Водии Зарафшон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х иловаҳо
Сатри 1:
'''Водии Зарафшон''' - Минтақаи води дар байни [[қаторкӯҳи Зарафшон]] ва [[каторкӯҳи Туркистон]] ҷойгир шудааст. Қисми [[шимол]]ии [[қаторкӯҳи Ҳисор]] ҳам дар минтақаи водӣ дохил мешавад. Ёдгориҳои [[фарҳанг]]ӣ-таърихии шаҳрҳои [[Самарқанд]], [[Бухоро]], [[Панҷакент]], шаҳракадаи [[Саразм]], Оромгоҳи Муҳаммад Башоро (деҳаи Мазори Шариф), Оромгоҳи [[Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ]] (деҳаи Панҷрӯд), Ҳафткӯл, кӯлҳои Аловуддин, базаи туристии «Артуч», кӯҳҳои Фон, [[Искандаркӯл]], [[Айнӣ]], ҳунарҳо ва эҷодиёти мардумии сокинони деҳаҳои Яғноб ва Масчоҳи Кӯҳӣ - ро фаро мегиранд.<ref>Қодиров Ф.С. Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ - таърихӣ ва табии. - Душанбе, 2012, с. 31.</ref>
== Таърих ==
 
Дар даврони пешин [[дарёи Зарафшон]] аз куҳҳои [[қаторкӯҳи Зарафшон|Мастчоҳи куҳна, Яғноб, Фон, Анзоб]] ва ғ. сарчашма гирифта, то поёноби он — [[Бухоро|Бухорои шариф]] рафта мерасид. Дар бораи водии Зарафшон дар китоби «Дастур оиди Панҷакенти қадим»-и Исроил Исмоилов (Душанбе, «Адиб», с.1994) омадааст:
{{аввали иқтибос}}«Водии Зарафшон аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ба се қисми муайян тақсим мешавад: 1) Маҷрои боло –аз саргаҳҳои рӯд то Панҷакент, 2) маҷрои миёна ё ҳамвории Самарқанд- аз Панҷакент то Кармина, 3) поёноби Зарафшон – ваҳои Бухоро. Мувофиқи маълумоти ҷуғрофиёшиносони арабзабон, дар масоҳати маҷрои миёнаи Зарафшон 14 рустои Суғд буд, ки 8-тои онҳо дар қисми ҷануби Зарафшон, 6-тои дигар дар шимоли он мавқеъ дошт. Дар қисми ҷануб аз ҷониби шарқ нахустин русто Панҷакент буд».{{охири иқтибос|сарчашма=Исроил Исмоилов.Дастур оиди Панҷакенти қадим. Душанбе:«Адиб», 1994}}<ref name=":0">{{книга
|автор = Исроил Исмоилов
|заглавие = Дастур оиди Панҷакенти қадим
|ссылка =
|ответственный =
|место = Душанбе
|издательство = «Адиб»
|год = 1994
|том =
|страниц =
|страницы =
|isbn =
}}</ref>.
Инчунин дар сарчашмаи дар боло зикршуда омадааст: {{аввали иқтибос}}«…Дар асри шаш мавзеъҳои Зарафшони боло, Моғиён (моҳтобӣ), Парғар (замини куҳӣ), (Фалғари имрӯза), Киштут (Киштути имрӯза), Мартушкат ([[Мастчоҳ]]и имрӯза), дохил мешуд. Ҳамчунин деҳаҳои [[Мадм]], Зеровдавк (Зерободи ҳозира), Эскотар ( Искандари муосир), Химканд, Варз (Варзи манори имрӯза), Курут (Курути имрӯза), Фатмиф, ([[Фатмев]] и ҳозира), Поҳут ([[Похут]] и ҳозира), Дараи Яғноб низ ба ҳайати [[Панҷакент]] шомил буданд.»{{охири иқтибос|сарчашма=Исроил Исмоилов.Дастур оиди Панҷакенти қадим. Душанбе:«Адиб», 1994}}<ref name=":0" />.
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}