Варақсангҳои сӯзанда: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 1:
[[Акс:Oilshale.jpg|thumb|Варақсанги сӯзанда]]
'''Варақсангҳо́и сӯзанда́''' — сангҳои русубии таркибашон карбонатӣ-гилӣ, гилӣ ё силитсиумӣ, ки 10–50%, баъзан то 60% [[Моддаҳои органикӣ|моддаи органикӣ]] (керогенӣ)-и тавъам бо [[маводди минералӣ]] таҳшиншуда доранд.
 
== Тавсифот ==
Рангашон сиёҳтоб, сиёҳи зардтоб, хокистарӣ-зайтунӣ. Ба варақаҳои тунук ҷудо мешаванд. Баъзан каустоболитҳои сахти серхокистари дорои моддаҳои органикии пайдоишашон гуногунро низ варақсангҳои сӯзанда меноманд.

=== Таркиб ===
Дар таркиби варақсангҳои сӯзанда ба ҷуз маводди органикӣ минералҳои [[калсит]], [[доломит]], ҳидромико, монтмориллонит, каолинит, фелдспорҳо, [[кварс]], [[пирит]] ва ғайра дучор меоянд. Ҳангоми дар муҳити беҳаво то 500°С ё бо иштироки ҳаво то 1000°С тафсондани варақсангҳои сӯзанда моддаи органикии он вайрон ва аз варақсангҳои сӯзанда қатрони нафтмонанд (равғани варақсанг), газҳои сӯзандаи хушк ва об ҷудо мешаванд. Аз варақсангҳои сӯзандае, ки моддаи органикии камтар доранд, 5–10% (аз массаи хушк) ва аз варақсангҳои сӯзандаи моддаи органикиашон бисёр то 30–50% қатрон ҷудо кардан мумкин аст.
 
=== Навъҳо ===
Line 12 ⟶ 15:
 
=== Захира ===
Миқдори эҳтимолии захираҳои варақсангҳои сӯзанда дар дунё тақр.тақрибан 450 трлн тоннаро ташкил медиҳад, ки қисми асосии он дар ИМА (иёлати Колорадо, Юта, Вайоминг), Бразилия (Ирати, Паранта), Хитой, Булғория, Олмон, Англия, Канада, Австралия ҷойгир аст. Дар таркиби варақсангҳои сӯзандаи баъзе конҳо миқдори зиёди элементҳои Cu, Mo, U, Pb, Zn, V дучор меояд.
 
== Истифода ==