Адрасмон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Адрасмон''' — гулзардак, зардиспанд (Adonis turkestanicus), гиёҳест худрӯйи бисёрсола. Буттааш серпояи...
 
No edit summary
Сатри 1:
Адрасмон — шаҳрак (аз 26. 3. 1941), тобеи шаҳри Қайроққум. Дар қисми шимолии вил. Суғд, байни қатора-кӯҳҳои Қаромазору Қурама ҷойгир аст. Аввал ҳамчун деҳа ба ҷамоати деҳоти Қаромазори ноҳияи Ашт тобеъ буд. Аҳолиаш 12910 нафар (2009), тоҷикон, ӯзбекҳо ва миллатҳои дигар. Аз Адрасмон то шаҳри Қайроққум 72 км; роҳ асфалтпӯш. Адрасмон 5 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактаби мусиқӣ, нуқтаи санитарии тиббӣ, 2 дорухона, 2 китобхона, 2 клуб, 8 нуқтаи хизмати маишӣ, боғчаи кӯдакон, 12 нуқтаи савдои хусусӣ, 5 ошхона ва чойхона дорад. Адрасмон аз қадим бо маъданҳои рангаи худ машҳури ҷаҳон буд. Аз конҳои назди Адрасмон маъдани сурб, нуқра, руҳ, тилло, уран ва висмут истихроҷ мекунанд. Корхонаҳои асосии Адрасмон: Комбинати полиметаллии давлатии «Қаромазор» (1927), идораҳои кони Консой (1937) ва кони Қаромазор (1956), заводи таҷҳизоти пастшиддати барқии Адрасмон (1959), Комбинати қӯрғошиму руҳ (1970), Идораи шахтасозии Адрасмон (1972), Комбинати маъдантозакунӣ (1993).
'''Адрасмон''' — гулзардак, зардиспанд (Adonis turkestanicus), гиёҳест худрӯйи бисёрсола. Буттааш серпояи камшох (20 – 100 см қад мекашад), серпашмак. Баргҳои қисми поёни поя ба пулакчаҳо табдил ёфтаанд; баргҳои болотари поя калон, пармонанди бедумча. Гулаш, одатан, 10 – 15-баргаи зард (июн – июл мешукуфад). Моҳҳои июл – август тухм мебандад. Адрасмон асосан дар дашт, марғзор ва баъзан арчазор (қатор кӯҳҳои Туркистон, Зарафшон; дар баландии 2000 – 3200 м аз сатҳи баҳр) мерӯяд. Баргу пояи онро чорво намехӯрад. Баргу поя («алаф»)-и адрасмон ашёи хоми саноати тиб аст (онро аз оғози гулшукуфт то пухтани тухмаш меғундоранд). Адрасмонро ба ҳеҷ ваҷҳ решакан набояд кард (онро 7 – 10 см болотар аз сатҳи хок боэҳтиёт медараванд). Адрасмонро бо мақсади даво дар давраи гулшукуфт меғундоранд. Онро дар ҷойи соя ва шамолрас хушкондан лозим аст. Табибони халқӣ чойи алафи адрасмонро барои муолиҷаи илтиҳоби гурда, истисқо, табларза, ғашён, нуқси дил, гипертония, варами пойҳо, дамкӯтаҳӣ, ҳамчунин бо мақсади рондани талха ва пешоб тавсия медиҳанд (рӯзе 3 – 4 маротиба нимпиёлагӣ). Адрасмон яке аз муҳимтарин давоҳои бемориҳои дил аст. Маҳлул ва қиёми баргу пояи адрасмонро ҳангоми суст будани кори дил тавсия медиҳанд. Адрасмон ҷузъи таркибии доруҳои «қурси Бехтерев» ва «Адонисбром» мебошад. Баргу пояи адрасмон 0,23 – 0,28% карденолидҳо, 0,75% флаваноидҳо (витексин, ориентин ва ғайра), 0,03% кумаринҳо (умбеллиферон, скополетин), 9,2% сапонинҳо, 0,47% равған, 1,3 мг% каротин ва ғайра дорад. Хосияти шифоии адрасмон асосан ба карденолидҳо вобаста аст. Адрасмони гулаш сурх (сурхиспанд)-ро мушқут мегӯянд.
Ад.: Қомуси Қайроққум, Х., 2004.
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Адабиёт ==
*Флора Таджикской ССР, т. 4, Л., 1975;
*Халматов Х. Х., Основные лекарственные растения Средней Азии, Ташкент, 1984;
*Ҳоҷиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.
 
== Сарчашма ==
{{ЭМТ}}
 
[[Гурӯҳ: Биология]]