Адабиётшиносӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''Адабиётшиносӣ''' — илмест, ки омилҳои пайдоиши адабиёти бадеӣ, хусусиятҳои он, қонуниятҳои раванди таърихии рушду инкишофи адабӣ ва асосҳои иҷтимоию ҳаётии онро меомӯзад. Адабиётшиносӣ аз се бахши асосӣ иборат аст: назарияи адабиёт, таърихи адабиёт, танқиди адабӣ.
Адабиётшиносӣ чанд илми дигар, аз ҷумла матншиносӣ, сабкшиносӣ, китобшиносӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Инҳо илмҳои ёвар буда, барои таҳқиқи дақиқ ва амалӣ шудани вазифаҳои асосии адабиётшиносӣ ёрӣ мерасонанд.
Афкори адабиётшиносӣ дар аввали пайдоиши адабиёти бадеӣ ташаккул ёфт, намунаҳои он дар андешаҳои донишмандони қадими [[Ҳиндустон]], [[Хитой]] ва [[Юнони Қадим]] ба назар мерасанд. Баъдан онҳо такомул ёфтаанд ва заминаи ташаккули илмии адабиётшиносӣ шудаанд. Рушди адабиёт ва диди зебоишиносии адибон барои инкишофи илми адабиётшиносӣ мусоидат кард. Рӯдакӣ муносибати шаклу мазмуни шеърро пай бурда, алоқаи мутақобилаи онҳоро дарёфта, аз шеър «лафзи хубу маънии осон» талаб кардааст, мавқеи иҷтимоӣ ва аҳамияти тарбиявии эҷоди бадеиро низ таъкид намудааст: