Пайдоиши ҳаёт: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Dexbot (баҳс | ҳисса)
х Removing Link GA template (handled by wikidata) - The interwiki article is not good
No edit summary
Сатри 1:
'''Пайдоиши ҳаёт''', ё '''абиогенез''' (аз [[Юнони Қадим|юнонӣ]] а…, bios – ҳаёт ва genesis – пайдоиш) — назарияи ба вуҷуд омадани мавҷудоти зинда аз моддаҳои табиаташон ғайриорганикӣ.
'''Пайдоиши ҳаёт''' — яке аз масъалаҳои мубрами [[биология]] мебошад, ки ҳалли он то ҳол даст надодааст.
 
== Таърихи инкишофи идеяҳо дар бораи пайдоиши ҳаёт ==
То миёнаҳои асри 19 гумон мерафт, ки мавҷудоти зинда худ аз худ аз маводи ғайриорганикӣ тавлид меёбанд, масалан, гӯё мушу калламушҳо аз партов, қурбоққаҳо аз лойқаю обсабзҳо, кирм аз гӯшти пӯсида пайдо мешаванд. Вале олими италиявӣ Ф. Реди соли [[1668]] исбот намуд, ки кирминаҳои пашша дар гӯшти пӯсида фақат дар натиҷаи ба гӯшт тухм гузоштани худи пашшаҳо ба вуҷуд меоянд. Дар асри 18 олими италиявӣ Л. Спаллансани муқаррар кард, ки дар пиёбаи ҷӯшонида микроорганизмҳо инкишоф намеёбанд. Таҷрибаҳои олими франсавӣ Л. Пастер низ беасосии ақидаҳои болоро собит намуданд. Соли 1871 олими немис Р. Вирхов дар асоси таълимот оид ба назарияи ҳуҷайра қайд кард, ки ҳуҷайраҳои зинда аз ҳуҷайраҳои зиндаи пешина пайдо мешаванд. Феълан дар рӯи Замин пайдоиши ҳаёт аз маводи ғайриорганикӣ ба мушоҳида нарасад ҳам, аз эҳтимол дур нест, ки миллиардҳо сол қабл аз ин пайдо шуда бошад. Маъмултарин назарияи Абиогенезро олими шӯравӣ А. И. Опарин пешниҳод намудааст. Ӯ соли 1924 бо номи «Пайдоиши ҳаёт» мақолае ба табъ расонда, тасаввуротеро ба миён овард, ки дар маҳлулҳои пайвастҳои калонмолекула метавонанд худ аз худ қитъаҳои консентратсияи зиёд ҳосил шаванд. Онҳо аз муҳити берунӣ нисбатан дур ҷойгир буда, метавонанд бо он тамос дошта бошанд. Опарин онҳоро қатраҳои коасерватӣ ё коасерватҳо номид.
 
== Назарияҳои пайдоиши ҳаёт ==
Назарияҳои машҳуртарини пайдоиши [[ҳаёт]] дар [[саёраи Замин|Замин]] инҳо мебошанд: