Таровеҳ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 2:
'''Таровеҳ''' ({{lang-ar|تراويح}} — ''нишасти кӯтоҳ, истироҳат ё роҳат'') — аз [[суннатҳои муаккада]], вақти он пеш аз [[намоз]]<nowiki/>и [[витр]] ё баъд аз он, аз бист ракъат иборат буда, ҳар ду ракъати он бо як салом адо мешавад ва [[мустаҳаб]] аст баъд аз адои ҳар чаҳор ракъат миқдоре бинишинад.
 
== Таърихчаи пайдоишиТаърихи намози таровеҳ ==
Дар ривоятҳо омадааст, ки расули Худо (с) мардумро ба қиёми шабҳои моҳи Рамазон бо баёни аҷру савоби он ҳавасманд мегардонд, вале онҳоро ба таври ҳатмӣ ва муаккад ба он амр намекард. Аз ҷумла, он Ҳазрат (с) мегуфт: '''''«Касе шабҳои моҳи Рамазонро аз рӯи имон ва ба умеди аҷру савоб барпо дорад, тамоми гуноҳони (хурди) гузаштааш бахшида мешаванд»'''''<ref>Саҳеҳи Бухорӣ, 37, 2008, 2009.</ref>. Расули Худо (с) аз дунё гузашт ва кор ба ҳамин сурат боқӣ монд. Дар замони хилофати ҳазрати Абӯбакр (р) ва ибтидои даврони Умар (р) низ ҳамин ҳолат ҳифз гардид<ref>Саҳеҳи Бухорӣ, 2009. Саҳеҳи Муслим, 1777 (759)-174. Сунани Абӯдовуд, 1371. Сунани Тирмизӣ, 808. Сунани Насоӣ, 2103, 2197.</ref>.