Абумуслимнома: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''«Абумуслимнома»''' — яке аз нахустин асарҳои насри омиёнаи форсӣ-тоҷикист. Аз нигоҳи н...
 
No edit summary
Сатри 1:
'''«Абумуслимнома»''' — яке аз нахустин [[Асрҳо|асарҳои насри]] [[омиёнаНаср|насри]]и омиёнаи [[форсӣ]]-[[Тоҷикӣ|тоҷикист]]. Аз нигоҳи навъи адабӣ (жанр) ин асар достони размию таърихӣ буда, падидаҳову рӯйдодҳои ҳам воқеиву ҳам хаёлиро фаро гирифтааст.
 
== Таърих ==
Қаҳрамони марказии достон шахси таърихӣ, пешвои шӯриши зидди [[Хилофат]]и [[Умавиён]] [[Абумуслими ХуросониХуросонӣ|Абумуслими Хуросонист]]ст. Дар миёнаи асри 8 дар сарзаминҳое, ки мардуми [[эронинажод]], аз ҷумла [[тоҷикон]], маскун буданд, норозигии мардум аз [[Хилофат]]и [[араб]] бар авҷи хеш расид. Намояндагони хонадонҳои Аббосиёну Алавиён аз ин ҳол баҳра ҷуста, алайҳи Умавиён бархостанд. Дар ин нукта ҳадафҳои давлатхоҳии Аббосиёну Алавиён бо ормонҳои озодихоҳонаи мардуми эронинажод мувофиқ омаданд. Аббосиён, ки худ бештар ба нерӯҳои зиддиумавии эрониён такя доштанд, Абумуслими Хуросониро ба пешвоии ин шӯриш бардоштанд. Соли 747 Абумуслим парчами сиёҳи Аббосиёнро барафрошт ва шӯриши озодихоҳиву зиддиумавии мардуми Хуросон, Мовароуннаҳр ва Эронро сарварӣ кард. Соли 750 Абумуслим нерӯҳои Умавиёнро шикаст дод ва халифа Марвони Ҳиморро кушт. Бо ҳамин хилофат ба дасти Аббосиён гузашт. Пас аз ин пирӯзӣ Аббосиён Абумуслимро амири Хуросон таъйин карданд. Аммо Абумуслим, ки худ марди сарбаланду бошараф буд, бо хулафои Аббосӣ муносибати мағруронае дошт. Аз ин рӯ Аббосиён аз ӯ хавф доштанд. Халифаи дуюми Аббосӣ Абуҷаъфари Мансур дар пайи нобудии Абумуслим афтод. ӯ борҳо Абумуслимро назди худ хонд, аммо Абумуслим гӯш ба сухани ӯ намедод. Саранҷом соли 755 Абумуслим ба пойтахти Мансур омад. Абумансур ӯро дар кӯшки худ бурд ва хоинона бикушт.
 
== Шаклҳои пайдоиши «Абумуслимнома» ==