Абдуррауфи Фитрат: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
оформление
Сатри 5:
}}
 
'''Абдуррауфи Фитрат''' ({{lang-uz|Abdurauf Fitrat}}; [[1885]], Бухоро — 5.10.1938, Тошканд) — сиёсатмадор, [[маорифпарвар]] ва ислоҳотхоҳ, рӯзноманигор ва [[нависанда]] .
== Зиндагинома ==
 
== Зиндагинома ==
Абдуррауфи Фитрат [[соли 1886]] дар гузари Дастархончии Фитрат шаҳри [[Бухоро]] ба дунё омадааст. Падари Фитрат – Абдурраҳим чун шахси тақводору маърифатманд писарашро барвақт ба мактаб дод ва соли 1899 ēро ба мадрасаи Мири Араб гузошт. Фитрат аз овони наврасӣ ба осори Фирдавсиву Мирзо Бедил майлу рағбат пайдо кард. Ба таъбири устод Айнӣ, «Фитрат аз талабагони истеъдодноку аз ҳама фозили Бухоро ба шумор мерафт».
Абдуррауфи Фитрат аз оғози ҷунбишҳои равшанфикрон худро бо онҳо пайваст. Ӯ соли 1910 [[мадраса]]ро тарк гуфта, роҳи [[Истамбул]]ро пеш гирифт ва он ҷо таҳсилро дар мадрасаи «Воизян» идома дод. Фитрат [[соли 1914]] аз [[Туркия]] ба ватан баргашт ва дар [[Бухоро]] чун нависанда ва ислоҳотхоҳ фаъолияти адабӣ ва инқилобиашро давом дод.
Умуман, мақоми пешазинқилобии Фитрат дар таърихи адабиёти нави тоҷик ҳамчун маорифпарвар назаррас мебошад. Баъд аз инқилоби Октябр, азбаски ҳукумати шӯроҳо дар Бухоро бо номи ӯзбек таъсис ёфт, баъзе аз адибони тоҷик ё хомӯш монданд, ё асарҳои хешро ба забони ӯзбекӣ навиштанд, ки дар ин ҷумла Фитрат ҳам буд. Фитрат, махсусан, солҳои 1918 – 1924, ки дар вазифаҳои маъмурӣ кор мекард, ба бисёр хатоҳои сиёсӣ ва миллӣ роҳ додааст. Охирҳои умри Фитрат дар [[Тошканд]] гузаштааст. Адиб соли мудҳиши [[1937]] ҳабс шуда, соли [[1938]] дар маҳкамаи [[Тошканд]] парронда мешавад.<ref name="ReferenceA">Худойназар {{sfn|Асозода, Аламхон Кӯчаров.|2006|name = Адабиёти тоҷик. (давраи нав) – Душанбе, 2006ReferenceA}}.</ref>
 
== Эҷодиёт ==
Сатри 23:
 
Асари сеюми Фитрат, ки соли 1912 дар Истамбул чоп шудааст, «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ» мебошад, ки дар он оид ба вазъияти илму сиёсат ва иқтисодиёти аморати Бухоро маълумот дода мешавад.
Абдуррауфи Фитрат як қатор шеъру мақолаҳои тоҷикиашро дар маҷаллаи «Ойина» ба табъ расондааст. Илова бар ин, Фитрат хоҳиши маорифпарварони Самарқанд – [[Абдулқодири Шакурӣ]], [[Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ]], [[Сиддиқии Аҷзӣ]], Сайидаҳмади Васлӣ, Шукруллоҳ Муин, Фахриддини Роҷӣ ва дигаронро ба инобат гирифта, соли 1912 барои толибилмони мактабҳои ҷадид «Мавлуди Шариф ё худ миръоти Хайрулбашар»-ро ҳамчун дастури таълимӣ менависад. Китоби мазкур соли 1914 дар Тошканд чоп мегардад. Ин достон аз муқаддима, 15 фасл ва хулоса иборат буда, дар он аз боби корномаи фавқулоддаи пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) сухан меравад. «Мавлуди Шариф ё худ миръоти Хайрулбашар» дар баланд бардоштани ахлоқи маънавии ҷавонони имрузаи тоҷик саҳми муносиб мегузорад<ref name="ReferenceA"/>.
 
