Ноҳияи Вахш: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х clean up, replaced: {{Ноҳияҳои Хатлон}} → {{Тақсимоти маъмурии вилояти Хатлон}} {{Тақсимоти маъмурии Тоҷикистон}} using AWB
Сатри 57:
|}
 
Вахш ({{lang-fa|'''وخش'''}}) — ноҳияи маъмурӣ дар [[Вилояти Хатлон|вилояти Хатлон]] [[6 январ|6 январи]]и [[1965]] таъсис ёфта, дар [[водии Вахш]] воқеъ аст.
 
== Ҷойгоҳ ==
Вахш аз шимол бо шаҳри [[Сарбанд]], аз шарқ бо [[Ноҳияи Данғара]] ва [[Ноҳияи Фархор|Фархор]], аз ҷануб бо ноҳияи [[Ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ|Ҷалолиддини Румӣ]], ва аз ғарб бо [[Ноҳияи Бохтар|Бохтар]] ҳамсарҳад мебошад. Аз маркази ноҳия то шаҳри Душанбе 115 км, то маркази вилоят - шаҳри Қӯрғонтеппа 15 км. Масоҳаташ – 965,1 ҳазор км² аст.
Ҳудуди ноҳия асосан ҳамвор буда, аз сатҳи баҳр 400 – 500 м баланд аст. Дар қисми шарқиаш баландиҳо воқеъ буда, тадриҷан ба қаторкӯҳи Тераклӣ мегузаранд. Дар Вахш бештар хоки хокистарранг, дар қисми ҷанубу ғарбиаш шӯрхок дида мешавад. Рустаниҳояш нимдаштӣ (ғешаю ҷорӯбак) аст.
Аз ҳайвоноти ваҳшӣ гург, шағол, рӯбоҳ, аз хазандаҳо мор, сангпушт, аз парандаҳо гунҷишк, парасту, кабк, бедона ва ғайра вомехӯранд. Аз ҳудуди ноҳия дарёи Вахш мегузарад. Сарватҳои зеризаминиаш – масолеҳи бинокорӣ (гил, рег, шағал).
 
== Иқлим ==
Сатри 68:
== Мардум ==
Мардуми Вахш ба забонҳои [[забони тоҷикӣ|тоҷикӣ]] ва [[забони узбакӣ|узбакӣ]] сухан мегӯянд. Аҳолӣ – 181,7 ҳазор нафар (2016). Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км<sup>2</sup> – 181,7 нафар.<ref>[http://www.stat.tj/ru/img/65a709121baf8a64bf15d33f398aafde_1435736807.pdf Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2016 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.]</ref>.
 
== Бахшбандӣ ==
Вахш 2 ҷамоати шаҳрак (Вахш, Киров) ва 5 ҷамоати деҳот дорад. Маркази ноҳия – [[Вахш (шаҳрак)|шаҳраки Вахш ]] аст.
 
{| class="wikitable" width= "50%"
|-
| colspan="12" style="text-align:center; background:#ffdead;"| Ҷамоатҳои ноҳияи Вахш <ref>Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — с.103-104 </ref>
|-
! width=30% |Ҷамоатҳо
Сатри 102:
=== Кишоварзӣ ===
Заминҳо ба воситаи наҳри магистралии Вахш, ки аз он ҷӯю наҳрҳои дигар ибтидо мегиранд, обёрӣ мешаванд. Барои обшӯи заминҳо як қатор пойгоҳҳои насосӣ кор мекунанд, чоҳу заҳбурҳо канда шудаанд.
Ноҳия яке аз минтақаҳои кишоварзию саноатии ҷумҳурӣ аст. Соҳаҳои асосии хоҷагиаш пахтакорӣ, махсусан, пахтаи навъи маҳиннах буда, боғдорӣ, чорводорӣ ва пилапарварӣ ҳам ривоҷ ёфтааст. Соли 2013 дар ВАХШ 4 хоҷагии давлатӣ ва 5200 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) мавҷуд буданд. Майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 155270 га, аз ҷумла, заминҳои обӣ 22349 га, заминҳои корам 16696 га, пахтазор 9500 га, майдони боғ 842 га, тутзор 80 га, зироатҳои ситрусӣ ва субтропикӣ 45 га, токзор 409 га, чарогоҳ 197411 га. Аз зироати ғалладона гандум, ҷав, шолӣ ва ҷуворӣ мекоранд. Обу ҳавои вахш барои боғу токдорӣ ва зироати ситрусӣ – лиму мувофиқ аст. Дар ноҳия (2012) 6 ҳа­зор т гӯшт, 18,2 ҳазор т шир, 2 млн дона тухм, 24 ҳазор т пахта, 16 т пила, 17 ҳазор т картошка, 2,8 т меваҷот, 51,9 ҳазор т сабзавот истеҳсол шудааст. Соҳаи дигари муҳимми хоҷа­гии ноҳия – чорводорӣ. Сар­шумори чорво дар ҳамаи бахшҳо (01.01.2013, ба ҳисоби сар): гов 35320, модагов 18159, гӯсфанду буз 115257, парандаҳо 87544.
 
=== Саноат ===
Сатри 110:
=== Маориф ===
Соли хониши 2011/2012 дар ноҳия 82 мактаб, аз ҷумла, 40 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 15 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, омӯзишгоҳи касбӣ–техникӣ, литсей, мактаб-интернат, 8 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, 1506 омӯзгор машғули тадрису таълим буданд.
 
== Ниҳодҳои фарҳангӣ ==
Сатри 117:
 
=== Ёдгориҳои таърихӣ ===
Ёдгориҳои таърихии Вахш: [[Аҷинатеппа]], [[Чоргултеппа]], Қизлартеппа, Эшонтеппа, [[Шаҳраки Куҳна]], [[Шаҳраки Кофиртеппа]], [[Теппаи Ҳазрати Баракат]].
 
=== Рузномаҳо ===
Рӯзномаи ноҳиявӣ «Вахш» нашр мешавад. <ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. БОЗ-ВИЧКУТ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2014, - с. / А. Зафаров</ref>
 
== Беҳдошту беҳзистӣ ==
Сатри 137:
* Шиносномаи ноҳияи Вахш. Вахш, 2012.
 
{{Тақсимоти маъмурии вилояти Хатлон}} {{Тақсимоти маъмурии Тоҷикистон}}
{{Ноҳияҳои Хатлон}}
 
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Тоҷикистон]]