Абумуслими Хуросонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up, replaced: |вазифа → | навъи фаъолият , == Манбаъ == → == Сарчашма == using AWB
х муттаҳид намудани мақолаҳои ҳаммазмун
Сатри 4:
|аввалдавр = 750
|охирдавр = 755
|пешгухаштапешгузашта = Наср ибн Сайёр
|ҷонишин =
|лақаб = Абумуслим
|падар = Муслим
|нуфуз = [[Шӯриши сафедҷомагон]]
}}
'''Абумуслим''' ({{lang-ar|ابومسلم}}, ''АбумслимАбумуслим Абдурраҳмон ибни Муслими Хуросонӣ''; 718—755) — сарвари ошӯби зидди [[Умавиён]] дар [[Хуросон]] ва [[Ироқ]], волии Хуросон (750–755). Дар маъхазҳои дигар (719 ё [[723]], тахм. Бушанҷи [[Ҳирот]] ё [[Исфаҳон]] – [[755]], [[Мадоин]]) (ниг.ЭМТ, ҷ.1)
 
== ЗиндагиномаНом ва куния ==
Ном ва кунияи Абумуслими Хуросонӣ аввал Абуисҳоқ Иброҳим ибни Ҳайкон (ё Бухтагон) буда, сипас номашро ба Абдурраҳмон ибни Муслим ва кунияашро ба Абумуслими Хуросонӣ иваз намуд. Мутобиқи ҳаккокии сиккаҳои давраш номи расмиаш «Абдурраҳмон ибни Муслим» будааст. Абумуслими Хуросонӣ эрониюласл ва аз маволиёни Хуросон будааст. ӯ аввал ғуломи фарде ба номи Абумусои Сарроҷ буд ва баъди аз [[Исфаҳон]] ба [[Куфа]] рафтани соҳибаш ҳамроҳи ӯ он ҷо рафт.
Абумуслими Хуросонӣ зодаи [[Марв]] ё [[Нишопур]] буд. Вай яке аз муборизони фаъоли зидди сулолаи [[Уммавиён]] мегардад. Абумуслим аз Иброҳим писари Алии Мухаммади Аббос дастури роҳбарии [[Хуросон]]ро гирифта, ба [[Марв]] меояд ва бар зидди [[Уммавиён]] ба мубориза медарояд.
Абумуслими Хуросонӣ на танҳо як фарди низомӣ, сипоҳсолори варзида, балки шахси фарҳангдӯст ва аз илму адаб хуб огоҳе будааст. Забони арабию форсиро батакмил медонистааст ва ҳатто ба ин ҳарду забон ҳам шеър эҷод карда будааст. Таърихнигорон ӯро амири ғамхор ва ободгари Хуросон тавсиф кардаанд. Чунончи эъмори масҷиди ҷомеи Нишопур, масҷиду бозоре дар Марв ва девору бурҷҳои гирдогирди Самарқандро ба ӯ нисбат медиҳанд. Ба таъйиди В. В. Бартолд мардуми Самарқанд таъсисоти оби шаҳрашонро ба номи Абумуслими Хуросонӣ марбут медонанд ва ҳанӯз ҳам яке аз наҳрҳои бузурги он ҷоро «Коми Абумуслим» меноманд. Мардуми Хуросон Абумуслими Хуросониро то ҳаде азизу мӯътабар донистаанд, ки ӯро бар достонҳои ҳамосӣ, мазҳабӣ, қиссаҳо ва мадҳияву марсияҳо васф кардаанд, ки яке аз машҳуртаринашон [[«Абумуслимнома»]] аст.
Азбаски ранги сиёҳ нишони беадолатӣ ва бешафқатии Уммавиён маҳсуб мешуд, Абумуслим парчами худро сиёҳ ва гурзро бошад, нимсиёҳ мекунад.
Неҳзати Абумуслим аз ҷониби ҳама табақаҳои иҷтимоии ҷомеа, ҳатто аз ҷониби арабҳо низ дастгирӣ меёбад. Соли 749 пайравони Абумуслим қисматҳои ғарбии [[Хилофати Араб]]ро забт карда, соли 750 пойтахти хилофат шаҳри [[Димишқ]]ро ишғол менамоянд, халифаи Уммавиён сарнагун карда шуда, намояндаи хонадони [[Аббосиён]] Абу-л-Аббос ас-Саффоҳ (750-754) ба тахти хилофат менишинад.
Абумуслим амири Хуросон таъин мешавад. Ӯ мардуми [[Хуросон]] ва [[Мовароуннаҳр]]ро муттаҳид намуда, аз эътирози онҳо ба муқобили ашрофони араб ва табақаҳои мулкдори маҳаллӣ истифода карда, дар байни мардум эътибори калоне пайдо кард.
Аз назари [[Хилофати Аббосиён|халифаҳои Аббосӣ]] Абумуслим душмани асосии онҳо маҳсуб мешуд. Аз ин рӯ, соли 755 халифа Абуҷаъфар ал-Мансур (754-775) бо роҳи фиреб Абумуслимро ба [[Бағдод]] даъват карда, ба қатл мерасонад. Қатли Абумуслим боиси авҷи ҳаракатҳои халқӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон мегардад. Яке аз лашкаркашони Абумуслими Хуросонӣ [[Муқаннаъ]] дертар дар кишвари Мовароуннаҳр бар зидди истилогарони араб шӯриши озодихоҳиеро сарварӣ намудааст, ки бо номи "шӯриши сафедҷомагон" низ дар таърихи ниёгони тоҷикон маълум аст<ref>Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с.87-88.</ref>
 
