Агрофизика: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Агрофизика
 
No edit summary
Сатри 1:
'''Агрофизика'''— физикаи агрономӣ, як соҳаи илм. Агрофизика равандҳои физикавии хок, растанӣ ва роҳу васоити танзими ҳарорати хок, рӯшноӣ ва ғайраро меомӯзад. Аз 4 фасл иборат аст: физикаи хок, физикаи ҳаво, биофизикаи растанӣ ва роҳҳои танзими шароити муҳити растанӣ. Агрофизика ибтидои асри 20 ташаккул ёфтааст. Ривоҷу равнақи он ба комёбиҳои табиатшиносӣ, хусусан физика ва биофизика, математика, кибернетика, электроника, физикаи нимноқилҳо, полимерҳо ва пластмасса вобастагӣ дорад. Агрофизика илмҳои кишоварзиро бо усулҳои наву мукаммали пажӯҳиш таъмин месозад. Ҳангоми пажӯҳишҳои агрофизикӣ аз асбобҳои дақиқ (термометр, намисанҷ, асбобҳо барои чен кардани мувозанати ҳарорат, суръати об, моддаҳои ғизоӣ ва ғайра) истифода мебаранд. Натиҷаи тадқиқоти агрофизикӣ барои дарёфти усулҳои нави агрономӣ ва такмили усулҳои пештараи нигаҳдории намии хок ва беҳтар сохтани низоми ҳарорати он, муайян намудани усулҳои беҳтари кишт, шудгори замин ва ғайра истифода мешавад. Дар гармхонаю парвардахонаҳо парвариш кардани сабзавот, ки дар асоси тадқиқоти агрофизикӣ ба роҳ монда шудааст, мӯҳлати нашвро кам ва ҳосилро зиёд мегардонад. Барои сабзавоткорӣ истифода намудани плёнкаҳои полимерӣ, танзими автоматии парвариши сабзавот (дар гармхонаҳо), дар анборҳои маҳсулоти кишоварзӣ нигоҳ доштани шароити доимии мувофиқ аҳамияти калон доранд. Оид ба масъалаҳои Агрофизика дар Институти хокшиносии АИКТ ва Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқот мебаранд.
'''Агрофизика''' ({{ забон-фа| اگرافيزيكه }}) (лот. Agrophysics) - [[илм]] дар бораи усулҳои физикии таҳқиқи шароитҳои берунии ҳаёти растаниҳо ва фаъолияти онҳо. <ref> Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 1 А – Н (нашри дувум)./Зери таҳрири С. Назарзода, А. Сангинов, С. Каримов, М. Ҳ. Султон. – Душанбе 2010, - c. 37 ISBN 978-99947-69-39-1</ref>
 
==Манбаъ==
== Эзоҳ ==
<references/>
{{эзоҳ}}
[[Гурӯҳ:Мафҳумҳо]]
 
[[Гурӯҳ:Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ]]
== Сарчашма ==
{{ЭМТ}}
 
[[Гурӯҳ:Мафҳумҳо Кишоварзӣ]]
[[Гурӯҳ: Илмҳои дақиқ]]