Забони эсперанто: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х →‎top: бот кор карда истодааст, replaced: хазор → ҳазор
No edit summary
Сатри 6:
Ба миён омадани ин гуна забон ба халқияту миллатҳои гуногуни ҷаҳон имконият медод, ки озодона бо хамдигар муносибат карда тавонанд, таҷрибаи истеҳсолӣ ва илмии ҳамдигарро омӯзанд ва ривоҷу равнақ диҳанд. Ин барои тараққиёти маданияти инсоният аҳамияти калон медошт.
 
 
== Таърих ==
=== Забони байналхалқӣ ===
Идеяи тартиб додани забони байналхалқиро нахустин бор файласуфи машхури Юнони қадим Платон пешниҳод мекунад. ӯ мегуяд, ки Парвардигор ба инсоният некӯкорӣ мекард, агар он ба ҷои ҳазор забон якто забони умумӣ тӯҳфа мекард. Ин ақидан файласуф дар қиссаи сохтмони манораи Вавилон инъикос ёфтааст. Барои он ки сохтмончиён як дигарро нафаҳманд ва манораро то осмон набардоранд, гӯё Худованд забонҳои сохтмончиёнро гуногун кард.
 
Дар асрҳои XVIII-XIX бузургтарин олимони Аврупо тамоми қувваи худро барои ҳалли ин масъала бахшиданд. Олимони зиёд борҳо пешниҳод карданд, ки яке аз забонҳои миллии мавҷуда ба сифати забони ягонаи байналхалқӣ эътироф карда шавад. Бештар ба ин вазифа забони англисиро пешниход мекарданд. Лекин ин тавр ҳал шудани масъала нисбат ба мақому мароми миллатҳои дигар беҳурматӣ мебуд. Солҳои охир садҳо забонҳои сунъӣ ба вуҷуд омаданд (шумораи онҳо хозир қариб 900-то мебошад). Аз ин қатор забонҳои Солресол, Универсал, Волапюк, Идо, Интерлингва машҳур мебошанд. Лекин ҳамаи ин забонҳо ба як забоне, ки Эсперанто ном дошт ва дар охири асри XIX арзи вуҷуд кард, муқобилият карда натавонистанд.
 
=== Сохтани Эсперанто===
14-уми июли соли 1887 як духтури чашм, ки дар шаҳри Варшаваи Польша истиқомат мекард (он вақт Польша тобеи Россияи подшоҳӣ буд), китоби "Забони байналхалқӣ"-ро бо тахаллуси "Доктор Эсперанто" аз чоп баровард. Калимаи эсперанто маънои "умедвор"-ро дар бар мегирад. Ин духтур Людвиг Заменгоф буд, ки аз хурдиаш забонҳои зиёдеро медонист. ӯ барои офаридани чунин забон солҳои зиёд заҳмат кашид. Ин забони ёрирасони байналхалқӣ дар асл сунъӣ набуд. Олим ин забонро мувофиқи қонуну қоидаҳои илмию мантиқӣ дар асоси забонҳои миллатҳои Осиёю Аврупо бунёд кард.
 
=== Таърихи баъдина ===
Cолҳои 90-уми асри ХIX Заменгоф Л., Грабовский A., Некрасов Н.В. барин олимону адибон аз асарҳои классикии адабиёти ҷаҳон ба ин забон намунаҳо тарҷума намуданд. Албатта, ин ҳодисаи хеле аҷиб ва ҳатто ҳаяҷоноваре буда, он фикру ақидаҳои оид ба номуътамад будани забони эсперанторо пурра барҳам дод. Толстой Л.Н., Горький А.M.,Луначарский A.B., Циолковский K.Э., Барбюс А., Роллан Р. ва дигар шахсони бузург тарафдори гарму ҷушони забони эсперанто буданд.
 
Ба вуҷуд омадани фашизм дар бисёр мамлакатҳои Аврупо ва саршудани ҷанги ҷаҳонии дуюм ҳаракати эсперантӣ ва худи забонро ба гӯшаи фаромушӣ бурд. Баъди ҷанг эсперанто бо дар кураи Замин фаро гирифт. Бояд гуфт, ки дар Иттифоқи Шӯравӣ низ дар солҳои 1937-1939 тамоми эсперантодононро, чун душманони халқ мехисобиданд ва қариб нест карда буданд.
 
