Самарқанд: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
иловаҳо
хNo edit summary
Сатри 76:
[[File:Ensemble Shakhi Zinda (2).JPG|thumb|Мақбараи Шоҳи Зинда]]
[[File:Mausoleum of Amir Temur (1).JPG|thumb|Мақбараи Гӯри Амир]]
Номгузории муосири — Самарқанд — аз калимаи суғдии ''Smʼrknδh'' бар меояд.<ref>''Лурье П. Б.'' [http://www.orientalstudies.ru/rus/images/pdf/dis_lurje_2004.pdf ''Лурье П. Б.'' Историко-лингвистический анализ согдийской топонимики]. Дисс. на соиск. уч. ст. канд. фил. наук. {{СПб.}} 2004.— Стр. 39, 110]</ref>. Забоншиносон маънои ''asmara'' - санг ва ''қанд'' - шаҳр, яъне Самарқанд - "шаҳри сангин" маънидод мекунанд.
 
==Таърих==
Баъди заволи [[Суғд]] (асри VIII), Самарқанд дар асрҳои миёна пойтахти ҳукуматдории якчанд давлатҳои таърихӣ шуда буд.(Нигаред ба:[[Таърихи Тоҷикистон]])
Line 84 ⟶ 85:
Дар замони ҳукмронии [[Сомониён]] дар Самарқанд санъати мусиқӣ низ равнақ пайдо кард. Силсилаи оҳангу тарона ва сурудҳое эҷод шуданд, ки минбаъд бо номи «Дувоздаҳмақом»-у «[[Шашмақом]]» шӯҳрат ёфтанд. Ҳамин тариқа, дар натиҷаи ҳуҷуми хоқони турк ва араб шаҳри Самарқанд ба харобазор табдил ёфта бошад ҳам, дар замони Сомониён яке аз шаҳрҳои ободу бузурги [[Осиёи Марказӣ]] маҳсуб мешуд. Дар ин шаҳр забону адабиёти форсии тоҷикӣ равнақ ёфт. Шоиру мутафаккирон ва табибони оламшумул тарбия ёфта ба воя расиданд ва аз худ осори ғании илмию адабии гаронмояе ба мерос гузоштанд. Аввалин шоироне, ки дар Самарқанд ба [[забони дарӣ]] шеър гуфтаанд, '''[[Абӯҳафси Суғдии Самарқандӣ]], Абӯлянбағӣ, [[Аббос ибни Тархони Самарқандӣ]] (Абу Тақӣ)''' мебошанд. Зиёда аз он, ба таъкиди муаллифи тазкираи «Оташкада» Лутфалибеки Озар, нахустин гӯяндаи «[[Шоҳнома]]» Абӯмансур Муҳаммад ибни Аҳмади [[Дақиқӣ]] зода ва тарбиятдидаи Самарқанд аст. Сипаҳсолори шеъри Аҷам Абӯабдуллоҳи [[Рӯдакӣ]] дар ҷавонӣ аз Панҷрӯди [[Панҷакент]] омада, дар Самарқанд тарбия дида, ба камол расидааст. Аз ин ҷост, ки Самарқанд ҳамчун шаҳри тамаддунофарини халқи тоҷик дар инкишофи илму фарҳанг, забону адабиёти форсии тоҷикӣ саҳми беназир дорад.
Аз асри XI қабилаҳои бодиянишини турк яке аз паси дигаре ба Самарқанд фурӯ рехтанд: қарахониён, туркони салҷуқӣ, дар миёнаи садаи XII қаракидониён. Истилогарон ба шаҳр зарари калон расониданд. Равнақи илму адаб ба дараҷае коста шуд. Бо вуҷуди он намояндагони аҳли илму адаб, аз қабили '''[[Рашидии Самарқандӣ]], [[Сӯзании Самарқандӣ]], [[Шатранҷии Самарқандӣ]], [[Низомии Арӯзии Самарқандӣ]], [[Заҳирии Самарқандӣ]]''' ва дигарон анъанаҳои илму фарҳангу адаби замони Сомониёнро идома дода, аз худ дар соҳаҳои мухталиф мероси пурарзише боқӣ гузоштанд. Дар ин давра қабл аз ҳама истеҳсоли маснуоти кулолӣ, шишагӣ ва фулузӣ инкишоф ёфт. Ба ин бозёфтҳои бостоншиносӣ, аз қабили зарфҳои сирдор ва косаву табақҳои бесири пурнақшунигор гувоҳ аст ва аз ривоҷи ҳунармандӣ дар Самарқанд дарак медиҳанд.
