Гурӯҳи хунӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 25:
== Муайянкунии гурӯҳи хунӣ ==
Гурӯҳи хуниро тавассути ошкор намудани изоантигенҳои таркиби эритроситҳо бо ёрии зардобҳои стандартӣ (меъёрӣ) муайян мекунанд. Махсусан ошкор намудани гурӯҳи хунии системаи АВО аҳамияти калони амалӣ дорад, ҳол он ки нафақат изоантигенҳои эритроситҳо, балки бо ёрии эритроситҳои стандартӣ изоантиҷисмҳои зардоб низ муқаррар карда мешаванд. Муайян намудани гурӯҳи хунии системаи АВО бо ёрии реаксияи агглютинатсия (пайвастшавии эритроситҳо бо изоантиҷисмҳои зардобии мувофиқ) дар ҳарорати хона дар лавҳачаи сафеди болояш тар гузаронида мешавад. Натиҷаи ниҳоии реаксия баробари пайдо шудани доначаҳои сурх, ки аз эритроситҳои пайваст иборатанд (реаксияи мусбат), ё аз рӯи бетағйир мондани он (реаксияи манфӣ) маълум мегардад. Барои ба хато роҳ надодан, реаксияро бо ду намуна (аз ду серияи гуногун)-и зардоби стандартии ҳар кадом гурӯҳ мемонанд.
 
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Сарчашма ==
 
* [[Энсиклопедияи мухтасари тиб]]. Ҷилди I. А – ГӮШТ. — Душанбе: [[Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|СИЭМТ]], 2011. — 504 с. — ISBN 978-99947-33-43-9
== Адабиёт ==
* Донишномаи мухтассари тиб
 
[[Гурӯҳ:Хун]]