Таровеҳ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Ислом}} '''Таровеҳ''' ({{lang-ar|تراويح}} — ''нишасти кӯтоҳ, истироҳат ё роҳат'') — аз суннатҳои муакка...
 
No edit summary
Сатри 1:
{{Ислом}}
'''Таровеҳ''' ({{lang-ar|تراويح}} — ''нишасти кӯтоҳ, истироҳат ё роҳат'') — аз [[суннатҳои муаккада]], вақти он пеш аз намози[[намоз]]<nowiki/>и [[витр]] ё баъд аз он, аз бист ракъат иборат буда, ҳар ду ракъати он бо як салом адо мешавад ва [[мустаҳаб]] аст баъд аз адои ҳар чаҳор ракъат миқдоре бинишинад.
 
== Таърихчаи пайдоиши намози таровеҳ ==
Дар ривоятҳо омадааст, ки расули Худо (с) мардумро ба қиёми шабҳои моҳи Рамазон бо баёни аҷру савоби он ҳавасманд мегардонд, вале онҳоро ба таври ҳатмӣ ва муаккад ба он амр намекард. Аз ҷумла, он Ҳазрат (с) мегуфт: '''''«Касе шабҳои моҳи Рамазонро аз рӯи имон ва ба умеди аҷру савоб барпо дорад, тамоми гуноҳони (хурди) гузаштааш бахшида мешаванд»'''''<ref>Саҳеҳи Бухорӣ, 37, 2008, 2009.</ref>. Расули Худо (с) аз дунё гузашт ва кор ба ҳамин сурат боқӣ монд. Дар замони хилофати ҳазрати Абӯбакр (р) ва ибтидои даврони Умар (р) низ ҳамин ҳолат ҳифз гардид<ref>Саҳеҳи Бухорӣ, 2009. Саҳеҳи Муслим, 1777 (759)-174. Сунани Абӯдовуд, 1371. Сунани Тирмизӣ, 808. Сунани Насоӣ, 2103, 2197.</ref>.
 
Оиша (р) мефармояд: «Расули Худо (с) шабе (дар моҳи Рамазон) нимашаб ба масҷид рафт ва дар он ҷо намоз гузорид. Мардуме, ки дар он ҷо буданд, ба вай иқтидо намуда, намоз гузориданд. Вақте субҳ шуд, онҳо дар бораи намози шабашон ба мардум хабар доданд. Шаби дигар одами бештаре ҷамъ шуда ва ҳамроҳи он Ҳазрат (с) намоз гузоштанд. Боз субҳ хабар ба мардуми бештаре расид ва дар шаби сеюм аҳли масҷид зиёд гардиданд. расули Худо (с) ин шаб низ ба масҷид рафт ва мардум ҳамроҳаш намоз гузоштанд.
 
Шаби чорум масҷид дигар намозгузоронро набурд, (вале расули Худо (с) он шаб ба наздашон набаромад, балки саҳар) барои намози субҳ баромад. Пас аз адои намози бомдод… ба мардум гуфт: '''''Ҳузури шумо бароям пӯшида набуд, вале хавф бурдам, ки ин намоз низ бар шумо фарз гардад ва аз адои он оҷиз гардед»'''''. Расули Худо (с) вафот кард ва кор бар ҳамин буд<ref>Саҳеҳи Бухорӣ, 729, 924, 1129, 2011, 2012, 5861. Саҳеҳи Мусим, 1780 (761)-177, 1781 (761)-178. Сунани Абӯдовуд, 1373.</ref>.
 
Чӣ тавре мебинем, расули Худо (с) дар моҳи Рамазон танҳо се шаб намозро дар масҷид бо ҷамоат барпо доштааст ва ба ин андеша, ки мабодо намози шаб дар моҳи Рамазон бар умматаш фарз гардад ва онҳо аз анҷоми он оҷиз оянд, дигар онро ҳамроҳи мардум нагузоштааст.
 