Соли 1220 истилогарони муғул бо сарварии [[Чингизхон]] Самарқандро забт намуданд. Аҷнабиён шаҳрро ба куллӣ хароб карда, аксари аҳолиро аз дами теғ гузарониданд. Шаҳри қадимаи [[Афросиёб]] ба харобазор мубаддал гашт ва аз байн рафт. Аллома [[Бобоҷон Ғафуров]] дар асари машҳури [[Тоҷикон (китоб)|«Тоҷикон»]] оид ба ҷангҳои шадиди мардуми шаҳр, қаҳрамонию ҷонфидоии онҳо сухан ронда, аз ҷумла навиштааст: «''Пас аз афтодани истеҳкомоти қалъаи Самарқанд ҳазорон диловарон ба масҷиди ҷомеъ паноҳ бурда, душманро ба наздик шудан намонданд. Муғулҳо бо роҳе масҷидро оташ заданд. Вале мудофиакунандагон аз ин наҳаросида, дар ҷои худ нишастанд ва сӯхта мурданро аз таслим шудан ба душман авлотар донистанд»''.<ref>Б.Ғафуров. Тоҷикон, - Душанбе{{Душ.}}:«Ирфон»,1998, с.604</ref>
Минбаъд низ муқобилат ва муборизаи мардуми шаҳр алайҳи ғосибони муғул заррае паст нашудааст, ки ба ин шӯриши бузурги халқии солҳои 1365-1366 гувоҳӣ медиҳад. Ва он дар таърих бо номи ҷунбиши [[Сарбадорон]] (бо сарвари толиби [[мадраса]] [[Мавлонозода]]) машҳур аст. Табиист, ки дар натиҷаи забткориҳои аҷнабиён ва бадбахтиҳои ба сари мардуми тоҷик овардаи муғулҳо оид ба равнақи илму адаби форсии тоҷикӣ дар садаи XIII сухан гуфтан ҷои гaп ҳам нест. Илму фарҳанг дар Самарқанд шикасти сахте дид. Аксар шоирону адибон, донишмандону мутафаккирон ба Туркия, Арабистону Ҳиндустон муҳоҷират намуданд.
 
Line 101 ⟶ 102:
;Самарқанд як кӯчаи қоқ шуд.'''</big>}}
 
Фоҷеаи мардуми Самарқанд дар тазкираи [[Малеҳои Самарқандӣ]] ин тавр тасвир шудааст: «Аз таърихи 1082 усрат (сахтӣ) ва тороҷ ва яғмое, ки дар Самарқанд воқеъ шуд, хусусан баъд аз мутасарриф шудани Анушахони Урганҷӣ Самарқандро ободияш ба вайронӣ, маъмурияш ба харобӣ мубаддал ва муқимонаш ҷилои ватан гардиданд, мусофират ихтиёр карданд ва асари бемурруватӣ ва беилтифотии Хоқони мансур (бо нусрат) Субҳонқулихон ба иттиҳоми он ки мурдуми Самарқанд Анушахонро бе ҷангу ҷидол ба Самарқанд дохил кардаанд, ҳукм ба қатли мардуми ӯ фармудаанд ва тоифае аз мардуми юзро гузошта аз паи ҷурме ҷурмонаҳо аз мардуми Самарқанд гирифтанд».<ref>Аслҳо ва наслҳо.-Душанбе{{Душ.}},2013,- с.6ғ7</ref>
Бо ин ҳама тороҷгарӣ, ҷангу ҷидолҳо, ки боиси гуруснагиву қиматӣ ва қаҳтӣ мегардид, раванди иқтисодӣ ва маданию фарҳангии мардуми Самарқанд ба тамом қатъ нагашт. Маҳз маҳсули дасти эъҷозофарини ҳунармандони шаҳр буд, ки маҳсулоташон дар аксар музофотҳои Вароруд ва берун аз он дар мамолики Шарқ паҳн мешуданд. Самарқанд то нимаи садаи XIX дуюмин ва бузургтарин маркази ҳунармандию тиҷоратӣ дар аморати Бухоро ба шумор мерафт. Дар қиёси садаи XV илму фарҳанг ва адабиёт дар садаҳои XVI-XVII нисбатан сусттар бошад ҳам, ба ҳар ҳол як дараҷа пешрафт эҳсос мешавад. Дар ин асрҳо мунаҷҷимон '''Маҳмуд ибни Муҳаммад, Наҷмуддини Бирҷандӣ, Мирим Ҷалабӣ, табиб ва шоир Боқии Ҷарроҳ, Малеҳои шоир ва тазкиранавис, Муҳаммад Дарвеш, Дӯстӣ, Кафшӣ, Мавлоно Саъдуллоҳ Шоҳӣ, шоирон Афгор, Имтиҳон, Мулло Бақои Тамошо, Мулло Самеӣ, Мулҳам, Фитрати Зардӯзии