард]]''', '''[[Леваканд|Ловаканд]]''', '''Корбанк''', '''Тамлиёт''' ва '''Ҳулбук'''. Вай ин шаҳрҳоро дар шумори [[Мовароуннаҳр]] меоварад ва мегӯяд ки «'''аз Хуттал сутур нек хезад'''» ва «'''Хуттал бар канори [[Панҷ (рӯд)|рӯди Ҷарёб]] аст'''» ва «'''замини Хуттал ободон аст бо кишоварзӣ ва меваи бисёр ва дар миёни Хатлон пуле бар рӯи об сохтаанд, ки сарҳадди [[Ноҳияи Файзобод|Вишгирд]] аст, ки аз онҷо ба ҳудуди [[Балх]] меравад то ба [[Тирмиз]] бирасад ва ин рӯд [[Вахш]]об аст, ки аз [[Туркистон]] берун ояд ва ба замини Вахш расад ва ин пул дар наздикии кӯҳе дар байни Хатлон баста шудааст'''».
 
Бино бар навиштаи «Ҳудуд ул-олам», «'''Хутталон ({{lang-fa|خـُتـَلان}}) ноҳиятест ба ҳудуди Мовароуннаҳр андар миёни кӯҳҳои бузург ва ободон ва бисёркишту бисёрмардум ва неъматҳои фарох ва подшоҳи вай аз мулуки атроф аст ва мардуми ин ноҳият мардумоне ҷангианд ва андар ҳудуди вай аз сӯи Туббат мардумонеанд ваҳшӣ. Андар биёбонҳо ва андар кӯҳҳои вай маъдани сим аст ва зар ва аз ин ноҳият аспони нек хезад бисёр'''».
 
Номи ин вилоятро Хатлон ({{lang-fa|'''خـَتلان'''}}) ва Хуталон ({{lang-fa|'''خـُتـَلان'''}}) ва ал-Хуттал ({{lang-fa|'''الختًل'''}}) низ овардаанд. Ҳаким Абулқосим [[Фирдавсӣ]] дар «[[Шоҳнома]]» овардааст:
::Зи ҳар сӯ сипоҳ андар овард гирд.
Дар роҳномаҳо ва роҳнамоҳои асрҳои миёна Хуттал ё Хатлон аз иқлими чаҳорум, тӯлаш аз ҷазоири Холидот «фо» (81 дараҷа) ва арзи он аз хатти устуво «к» (20 дараҷа) зикр шудааст. Ҳамдуллоҳ Муставфӣ дар «Неҳзат ал-қулуб» мегӯяд ки Хуттал «'''шаҳре бузург буда ва акнун (дар рӯзгори Муставфӣ) хароб аст. Ҳосилаш ғалла ва пунба ва ангур аст'''».
 
Абулфидоъ дар «Тақвим ул-булдон» Хутталро номи иқлиме аз иқлимҳои [[Хуросон]] дар ин сӯи [[Дарёи Аму|Ҷайҳун]] медонад ва кӯраи Хутталро ба билоди Мовароуннаҳр мепайвандад ва дар тавсифи он мегӯяд: «... '''ҳамаи шаҳрҳои Хутталро обу дарахт бошад ва дар сарзаминест бас хуррам ва ботароват ва ҳамаи он сарзамин ҷуз андаке дар ҳамворӣ бошад. Миёни рӯди Вахшоб ва рӯди Бадахшон аст ва рӯди Хуталро [[Панҷ (рӯд)|Харбоб ё Ҷарёб]] гӯянд. Дар Хуттал рӯдҳои бисёр аст ки чун гирд оянд оғози Ҷайҳун шаванд'''».
 
Муқаддасӣ дар «Аҳсан ат-тақосим фӣ маърифат ул-ақолим» Хутталро «'''хӯрае бузург бо шаҳрҳои бисёр'''» муаррифӣ мекунад ва мегўяд ки «'''Хутал аз [[Вилояти Сурхондарё|Чағониён]] муҳимтар ва густурдатар ва дорои шаҳрҳои бештару пурбаракаттар аст'''» ва қасабаи Хутталро ба номи Ҳулбук мехонад.
{{commons|Category:Khatlon province|Вилояти Хатлон}}
{{Шаҳрҳо ва шаҳракҳои Вилояти Хатлон}}
{{Тақсимоти маъмурии вилояти Хатлон}} {{Тақсимоти маъмурии Тоҷикистон}}
{{Ноҳияҳои Хатлон}}
{{Тоҷикистон}}
 
{{Тоҷикистон-ҷуғ-нопурра}}
 
[[Гурӯҳ:Вилоятҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Рӯихати вилоятҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Вилояти Хатлон]]
{{Тоҷикистон-ҷуғ-нопурра}}