Бар асоси ривоятҳои дигар расули Худо (с) танҳо дар се шаби тоқи даҳаи охири моҳи Рамазон намози таровеҳро дар масҷид бо ҷамоат барпо доштааст. Нӯъмон ибни Башир аз болои минбари шаҳри Ҳумс фармуд: '''''«Шаби бисту сеюми моҳи Рамазон ҳамроҳи Расули Худо (с) то як ҳиссаи шаб ба намоз истодем, дар шаби бисту панҷум то нимаи шаб ва дар шаби бистуҳафтум то ҷое ба намоз истодем, ки хавф бурдем саҳарихӯрӣ моро фавт мегардад»'''''<ref>Мусаннафи Ибни Абӯшшайба. – Ҷ. 2. – С. 286</ref>.
 
Дар ривояти Ҷубайр ибни Нуфайр аз Абӯзар низ ҳамин маъно бо дигар лафз таъкид гардидааст ва танҳо ин илова дар он омадааст, ки: '''''«Дар шаби бистуҳафтум он Ҳазрат (с) аҳли хонавода ва ҳамсаронашро низ ҷамъ намуд. Шаби бистучаҳорум ва бистушашум ҳамроҳи мо таровеҳро нахонд. Пас аз бистуҳафтум низ таровеҳро ҳамроҳи мо барпо надошт»'''''<ref>Сунани Абӯдовуд, 1375. Сунани Тирмизӣ, 806. Сунани Насоӣ, 1364. Сунани Ибни Моҷа, 1327.</ref>.
 
Мардум дигар намози таровеҳро ё дар хонаҳояшон ва ё ба таври танҳогузор ва низ дар ҷамоатҳои пароканда дар гӯшаҳои масҷид мехонданд. Ин ҳолат дар замони хилофати ҳазрати Абӯбакр (р) ва ибтидои хилофати ҳазрати Умар (р) низ идома ёфт. Пас аз он ҳазрати Умар (р) мардумеро, ки дар гӯшаҳои масҷид танҳо-танҳо ва ё дар ҷамоатҳои пароканда намози таровеҳ мегузоштанд, ба як имом ҷамъ сохт. Аз он таърих ба баъд намози таровеҳ ва ҳамчунин намози витр дар моҳи Рамазон бо ҷамоат барпо дошта мешаванд.
Сатри 24:
Асли намози таровеҳ ба ҳамон сурате ки зикр шуд, аз расули Худо (с) собит шудааст, вале дар бораи адади ракъатҳои он, дар он шабҳое, ки бо мардум гузорид, аз он ҳазрат (с) ривояте собит нагаштааст. Вале аз саҳобагон, ба хусус аз намози таровеҳе, ки Умар (р) бо имоматии Убай ибни Каъб (р) баргузор намуд ва ҳамчунин аз тобеин осор ва ривоятҳои гуногуне ворид шудааст, ки аксаран бист ракъат будани адади ракъатҳои онро мавриди таъйид қарор медиҳанд. Пешвоёни мазҳабҳои чаҳоргонаи аҳли суннат: имом Абӯҳанифа (рҳ), имом Шофеъӣ (рҳ), имом Аҳмад (рҳ) ва дар қавле аз имом Молик (рҳ) низ бо такя бар ҳамин осор ва ривоятҳо бист ракъат гузоридани онро тарҷеҳ додаанд. Аммо бар асоси зоҳири ривоят дар мазҳаби имом Молик (рҳ) он сию шаш ракъат аст.
 
Имом Молик (рҳ) дар Муваттаъ аз Язид ибни Румон ривоят мекунад, ки: ''«Мардум дар замони Умар ибни Хаттоб (р) қиёми шабро бисту се ракъат ба ҷо меоварданд»''<ref>Муваттаи имом Молик, 252. – Ҷ. 1. – С. 115.</ref>. Вай дар ин ҷо се ракъати витрро низ дар назар доштааст.
 
