Белгия: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 97:
Дар Белгия телекоммуникатсия дар сатҳи олӣ қарор дорад (телевизион, радио, интернет, алоқаи мобилӣ). Дар Белгия наздики 30 пойгоҳи телевизионӣ, 10 ретранслятор, 90 пойгоҳи радиоӣ фаъолият доранд.
 
== Адабиёти Белгия ==
== Адабиёт ==
Адабиёти Белгия маҷмуи осор дар ду забон – фаронсавӣ ва фламандӣ (нидерландӣ) мебошад. Адабиёти фаронсавизабон аз а. 13 инкишоф ёфта, дар жанрҳои таърихӣ, романҳои ритсарӣ (ҷавонмардӣ), новелла ва шеърҳо падид омадааст. Жан Лемер де Белж шоири бузурги давраи Эҳё мебошад. Адабиёти а-ҳои 16–18 таҳти таъсири мактабҳои бадеии Фаронса ва ҷараёнҳои адабии классисизм ва маорифпарварӣ эҷод шудааст. Ф. Лебруссар, А. Ж. Ж. Лемайер, Ш. Потвен шоирони намоёни а. 19 мебошанд. Адабиёти фламандӣ то а. 17 як ҷузъи адабиёти нидерландӣ буд (Й. Хардёйн, А. Пойртерс, В. Огир). Кӯшиши эҷод кардани асарҳои сирф фламандӣ ва озод аз таъсири фаронсавӣ дар осори шоирони романтик П. ван Дёйсе, К. Л. Ледеганк, романнависон Х. Консианс, А. Бергман (а. 19) мушоҳида мешавад. Осори адиби машҳури ҷаҳон Шарл де Костер, махсусан романи ӯ «Достони Уленшпигел...» (1867) намунаи хуби ба ҳам омадани анъанаҳои адабии фламандӣ ва таъсири адабиёти Фаронса мебошад. Кӯшиши эҳё кардани адабиёти валлонӣ дар эҷодиёти Ш. Н. Симонон ва осори адибони ҷамъияти адабиёти валлонии Лйеж (1872) мушоҳида мешавад. Таҳти таъсири ҷараёнҳои ''натурализм'' ва ''символизм'' низ асарҳо эҷод шудаанд (ох. а. 19–авв. а. 20). Дар а. 20 Верхарн ва Метерлинк (Мукофоти нобелӣ, с. 1911) шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтанд. Осори ба қонунҳои ''реализм'' асосёфтаро Ф. Элленс, Д. Жиллес, Ж. Ленз (романҳои иҷтимоӣ ва новеллаҳо) эҷод кардаанд. Том Лануа ва Ҳерман Брюсселманс адибони машҳури замони ҳозира мебошанд.
 
Сатри 110:
Санъати балет дар Белгия мавқеи махсус дошта, намоишномаҳо дар ҳамдастӣ бо артистони балет ва балетмейстерҳои давлатҳои Аврупо ба саҳна гузошта мешаванд. Ҳайати труппаҳо ҳамеша гуногунмиллатанд. Ф. Баал, Т. Брулин, Л. Вандервест, Белгия Дамен ходимони бузурги санъати театрии авв. а. 21-и Белгия мебошанд. Солҳои охир дар Белгия драматургияи радиоӣ ва телевизионӣ бештар маъмул шудааст. Ба масъалаи театр барои бачагон таваҷҷуҳ бештар аст. Театрҳои лӯхтаки Белгия, Театри авангардии Ф. Нейринг «Тапос» шуҳрати ҷаҳонӣ доранд.
 
== Санъати киносинамо ==
Аввалин филм дар Брюссел с. 1896 намоиш дода шуда, авв. киностудия с. 1908 дар ш. Ҳарревелд таъсис ёфта буд. Асосан филмҳои мустанад, илмӣ-оммавӣ ва мардумшиносӣ наворбардорӣ мешуданд. Аввалин филми овозиро коргардон Г. Шукенсу эҷод кардааст. Коргардонҳои минбаъда бо истифода аз таҷрибаи филмбардорони англис, олмонӣ ва киноавангарди шӯравӣ филм меофариданд. Филмҳои бародарон Ж. П. ва Л. Жарден «Ваъда» (1996), «Розетта» (1999), «Писар» (2002), «Кӯдак» (2005), ки ҳама ҷоизадори Кинофестивали байналхалқӣ дар Канн мебошанд, «мавҷи нав» дар кинематографияи Белгия ҳисобида мешаванд. Дар Белгия чаҳор киностудия ва бузургтарин дар Аврупо Студияи филмҳои аниматсионии «Белвизон» (аз с. 1955) фаъолият доранд. Дар Белгия 30 нашрияи махсус бахшида ба кино ба табъ мерасад. Се мактаби олии кинематография, шуъбаҳои кинои як қатор донишгоҳҳо ва академияҳо барои ин соҳа мутахассис тайёр мекунанд. Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба кино дар Синематикаи шоҳонаи Брюссел, Осорхонаи кино, Донишкадаи миллии кинои илмӣ анҷом дода мешаванд. Аз с. 1954 соле ду маротиба фестивали филмҳои ватанӣ, як маротиба дар Брюссел ва Антверпен Кинофестивали байналхалқӣ гузаронида мешавад.
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Белгия"