Деваштич: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ
Сатри 2:
 
=== Таърихи шӯриш ===
Деваштич баъди ихшиди Суғд шуданаш ба вилоятҳои гуногуни [[Мовароуннаҳр]] - [[Хатлон]], Чоч, [[Истаравшан|Уструшана]], [[Фарғона]] ва Ҳоқони Турк мактубҳои имдодӣ навишта, онҳоро барои [[Ҷанг|муборизаи муттаҳидона ба муқобили арабҳо ба ҷанг даъват намуд]]. Дар натиҷа дар солҳои 719-720 дар Суғд ду лагери зидди арабӣ: яке бо сардории ихшид Ғурак, ки аз назари арабҳо ҳокимияташ ғайриқонунӣ буд ва дигаре бо сарварии Деваштич ташкил ёфт. Ғурак аслан дар ноҳияҳои марказии Суғди Самарқанд ва Деваштич бошад, дар кӯҳистони Суғд, асосан дар водии Зарафшон ба ҷанги зидди арабҳо омодагѝ медиданд. Соли 720 аҳолии минтақаҳои марказии Суғд бо якҷоягии нерӯи ҷангандаи туркҳо арабҳоро аз Самарқанд ронданд. Дар ин миён ихшиди Суғд - Ғурак аз тарси эътибори рӯзафзуни Деваштич хиёнаткорона ба тарафи арабҳо гузашта, ҳамроҳи онҳо бар зидди раияти худ ҷангид.
 
=== Шикасти шӯришгарон ===
Соли [[722]] пайравони Деваштич ба арабҳо мукобилияти сахт карда, ба тарафи калъаи кӯҳи Муғ ақибнишинӣ карданд. Онҳо дар дохили девори қалъа ҷойгир шуда, муборизаро давом доданд, вале арабҳо роҳи даромади қалъаро гирифтанд. Муҳосираи қалъа ва муқовимати суғдиён се - чор моҳ давом кард. Ҳамчунин фасли сармо фаро расид ва онҳо маҷбуран бо арабҳо сулҳ бастанд. Мувофиқи муоҳада суғдиён розӣ шуданд, ки дар сурати ба ҳаёти сад нафар исёнгарон ва аҳли оилаи онхо аз ҷумла, худи Деваштич кафолати амният додан, ба арабҳо таслим мешаванд. Ин шарт табиист, ки аз ҷониби арабҳо риоя нашуд, ба он далел, ки сарвари мудофиёни суғдӣ Деваштичро арабҳо тирамоҳи соли 723 дар Рабинҷон ваҳшиёна ба қатл расонида, сарашро ба [[Ирок]]у дасти чапашро ба амири [[Хуросон]] Сулаймон ибни Абусурӣ, ки дар [[Тахористон]] иқомат дошт, фиристоданд.<ref>Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с.85-86.</ref>