Аз Соиб ибни Язид низ ривоят шудааст, ки: ''«Дар замони Умар ибни Хаттоб мардум дар моҳи Рамазон (намози шабро) бист ракъат мегузориданд»''<ref>Сунани Куброи Байҳақӣ, 4393. – Ҷ. 2. – С. 496. Нававӣ дар «Хулоса» исноди онро саҳеҳ гуфтааст.</ref>. Байҳақӣ низ дар ал-Маърифа аз Соиб ибни Язид ривоят карда: ''«Дар замони Умар ибни Хаттоб (р) бо бист ракъат ва намози витр қиём мекардем»''<ref> Фатҳу-л-қадир. – Ҷ. 1. – С. 485; Маърифату-с-сунани ва-л-осор, 5409. – Ҷ. 4. – С. 42. – Қоҳира: Дорулвафо ли-т-тибоати ва-н-нашр, 1991.</ref>.
 
Дар Саҳеҳи Бухорӣ аз Оиша (р) ривоят шудааст, ки: '''''«Расули Худо (с) на дар моҳи Рамазон ва на дар ғайри он аз ёздаҳ ракъат зиёд намегузорид. Аввал чор ракъат мегузорид, ки аз ҳусну зебоӣ ва дарозии онҳо напурс, боз чор ракъати дигар мегузорид, ки аз ҳусну зебоӣ ва дарозии онҳо напурс. Сипас се ракъат мегузорид…»'''''<ref>Саҳеҳи Бухорӣ, 1147, 2013, 3569. </ref>. Манзур аз ёздаҳ ракъат ҳашт ракъат намози қиёми шаб ва се ракъат витр мебошад.
 
Аммо бузургони мазҳаби ҳанафӣ ва аксари аҳли илм ин ҳадисро ба қиёми шаби ҳамешагии он Ҳазрат (с), ҳам дар моҳи Рамазон ва ҳам дар ғайри он, марбут донистаанд, вале бо истинод ба аҳодиси қавлии воридшуда дар бораи қиёми шаб ва амалкарди саҳобаи киром дар моҳи Рамазон ҳаср ва маҳдудияте дар адади ракъатҳои қиёми моҳи Рамазон ва он намозе, ки бо номи таровеҳ шинохта мешавад, ба он сурате ки дар ҳадиси боло зикр шудааст, надидаанд. Зеро агар аз ин ҳадис ҳасри ракъатҳои қиёми моҳи Рамазон ва намози таровеҳ низ бардошт мешуд ва адади ракъатҳои он бо феъли он Ҳазрат (с), ҳамон гуна ки дар ҳадиси фавқ омадааст, собит мешуд, ҳеҷ гоҳ саҳобагони киром бар хилофи он амал ва иттифоқ намекарданд.
Сатри 55:
Соҳиби Фатҳ – Ибни Ҳумом бар хилофи дигар машоихи мазҳаб дар қиёми моҳи Рамазон ҳашт ракъати онро ҳамроҳи се ракъати витр бо ҷамоат суннат ва тамоми бист ракъатро мустаҳаб медонад<ref>Фатҳулқадир. Ҷ. 1. – С. 486; ал-Мавсӯату-л-фиқҳияту-л-кувайтия. Ҷ. 27. – С. 142-143.</ref>.
 
