Алпарслон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 23:
}}
 
'''Алпарслон''' ({{lang-arfa|ألب أرسلان}}; ''Муҳаммад ибни Чағрибек Довуд ''; [[Соли 1029|1029]] – [[Соли 1072|1072]] ) — султони [[Салҷуқӣ]]. (ҳукумр.ҳукумронӣ [[1063]]72[[1072]]).
 
== Зиндагинома ==
Бародари Туғрулбек – нахустин султони Салҷуқиёни Бузург. Лақабаш «Абу Шуҷоъ Изудуддавла, Зиёуддин». Алпарслон баҳори 1063 дар [[Қазвин]] бародараш Сулаймонро аз сари қудрат барканор карда, худ бар тахт нишаст. Алпарслон Хоҷа Низомулмулки Тусиро вазири худ таъ йин намуда, бо кӯмак ва ҳимояти ин вазир барои муттаҳид кардани ду бахши давлатдории Салҷуқиён (шарқӣ ва ғарбӣ) иқдом кард. Дар замони Алпарслон ва писараш Маликшоҳ, давлатдории бузурги Салҷуқиён ба авҷи худ расид.
 
Алпарслон бо хилофати Аббосиён сулҳ барқарор кард. Дар машриқ [[Хоразм]] ва [[Афғонистон|Афғонистони Ғарбӣ]] аз тасарруфи Ғазнавиён озод ва ба давлати Салҷуқиён ҳамроҳ гардиданд. Алпарслон бо мақсади васеъ кардани қаламрави худ ба Гурҷистон (1063), Арманистон, (1064), [[Озарбойҷон]] (1065 – 1066), [[Осиёи Марказӣ]] юриш кард. Вай дар ин сол Хоразм, қалъаи Манқишлоқ ва тамоми манотиқи шимол шарқии дарёи Хазарро тасарруф намуд. Вилоятҳои Ҷанд ва Саброн низ тобеи Алпарслон шуданд. Алпарслон таваҷҷӯҳи хосе ба давлатдории Византия дошт ва соли 1071 дар мавзее назди дарёчаи Ван сипоҳи [[Византия|Византияро]] шикаст дод. Бо ин иқдом вай дарвозаҳои он сарзаминро бар рӯи юришҳои туркон кушуд. Пас аз пирӯзиҳои пай дар пайи худ, Алпарслон саъй кард то иртиботи хубе бо умарои Самарқанд, Бухоро ва вилоятҳои Фарғонаву Туркистон дошта бошад. Ба ин манзур ӯ бо хонҳои қарохонӣ сиёсати оштиҷӯёнаро пеш гирифт. Вай бо духтари фармонравоии Кошғар ва Хутан – Қадрхон Юсуф издивоҷ кард ва писараш Маликшоҳ ҳам яке аз духтарони хони қарохониро ба занӣ гирифт. Бо вуҷуди ин дар охирҳои ҳукумати Алпарслон миёни салҷуқиён ва қарохониён ихтилофе ба миён омад. Тирамоҳи 1072 Алпарслон бо лашкари бисёре аз [[Ҷайҳун]] гузашта, ба тасарруфи шаҳрҳои [[Мовароуннаҳр]] оғоз кард ва сипоҳи ӯ то навоҳии [[Бухоро]] расид. Аммо ин лашкаркашӣ нима монд. Вайро ҷосусе захмӣ кард ва пас аз се - чаҳор рӯз даргузашт. Ӯро дар канори падараш дар Марв ба хок супурданд.
 
== Эзоҳ ==