Ин достон аз муқаддима, 15 фасл ва хулоса иборат буда, дар он аз боби корномаи фавқулоддаи пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) сухан меравад. «Мавлуди Шариф ё худ миръоти Хайрулбашар» дар баланд бардоштани ахлоқи маънавии ҷавонони имрузаи тоҷик саҳми муносиб мегузорад.<ref name="ReferenceA"/>
Нависанда дар солҳои 1914 – 1916 асарҳое офарид, ки дар таърихи илму фарҳанги тоҷик мавқеи сазовор доранд. Соли 1915 Фитрат таҳти унвони «Мухтасари таърихи ислом» асари дигари таърихию таълимӣ офарид. Ин китоб аз муқаддима ва се қисм иборат буда, воқеаҳои солҳои 500 то 1465 мелодиро дар бар мегирад ва дар бораи аҳволи халқу давлатҳои бузурги дунё, вазъи зиндагӣ ва урфу одати мардуми Ҷазираи Араб, валодати Ҳазрати Муҳаммад (с), тарбия ва рēзгори хусусӣ, ба пайғамбарӣ пазируфта шудани он Ҳазрат, покизагии ботину зоҳир, ахлоқи ҳамида, фаъолияту корнамоиҳои Расули Акрам, бинои масоҷид, табдили қибла, амри ҷиҳод, ҷангҳои машҳуртарин (Бадр, Уҳуд, Макка, Ҳусайн, Табук) ва васиятҳои пайғамбар маълумот медиҳад. Ин китоб низ барои мактабҳои усули ҷадид пешбинӣ шудааст.
Боз ду асари то инқилоби Октябр эҷод кардаи Фитрат – «Раҳбари наҷот» (1915) ва «Оила ё худ вазоифи хонадорӣ» (1916) аз нигоҳи мавзeъ ва мeҳтаво арзишноканд. «Раҷбари наҷот» асари бадеӣ ва фалсафӣ буда, аз 16 фасл иборат аст ва дар он масъалаҳои илму фарҳанги тоҷик дар ибтидои асри ХХ мавриди тасвир ва баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар ин асар таъкид мешавад, ки инсон дар баробари босавод ва соҳиби илму дониш будан бояд қимати инсонии худро зоҳир карда тавонад. Нависанда манбаъҳои асосии саодати инсониро дар илму ақл дониста мегӯяд:
«Раҳбари саодати дунё илм аст», ё «Раҳбарияти саодати дорайн ақл аст». Рисолаи «Оила ё худ вазоифи хонадорӣ» аз ду қиcм иборат буда, роҷеъ ба масъалаҳои тартибу низоми хонадорӣ ва вазифаҳои оила дар ҷомеа баҳс мекунад. Фитрат оиларо манбаи асосии пайдоиши қавму қабила ва халқу миллатҳо дониста гуфтааст: «Ташкили оила… иҷтимои аҳли байт, ба ибораи дигар, таъсиси хонадорӣ аввалин пояи маданияти банӣ – одам будааст». Ҳамчунин, Фитрат забонҳои арабӣ, туркӣ, ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ ва фаронсавиро хуб медонист ва ба баъзеи ин забонҳо асарҳо низ эҷод намудааст.
«Раҳбари саодати дунё илм аст», ё «Раҳбарияти саодати дорайн ақл аст».
 