Самарқандӣ, Мумтоз, Махмур, таърихнигор Саид Роқим''' ва дигарон дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Дар ин давра санъати хаттотӣ ва минётура низ инкишоф ёфтааст. Бо вуҷуди ин мухоҷирати адибону донишмандони Самарқанд аз садаи XVI ба мамолики мухталиф шурӯъ шуд. Ба таъкиди муаллифи «Хизонаи омира» Ғуломалии Озод, бештар дар садаи XVII адибон, аз қабили Завқӣ, Турдӣ, Обидхон Мавлоно Дӯстӣ ва даҳҳо дигарон ба Ҳиндустон ҳиҷрат кардаанд. Маҳсули ҳамин равобит буд, ки дар шеъри шоирони Варорӯд сабки ҳиндӣ таъсир кард ва нақши амиқ гузошт.<ref>Аслҳо ва наслҳо.-Душанбе{{Душ.}},2013,- с.8</ref>
 
 
Ф.Беневини дар бораи Самарқанд нигоштааст:{{аввали иқтибос}}''«Самарқанд низ шаҳри бузург аст, вале ҳоло ними он холӣ буда, бо тохтутози ӯзбекҳо вайрон шудааст». Бумиёни тоҷик, ки аз дасти ӯзбек ба дод омада буданд, фарёдрасе надоштанд. Беневини боз мегӯяд: ''«тоҷик ва ҳирӣ (ҳиротӣ) пайваста ба Худо илтиҷо дорад, ки ӯро аз юғи тоқатнопазири ӯзбек раҳоӣ бахшад»''.''' Бинобар ин тоҷикон ягона роҳи халосиро аз зулму ситам дар ҷилои ватан медиданд. Аҳволи шаҳри Бухоро низ аз ин беҳтар набуд. Дар тӯли се соле, ки Ф. Беневини дар Бухоро буд, «аз ин шаҳр бештар аз чаҳор ҳазор кас ба Ҳинд муҳоҷират кардааст»{{охири иқтибос}}'''. Чунин буд аҳволи Вароруд дар чоряки аввали садаи XVIII.<ref>Аслҳо ва наслҳо.-Душанбе{{Душ.}},2013,- с.8</ref>
Устод М. Шакурӣ оид ба вазъи фоҷеабори он замон андеша ронда, аз ҷумла навиштааст: {{аввали иқтибос}}'«Ба замми ҳамаи инҳо биёбонгардҳо дар садаи XVIII ҳар тирамоҳ дар айни ҷамъоварии ҳосил чун мӯру малах омада, ҳама ҳосилро ба ғорат мебурданд ва нобуд мекарданд. Ин турктозии тирамоҳӣ боре ҳафт сол пайваста давом ёфт ва ба як ривоят, боре идомаи он бист сол буд. Яъне бист сл ҳар тирамоҳ омада, ҳосилро мебурданд! Хунрезӣ, қаҳтиву гуруснагии тӯлонӣ рӯй дод. Мардуми .бумӣ, яъне тоҷикон ҳазор-ҳазор талаф шуданд ва рӯй ба гурез ниҳоданд. Дар охири қарни XVIII дар Бухоро ду гузар одам монд. Дар Самарқанд касе намонд. Мадрасаҳои Регистони Самарқанд шағолхона шуданд. Дар бораи соли 1148 қамарӣ, яъне 1735 мелодӣ гуфтаанд:
'''«Ба соли ҳазору саду чиҳлу ҳашт Самарқанд гардид монанди дашт»''{{охири иқтибос}}'''
Устод Айнӣ низ дар «Таърихи амирони Манғитияи Бухоро» дар бораи воқеаҳои соли 1800 ишорае дорад: «Самарқанд дер боз хароб шуда, ба ҷуз се-чор хонавори шаҳрдарун ҷунбандае ва иморате дар он ҷо намонда буд» .<ref>Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ. Фитнаи инқилоб дар Бухоро. Аббос Алиев. – Душанбе{{Душ.}}: Шуҷоиён, 2010, с. 65.</ref>
Маълум мешавад, ки Самарқанд аз соли 1735 то 1880, яъне дар тӯли 65 сол ба худ наомада будааст. Минбаъд Самарқанд аз нав, ба таъбири М. Шакурӣ, ҷон тирифт, вале Марву Балх ба тамом аз байн рафтанд ва танҳо харобаҳои ин ду шаҳр боқӣ мондаасту бас. Табиист, ки дар ин давраи тираву тор касбу ҳунар, илму фарҳангу адаб дар Самарқанд аз инкишоф бозмонд. Ба гуфти Тӯрақул Зеҳнӣ, дар ин аҳд шоирони соҳибдевон кам низ гузаштаанд.
 
Line 115 ⟶ 116:
[[File:Needlework Artist (8145370623).jpg|thumb|Хунармандӣ дар Самарқанд]]
[[2 май]]и соли [[1868]] Русияи шоҳӣ шаҳри Самарқандро ба тасарруфи худ даровард. Табиист, ки ба ҳайати Русия дохил шудани Вароруд баъзе паҳлуҳои мусбат ҳам дошт. Аввалан, низоъу ҷангҳои байниқабилавие, ки аз он мардуми бумию заҳматкаш осеб медиданд, барҳам хӯрд. Сониян, дар шаҳру музофотҳое, ки дар тасарруфи русҳо қарор доштанд, ғуломдорӣ ва хариду фурӯши ғуломон қатъиян манъ карда шуд. Ва ҳол он ки дар аморати Бухоро ин амали нангин идома дошт. Баъди ба Русия ҳамроҳ карда шудани Самарқанд косибӣ, ҳунармандӣ, бофандагӣ хеле ривоҷ ёфт. Дар охири садаи XIX ва ибтидои садаи XX дар Самарқанд заводҳои пахта, пилла, чарм, шаробкашӣ ба кор шурӯъ карданд. Аз ҷониби Красноводск соли [[1888]] ба Самарқанд роҳи оҳан кашида шуд. Симои шаҳр низ тадриҷан тағйир меёфт. Дар ҷануби ғарбии он шаҳри нави ҳозиразамон, хиёбонҳои васеву рост, иморатҳои сохти аврупойӣ бунёд ёфтанд. Соли 1870 аввалин шифохона беморонро қабул кард. Дар шаҳр чандин литсейю, мактаб, китобхона (соли 1870), музеи таърих (соли 1874), барои занону кӯдакон беморхонаи махсус (соли 1885) кушода шуд. Дар муҳити адабӣ '''Сипандӣ, Ҳодӣ, Фикрӣ, Писандӣ, Туғрал, Ҷуръат, Саидаҳмади Васлӣ, Муҳаммад Абдураҳим''' ва дигарон фаъолият доштанд.