== ЭзоҳЗабткориҳо ==
Дар Куфа ҷунбишҳои зидди Умавиён фаъол буданд ва Абумуслими Хуросонӣ ба ҷурми ҳамкорӣ бо яке аз гурӯҳҳои исёнталаб зиндонӣ мешавад. Баъди раҳоӣ аз зиндон шахсе бо номи Абусалама соли 744 Абумуслими Хуросониро ба Хуросон оварда ҳамроҳаш махфиёна мардумро муқобили хилофати [[Умавиён]] даъват мекард. Абумуслим аз Иброҳим писари Алии Мухаммади Аббос дастури роҳбарии [[Хуросон]]ро гирифта, ба [[Марв]] меояд ва бар зидди [[Умавиён]] ба мубориза медарояд. Мардуми сершуморе ба ӯ гаравиданд. Абумуслими Хуросонӣ ва тарафдоронаш либоси сиёҳ ба тан пӯшиданд ва шӯришашон дар таърих бо номи «қиёми сияҳҷомагон» машҳур гардид. Дар муддати кӯтоҳ Абумуслими Хуросонӣ Хуросонро комилан зери назорати худ қарор дод ва тарафдорони сипоҳиёнашро ба шаҳрҳои гирду атроф мефиристод. Абумуслими Хуросонӣ пас аз тасарруфи Хуросон бо сипоҳаш аз Даҷла убур карда ба ҳудуди Ироқ ворид шуд. Аҳли [[Куфа]] Абумуслими Хуросонӣ ва сиёҳҷомагонро хуш истиқбол намуданд. Охирин набарди Абумуслими Хуросонӣ бо лашкари Умавӣ соли 749 дар ҳаволии шаҳри Мавсили Ироқ рух дод ва Умавиён шикаст хӯрданд. Сипоҳсолоре бо номи Абдумалик ибни Язиди Хуросонӣ бо фармони Абумуслими Хуросонӣ ин ноҳияро ба даст гирифт. Хилофати Умавиён ба тавассути хуросониён фурӯ рехт ва ба дасти онон давлати нави Аббосиён бунёд гардид. халифаи Уммавиён сарнагун карда шуда, намояндаи хонадони [[Аббосиён]] Абу-л-Аббос ас-Саффоҳ (750-754) ба тахти хилофат менишинад.Охирин намояндаи хонадони умавӣ халифа Марвон ба Миср гурехт ва оқибат соли 750 ба дасти хуросониён дар шаҳри Бусири Миср ба қатл расид.
{{эзоҳ}}
 