Пас набояд бо номи пойбандӣ ба суннати расули акрам (с) ба ин суннати роиҷи исломӣ – бист ракъат будани намози таровеҳ, ки асли он аз сираи амалии расули Худо (с) сарчашма гирифта ва аз аҳди хулафои рошид дар миёни уммат маъмул аст, мухолифат намуд ва онро бо ривоятҳои саҳеҳи исломӣ мухолиф донист, ҳарчанд дар мазҳаби аҳли ҳадис ва бузургоне чун имом Бухорӣ (рҳ) ҳашт ракъат ва дар мазҳаби имом Молик (рҳ) бештар аз бист ракъат гузоридани намози таровеҳ ҷоиз аст. Ин кор – мухолифат бо бист ракъат будани намози таровеҳ ба таври дигаре ба муғолатаҳои Ҳиллӣ – донишманди шиа монанд аст, он ҷо ки дар китоби «Минҳоҷулкарома» дар ин бора мегӯяд: ''«Ӯ (Умар) бидъати намози таровеҳро эҷод намуд, дар ҳоле ки Паёмбар (с) фармуда: Эй мардум, гузоридани намози нофила дар шабҳои моҳи Рамазон бидъат аст. Огоҳ бошед ва дар ҳеҷ шабе аз шабҳои моҳи Рамазон иҷтимоъ накунед ва намози чошт (ҳам) нахонед!»''<ref>Абдулазизи Нӯъмонӣ, Таҳқиқе перомуни намози таровеҳ. – С. 16.</ref>.
 
== Хатми Қуръон дар намози таровеҳ ==
Дар бораи хатми Қуръони карим дар намози таровеҳ дар байни мактабҳои фиқҳӣ ду нуқтаи назар вуҷуд дорад. Имом Молик (рҳ) онро суннат намедонад. Дар назди ҷумҳури бузургони ҳанафӣ намози таровеҳ суннати муаккада, бо ҷамоат гузоридани он суннати кифоя ва як бор хатм кардани Қуръони карим дар моҳи Рамазон дар намози таровеҳ низ суннати ғайри муаккада мебошад, то мардум лоақал дар соле як бор дар моҳи Рамазон тамоми Қуръонро бишунаванд. Имом набояд аз рӯи танбалии қавм хатми Қуръонро тарк намояд.
 
Аммо миқдори оятҳое, ки дар ҳар ракъати намози таровеҳ хонда мешаванд, ба адади муайяне маҳдуд гардонида нашудааст, балки он ба ҳоли намозгузорон бастагӣ дорад. Агар имом дар ҳар ракъат даҳ-ёздаҳ оят бихонад, Қуръонро дар зарфи як моҳи Рамазон ва ё чанд рӯз камтар аз он хатм менамоянд. Дар китоби «Мудаввана» омадааст: ''Умар ибни Абдулазиз қориҳоро амр кард, ки намози таровеҳро барпо доранд ва дар ҳар ракъати он даҳ оятӣ бихонанд»''<ref>Молик ибни Анаси Асбаҳӣ, Мудавванаи Кубро. – Ҷ. 1. – С. 287. Бейрут: Дору Содир. Минбаъд: Мудаввана; Зафараҳмад Усмонии Таҳонавӣ, Эълоуссунан. – Ҷ. 3, бахши ҳафтум. – С. 80. Бейрут: Дору-л-кутуби-л-илмия, 1997. Минбаъд: Эълоуссунан.</ref>. Имом Ҳасан ибни Зиёд аз Абӯҳанифа (рҳ) низ хондани даҳ оятро дар ҳар ракъати намози таровеҳ ривоят кардааст<ref>Алоуддин Абӯбакр ибни Масъуди Косонӣ, Бадоеъуссаноеъ фӣ тартибишшароеъ. – Ҷ. 1. – С. 645. Бейрут: Дору эҳёи аттуросил арабӣ, 1997. Минбаъд: Бадоеъуссаноеъ. Эълоуссунан. – Ҷ. 3, бахши ҳафтум. – С. 80</ref>.
 
Адади ракъатҳои намози таровеҳ дар тамоми моҳи Рамазон бинобар бисту нӯҳ ва ё сӣ будани он шашсад ва ё панҷсаду ҳаштод ракъат мебошад. Вақте дар ҳар ракъат даҳ-ёздаҳ оятӣ бихонанд, ба адади оятҳои Қуръон, ки аз шаш ҳазору дусаду чанд (6236) оят иборат аст, баробар мешавад.