Газак: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 1:
'''Газак''' ({{lang-la|inflammatio}}), '''илтиҳоб''' — аксуламали ҷузъии муҳофизатӣ ва мутобиқатии [[организм]], ки дар ҷавоби таъсири омили зараровар пайдо мешавад; ба ибораи дигар, мамониатест бар зидди омилҳои зараровар. Ба туфайли аксуламали илтиҳобӣ манбаи иллатёфтаи организм маҳдуд мегардад. Ҳуҷайраҳои сафеди хун, ки фагоситоз (фурӯ бурдан, ҳазм ва нест кардани заррачаҳои бегона, масалан, [[микробҳо]] ва ғ.)-ро ба вуҷуд меоранд, ба сӯи ҷои газакгирифта мешитобанд. Ҳамзамон ба туфайли афзоиши ҳуҷайраҳои сафеди хун ва дигазак ҳуҷайраҳои махсуси бофтаҳо, ки офарандаи подтанҳо мебошанд, иммунитет пурзӯр мегардад.
 
== Марҳилаҳои асосии газак ==
Сатри 7:
* пролифератсия – афзоиши ҳуҷайраҳо ва нумӯи бофтаҳо.
 
== Навъҳои газак ==
== Навъҳо ==
Вобаста ба бартарӣ доштани яке аз ҷузъҳои таркибии газак се навъи онро фарқ мекунанд: алтеративӣ, экссудативӣ ва нумувӣ (рушдёбанда).
* Газаки алтеративӣ (бартарӣ доштани иллати ҳуҷайраҳо) бештар дар дил, ҷигар, гурдаҳо ба вуҷуд меояд. Чунин шакли газак ҳангоми баъзе аксуламалҳои аллергӣ, таъсири моддаҳои бағоят заҳрнок (масалан, заҳре, ки микробҳои хуноқ ҷудо мекунанд) ба вуҷуд меояд. Шакли аз ҳама вазнини газаки алтеративӣ некроз (нобуд шудан)-и бофтаҳо аст.
Сатри 21:
Газак нафақат асоси аксуламали муҳофизӣ мебошад, балки дар шароити муайян ба организм зарар ҳам расонда, бофтаҳои ҳаётан муҳимро иллатнок мекунад.
 
== Оқибати газак ==
Оқибати газак гуногун аст; бемор аҷаб нест, ки пурра шифо ёбад. Агар бофта осеби зиёд дида бошад, дар ҷои газак хадша пайдо мешавад. Ҳангоми газаки узвҳои дарунӣ (мас., аппендитсит), илтиҳоб ба вуҷуд омада, узвҳои ҳамшафат ба якдигар мечаспанд. Газаки музмин боиси инкишофи склероз (тасаллуб)-и узв мегардад. Дар натиҷа фаъолияти узви осебдида то андозае маҳдуд хоҳад шуд.
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Газак"