== Ҳукумрониҳо ==
Аз пирӯзиҳои пайиҳам Абумуслими Хуросонӣ саъй кард, ки ҳукумати хешро дар сарзаминҳои шарқии хилофат ҳам устувор намояд. Бо ин мақсад ӯ муқобили ҳар навъ неруи низомӣ ва иҷтимоӣ, ки дар назараш сабаби эҷоди ташаннуҷ дар кишвар мегардид, ҷанги беамон эълон намуд. Ба андешаву назари ӯ ҳама гуна эътирози зидди араб маънои зидди истиқрори ҳукумати Аббосиёнро низ дошт. Аз ин рӯ ба тамоми саркардагон ҳидоят дода шуд, ки ҳамаи дастаҳо, гурӯҳҳо ва хушбинҳои шӯришгарро бераҳмона нест кунанд, зеро дар ҳамин давраҳо таҳти таъсири шӯришҳои ироқиён арабҳои муқими [[Бухоро]] ва мардуми маҳаллӣ бо сарварии Шарик ибни Меҳрӣ (750) муқобили амирони навтаъйиншуда қиём карда буданд. Зиёд ибни Солеҳи Хазоӣ соли 751 бо ҳамроҳии Қутайба ибни Туғшода ва Бухорхудот шӯришгаронро нест карда, Бухороро оташ заданд. Ҳамин тавр қиёмҳои деҳқонони мулкҳои Чочу Фарғона ва Хутталу Кеш низ саркӯб шуданд. Обрӯву эътибори Абумуслими Хуросонӣ дар байни аксари ақшори ҷомеа рӯзафзун боло мерафт. Ҳукуматдорони марказ аз ин вазъу ҳолат ба ташвиш афтоданд ва соли 755 халифа Мансур Абумуслими Хуросониро ба дарбораш даъват карда ба қатл расонд. Пас аз қатли Абумуслими Хуросонӣ бархе аз сардорон ва тарафдоронаш ба хидмати халифа Мансур камар бастанд ва иддаи содиқи Абумуслими Хуросонӣ аз ин хиёнати халифа мутаассир шуда ба оҳанги хунхоҳӣ ба Хуросон баргаштанд.Қатли Абумуслим боиси авҷи ҳаракатҳои халқӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон мегардад. Яке аз лашкаркашони Абумуслими Хуросонӣ [[Муқаннаъ]] дертар дар кишвари Мовароуннаҳр бар зидди истилогарони араб шӯриши озодихоҳиеро сарварӣ намудааст, ки бо номи "шӯриши сафедҷомагон" низ дар таърихи ниёгони тоҷикон маълум аст<ref>Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с.87-88.</ref>
 
== Адабиёт ==
* Арабский аноним XI века. Издание текста, перевод. Введение в изучение памятника и комментарий П. А. Грязневича. - М., 1960;
* Бартолд В. В., Абу Муслим. // Бартолд В. В. Сочинения. т. 7. - М.,1967;
* Большаков О. Абу Муслим. Ислам. Энциклопедический словарь. - М., 1991;
* Бойматов Л.Д. Абу Муслим. - Д., 2006.
== Пайвандҳо ==
* [http://web.archive.org/web/20050504043433/http://www.cultinfo.ru/fulltext/1/001/008/047/825.htm Абу Муслим] в Большой советской энциклопедии
* [http://www.britannica.com/EBchecked/topic/2268/Abu-Muslim Abū Muslim] // Encyclopaedia Britannica
* [http://www.iranicaonline.org/articles/abu-moslem-abd-al-rahman-b ABŪ MOSLEM ḴORĀSĀNĪ — prominent leader in the ʿAbbasid cause] // Encyclopædia Iranica
 
== СарчашмаЭзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Сарчашма =={{ЭМТ}} [[Гурӯҳ:Пешвоёни шӯриш]]
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо:Хилофати Араб]]