Соли 1904 дар Самарқанд нахустин рӯзномаи сотсиал-демократҳо бо унвони «Самарқанд» таъсис ёфт. Бо ин ҳама тағйироти иҷтимоию иқтисодӣ, маданию фарҳангӣ Самарқанд ба ҳар ҳол мустамликаи Русия буд. Сохтори шоҳии Русия заҳматкашонро пайваста дар шиканҷа нигоҳ медошт. Зеро Русия дар Варорӯд тартиботи мустамликавиро ҷорӣ менамуд. Бинобар ин мардуми бумӣ зулму тааддии дуҷонибаи истисморгарон - ҳам маҳаллӣ ва ҳам русро мекашиданд. Варорӯд ба манбаи моли хом табдил ёфт. Корбарӣ дар маҳкамаҳо мисли пешин аз рӯи шариат идома дошт. Хурдтарин эътирози мардум бераҳмона пахш карда мешуд. Дар Самарқанд аз рӯзҳои аввали истилои Русия алайҳи аҷнабиён шӯру ошӯбҳои халқӣ рух медод. Вале исёну ошӯбҳо махсусан дар солҳои инқилоби якуми рус (соли 1905) ва мардикоргирӣ барои корҳои ақибгоҳи Ҷанги якуми ҷаҳон авҷ гирифт: коргарон, косибон, ҳунармандони шаҳр ва ноҳияҳои гирду атрофи он корпартоӣ мекарданд, ба намоишҳои оммавӣ мебаромаданд. Дар айни авҷи шӯришу ошӯбҳо гумоштаи сиёсии Русияи шоҳӣ ба губернатори ҳарбии вилояти Сирдарё 27 июли соли 1906 навишта буд: ''«Мувофиқи баъзе овозаҳое, ки то ба мо расид, сартҳои Самарқанду Фарғонаву Тошкент аз Бухоро таппончаву милтиқ харида гирифта мерафтаанд. Дар Самарқанд ҳавлие набудааст, ки милтиқу [[таппонча]] надошта бошад»'' .<ref>С. Айнӣ, Куллиёт. Душанбе{{Душ.}}: «Ирфон»,1966,- ҷ. 10,-с. 19.</ref>
Б.Ғафуров оид ба аҳволи вазнин ва тоқатфарсои мардикорон ва коргарони мавсимии заводу фабрикаҳои Самарқанду Фарғона ва сохтмони роҳи оҳан, ки корҳои вазнин бар дӯшашон буд, сухан ронда, як рубоии машҳури халқиро аз силсилаи шеърҳои ғарибӣ меоварад, ки ҳолати рӯҳонии тоҷиконро хеле муассир ва ба дарду алам баён месозад:
 
Line 122 ⟶ 123:
;Ранги зардамро ба пеши аҳли дард овардаам.
;Ранги зардамро бубину аз хазонам ёд кун!
;Дар сари қабрам нишину як даме фарёд кун! <ref>Б.Ғафуров. Тоҷикон. Китоби дуюм. - Душанбе{{Душ.}}: «Ирфон»,1998, с. 248.</ref>'''</big>}}
 
Ин буд аҳволи тоҷикони Самарқанд баъди тасарруфи Русия ва дар арафаи инқилоби болшевикӣ ва «инқилоби» Бухоро.
Ҳамин тариқа, аз даврони қадим дар тӯли таърих мардуми Самарқанд чандин бор ҷилои ватан карда, дар аксои олам паҳну парешон шудаанд, ки имрӯз ҳам аҷдоди онҳоро дар тамоми мамолики дунё вохоҳем хӯрд. Бо вуҷуди ин Самарқанд дар ҳар давру замон муҳимтарин маркази илму фарҳанг ва забону адабиёти форсии тоҷикӣ ба шумор рафтааст. Олими машҳури Эрон [[Сайид Нафисӣ]] дар ин хусус дар мақолаи «Сарзамини поки ниёконам» навиштааст: «Шуарои Туркистон маъруфтарин ашъори форсиро сурудаанд. Шаҳрҳои бузург ва ободи ин ноҳия, ки аз қадимтарин шаҳрҳои Эрон шумурда мешаванд, мисли Самарқанд ва Бухоро ва Балх ва ғайра то замоне, ки авлоди Тимур салтанат кардааст, ҳамеша дорулмуаллими Эрон буданд. Ҳанӯз бадеътарин ва зеботарин шоҳкориҳои меъморон ва кошисозони Эронро дар Бухоро ва Балху Самарқанд метавон ёфт. Бузургони Эрон ағлаб аз ин сарзамин бархостаанд. Ҳар китоби форсиро, ки мехонем, ҳамеша моро ба ёди ин водии ниёгон меандозад, чӣ қадар падарони мо дар он ҷо мадфун шудаанд! То авосити қарни дувоздаҳум сатре аз таърихи Эрон нест, ки як бор исми Бухоро ё Самарқанд ва ё Балх дар он бурда нашуда бошад.
Орзуи ман он аст, ки ин сарзамини поки ниёгони худро зиёрат кунам ва як бор дар умри хеш ин забони ширини порсиро аз даҳони самарқандиёну бухороиён бишунавам».<ref>Аслҳо ва наслҳо.-Душанбе{{Душ.}}, 2013,- с.8</ref>
 
== Замони муосир ==