== Истифодаи расмӣ ==
Эсперанторо дар мактабҳои бисёр мамлакатҳо меомӯзанд. Ба ин забон тақрибан 50 хел маҷаллаю рӯзномаҳои гуногун ва 7-то маҷаллаи илмӣ чоп мешавад. Дар ҳар се рӯз бо ин забон як китоб аз чоп мебарояд. Нашриёти "Энсиклопедияи Тоҷик" луғати пурраи "Русӣ-Эсперантӣ"-ро соли 1989 нашр кард, ки ҳоло хеле камёфт шудааст. Ин китоб на танҳо барои эсперантодонони ҷумхуриамон, балки барои дӯстони забон дар тамоми Иттиҳоди давлатҳои соҳибистиқлол тӯҳфаи хеле арзанда буд. Тақрибан дар 10 мамлакати дунё ба ин забон барномаҳои радиою телевизион бурда мешаванд. ҳар сол садҳо семинарҳо, конграҳои байналхалқӣ, вохӯрӣ дарлагерҳо ва дигар чорабиниҳо бо забони эсперанто барпо мегардад. Хаар рӯз дар ягон гӯшаи кураи Замин вохӯрии байналхалқии эсперантодонон мегузарад, ки мақсади асосии он мубориза бурдан барои сулҳ дар руи Замин мебошад. Дар ин вохӯриҳо забони эсперанто вазифаи забони байналхалқиро иҷро мекунад. Нидои сулҳхохонаи эсперантодонон минбаъд баландтар садо хоҳад дод. Имрӯз миллионҳо одамон бо ин забон гуфтугӯ мекунанд.
 
Line 23 ⟶ 29:
Анҷом додан, дар вохӯриҳои байналхалқӣбо одамони тамоми дунё иштирок намудан мумкин аст. Сабаби воқеан осон будани забони эсперанто ба таври муфассал маънидод мекунем.
 
== Хосиятҳои лингвистӣ ==
Грамматикаи забони эсперанто истисно надорад. Асоси онро 16-то қоида ташкил медиҳад. Калимаҳо аз забонҳои гуногун гирифта шудаанд ва бо як тарз хонда мешаванд. Ақсарияти калимаҳо байналхалқианд. Алифбои эсперанто лотинӣ аст. Он аз 28 ҳарф иборат буда 28 садоро дар бар мегирад:
 
=== Алифбо ===
Алифбои эсперанто лотинӣ аст. Он аз 28 ҳарф иборат буда 28 садоро дар бар мегирад:
 
Aa, Bb, Cc, Ĉĉ, Dd, Ee, Ff, Gg, Ĝĝ, Hh, Ĥĥ, Ii, Jj, Ĵĵ,
 
Kk, Ll, Mm, Nn, Oo, Pp, Rr, Ss, Ŝŝ, Tt, Uu, Ŭŭ, Vv, Zz.
 
=== Грамматика ===
Грамматикаи забони эсперанто истисно надорад. Асоси онро 16-то қоида ташкил медиҳад. Калимаҳо аз забонҳои гуногун гирифта шудаанд ва бо як тарз хонда мешаванд. Ақсарияти калимаҳо байналхалқианд. Алифбои эсперанто лотинӣ аст. Он аз 28 ҳарф иборат буда 28 садоро дар бар мегирад:
 
=== Фонология ===
 
Ба ҳар як ҳарф як садо мувофиқ аст. Калимаҳо тавре ки навишта мешаванд, хамон хел хонда мешаванд. Талаффузи онҳо ҳеч душворие надорад. Зада дар калимаҳои бисёрхиҷо хамеша дар хиҷои пеш аз охирин гузошта мешавад: hote`lo, ami`ko, kontine`nto.
Line 56 ⟶ 70:
Tahmina ludas bele - Тахмина зебо менавозад (зарф).
 
=== Падежҳо ===
Дар забони эсперанто танҳо ду падеж ҳаст:
 
Line 69 ⟶ 84:
* per la ronda tablo - бо мизи мудаввар;
* pri la ronda tablo - дар бораи мизи мудаввар.
 
=== Рақамҳо ===
 
Шумораи миқдорӣ:
Line 81 ⟶ 98:
* Масалан : unua - якум, dua - дуввум, dudek kvina - бисту панҷум.
 
 
ҷонишинҳои шахсӣ:
Ҷонишинҳои шахсӣ:
 
* mi - ман ni - мо
Line 91 ⟶ 109:
* ĝi - барои ашё.
 
ҷонишинҳоиҶонишинҳои соҳибӣ бо воситаи пасванди -a сохта мешаванд:
 
* mia - аз они ман nia - аз они мо
* via - аз они ту via - аз они шумо
* lia - аз они вай ilia - аз они онҳо.
 
ҷонишинҳоҶонишинҳо дар падежҳои гуногун мисли исм ва сифат сохта
мешаванд :
 
* mi - ман
* de mi - аз они ман
* al mi - ба ман
* min - маро
* pere de mi - ба воситаи ман
* pri mi - дар бораи ман.
 
Сифат дар забони эсперанто се дараҷа дорад: оддӣ, қиёсӣ ва олӣ.