Гурӯҳи хунӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''Гурӯҳи хунӣ''' (''Typi (gruppae) sanguinis'') — аломатҳои ирсии [[хун]], ки бо маҷмӯи моддаҳои махсуси фардӣ муайян гардида, антиген ё [[изоантиген]] ном гирифтаанд. Дар асоси ин аломатҳо хуни тамоми одамон, сарфи назар аз нажод, синну сол ва ҷинс ба гурӯҳҳо ҷудо карда мешавад. Мансубияти одам ба ин ё он гурӯҳи хунӣ хусусияти фардии биологии ӯ буда, ташаккули он ҳанӯз аз давраи аввали инкишофи батнӣ сар мешавад ва дар тӯли тамоми ҳаёти минбаъда бетағйир мемонад.
 
Алалхусус изоантигенҳои эритросит (ҳуҷайраҳои сурхи хун) – изоантигенҳои А ва изоантигенҳои В, инчунин дар зардоби хуни баъзе одамон бар зидди онҳо мавҷуд будани изоантиҷисмҳо – изоантиҷисми α (алфа) ва изоантиҷисми β (бетта) аҳамияти амалӣ доранд. Дар хуни одам якҷоягии фақат изоантигенҳо ва изоантиҷисмҳои ҳархела (мас., А + β ва В + α) мумкин аст, чунки дар мавриди якҷоя будани изоантиген ва изоантиҷисмҳои якхела (мас., А ва α) эритроситҳо ба ҳамдигар часпида, лӯндачаҳое ҳосил мекунанд, ки дар натиҷа одам мемирад. Аз рӯи дар таркиби хун вуҷуд доштан ё надоштани изоантигенҳои А ва В, инчунин изоантиҷисмҳои α ва β хунро ба 4 гурӯҳ ҷудо ва бо рамзҳои ҳарфӣ ва рақамӣ ифода менамоянд: Оαβ (I) – гурӯҳи хуне, ки фақат изоантиҷисмҳои α, β дорад; Аβ (II) – гурӯҳи хуне, ки изоантигени А ва изоантиҷисмҳои β дорад; Вα (III) – гурӯҳи хуне, ки изоантигени В ва изоантиҷисми α дорад; АВО (IV) – гурӯҳи хуне, ки фақат изоантигени А ва В дорад. Бинобар ин дар аснои аз як шахс ба шахси дигар гузаронидани хун ҳаминро ба назар гирифтан зарур аст, ки дар хуни донор бар зидди изоантигенҳои хуни бемор изоантиҷисм набошад. Гузаронидани хуни яке ба дигаре дар сурати як хел будани гурӯҳи хуни ҳарду айни муддаост.