Рисолаи «Оила ё худ вазоифи хонадорӣ» аз ду қиcм иборат буда, роҷеъ ба масъалаҳои тартибу низоми хонадорӣ ва вазифаҳои оила дар ҷомеа баҳс мекунад. Фитрат оиларо манбаи асосии пайдоиши қавму қабила ва халқу миллатҳо дониста гуфтааст: «Ташкили оила… иҷтимои аҳли байт, ба ибораи дигар, таъсиси хонадорӣ аввалин пояи маданияти банӣ – одам будааст».
Ҳамчунин, Фитрат забонҳои арабӣ, туркӣ, ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ ва фаронсавиро хуб медонист ва ба баъзеи ин забонҳо асарҳо низ эҷод намудааст.
Соли 1914 Фитрат «Мусулмонони дорурроҳат» ном асари нависандаи тотор И. Гаспаринскийро (1851-1914) ба тоҷикӣ тарҷума намуд, ки он аз қобилияти баланди забондонии нависанда дарак медиҳад.
Нимаи дуюми солҳои бистум Фитрат боз ба эҷоди асарҳо ба забони тоҷикӣ шурӯъ кард. Аз ҷумла, барои саҳна «Шӯриши Восеъ»-ро (1927) офарид. Ҳамин айём дар рӯзномаву маҷаллаҳои тоҷикӣ чанде аз намунаҳои ашъор ва мақолаҳои Фитрат ба нашр расид. Ба қиссаи «Одина»-и [[Садриддин Айнӣ]] пешгуфтор навишт. Рисолаи таърихиаш бо номи «Давраи ҳукмронии амир Олимхон» (1930) ва асари дигараш бо номи «Қоидаҳои забони тоҷикӣ» пайи ҳам чоп мешаванд. Соли 1930 асари публитсистии ē таҳти унвони «Аморати Бухоро» чоп шудааст. Дар ин китоб моҳияти зиддихалқии хонадони Манғитияро фош месозад. Фитрат ният дошт, ки бо таълифи мақолаҳо оид ба забон ва адабиёти тоҷик, бо дарсгӯӣ ва таълифи китобҳои дарсӣ, бо суханрониҳои эътимодбахш дар конфронсу ҷамъомадҳои илмӣ назди халқи тоҷик аз нав эътибор пайдо намояд. Ҳамчунин, Фитрат дар «Арӯз ҳақида» ном асараш нуқсонҳои ғоявии худро эътироф кард<ref name="ReferenceA"/>.
Ба қиссаи «Одина»-и [[Садриддин Айнӣ]] пешгуфтор навишт. Рисолаи таърихиаш бо номи «Давраи ҳукмронии амир Олимхон» (1930) ва асари дигараш бо номи «Қоидаҳои забони тоҷикӣ» пайи ҳам чоп мешаванд.
Соли 1930 асари публитсистии ē таҳти унвони «Аморати Бухоро» чоп шудааст. Дар ин китоб моҳияти зиддихалқии хонадони Манғитияро фош месозад. Фитрат ният дошт, ки бо таълифи мақолаҳо оид ба забон ва адабиёти тоҷик, бо дарсгӯӣ ва таълифи китобҳои дарсӣ, бо суханрониҳои эътимодбахш дар конфронсу ҷамъомадҳои илмӣ назди халқи тоҷик аз нав эътибор пайдо намояд. Ҳамчунин, Фитрат дар «Арӯз ҳақида» ном асараш нуқсонҳои ғоявии худро эътироф кард.<ref name="ReferenceA"/>
 
== Туркгароӣ ==
Абдурауф Фитрат ва амсоли онҳо, ки бардаву ғуломи ҳалқабаргӯши туркҳо гашта буданд, танҳо барои манфиати хеш ва андухтани сарвату ғановат бар зидди тоҷикони миллатдӯст чун устод [[Садриддин Айнӣ]] муборизаро ошкорову пинҳонӣ оғоз намуданд. Ин мавзӯест, ки бар гӯши миллати бедори тоҷик расида ва ба шарҳу тафсире эҳтиёҷ надорад. Аммо ватанфурӯшоне чун пайравони ақоиди Фитратиҳо ба хотири пардапӯш кардани ҷиноёти гузаштагони худ аз бехабарии миллат истифода бурда, [[Садриддин Айнӣ]] ва фидоиёни миллатро тамоми умр сияҳ кардан хостанд, вале сухани пучу бемаънӣ ва орӣ аз ҳақиқат ҳаргиз наметавонад аззамату шукуҳи фарзандони фарзонаи миллат чун Айниро паст бизанад. Торих медонад, ки ҷиноятпеша ҳамеша дар паи пӯшондани ҷинояти ҷинояткори дигар аст.
[[Муҳаммадҷон Шакурӣ]] дар асари илмии худ «Нигоҳе ба адабиёти тоҷикиии садаи бист», Душанбе, 2006 ёдовар мешавад. ки {{аввали иқтибос}}тадриҷан бо пешравии шуури миллӣ баъзе ҷадидони пешқадам мафҳуми миллатро ба маънии этникӣ дарк мекардагӣ шуданд, вале бо сабабҳои мухталиф ташаккули худшиносии этникиашон бо роҳи нодуруст ҷараён гирифт ва бархе аз онҳо ба вартаи пантуркизму панӯзбакизм афтоданд, ки яке аз намоёнтарини он худи Абдурауфи Фитрат буд.{{охири иқтибос|сарчашма= [http://millat.tj/articles/tarih/4477-bo-mo-yak-o-boshed-to-bo-rus-oi-bedin.html millat.tj «Бо мо якҷо бошед, то бо русҳои бедин…»]}}
 
== Сарчашма ==
* {{книга|автор = [[Худойназар Асозода|Асозода Х.]], [[Аламхон Кӯчаров|Кӯчаров А.]]|заглавие = Адабиёти тоҷик. (давраи нав)|место = {{Душ.}}|год = 2006|ref = Асозода, Кӯчаров}}