Отахон Латифӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 34:
Отахон Латифӣ бар асари воқеаҳои [[Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон]] иҷборан тарки Ватан карда то соли [[1997]] чанд муддат дар [[Федератсияи Русия]] ва [[Ҷумҳурии Исломии Эрон]] кору зиндагӣ кардааст. Вай раҳбари Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократӣ дар кишварҳои [[Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ]] буд.
 
Отахон Латифӣ яке аз ташаббускорони оғози музокироти Сулҳи байни тоҷикон буда дар барқарории сулҳу оштии миллӣ дар Тоҷикистон хизматҳои бебаҳо кардааст. Пас аз ба имзо расидани Созишномаи сулҳ, ки ин рӯйдод [[27 июн]]и соли [[1997]] ба вуқӯъ пайваст, Отахони Латифӣ ба Душанбе баргашт аз моҳи сентябри соли 1997 то дами марг ба ҳайси раиси зеркумиссиюни ҳуқуқии Комисияи оштии миллии (КОМ) Тоҷикистон ба кор пардохт. О.Латифӣ раисии зеркомиссияи КОМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқиро ба ӯҳда дошт. Субҳи [[22 сентябр]]и соли [[1998]] Отахон Латифӣ дар маркази шаҳри Душанбе, дар наздикии қароргоҳи КОМ кушта мешавад. 26 январи соли [[1999]] ВКД Тоҷикистон изҳор кард, ки яке аз қотилони Латифӣ Равшан Ғафуров ҳангоми фирор аз боздоштгоҳ паронда шуд. 7 июни соли [[2000]] бошад, Суди Олӣ Абдулло Турсуновро, ки бевосита Латифиро ҳадафи тир қарор дода буд, 17 сол аз озодӣ маҳрум кард, ҷинояткори дигари ин куштор Нозим Воҳидов ҳангоми боздошт шудан безарар гардонида мешавад.<ref>[http://www.faraj.tj/index.php?newsid=366]</ref> Қотилони Латифӣ дар филми мустанади ВКД-и Тоҷикистон 8 августи соли 2017 фош карда шудаанд, ки агентии Азия Плюс пешкаш намудааст.<ref>[https://news.tj/ru/news/tajikistan/security/20170809/vlasti-tadzhikistana-obvinili-iran-v-finansirovanii-gromkih-ubiistv Власти Таджикистана обвинили Иран в финансировании громких убийств]</ref>
 
== Мукофоту ҷоизаҳо ==