Султонхон Адо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Адиб |ном = |номи аслӣ = Адо |тасвир = |тавсифи тасвир = |ном ҳангоми т...
(бе тафовут)

Нусха 09:50, 19 октябри 2017


Адо Султонхон, Султонхоҷаи Самарқандӣ (? – 1834 / 1835) — шоири тоҷик.

Султонхон Адо
Адо
Зодгоҳ: Истаравшан

Зиндагинома

Ҳаёт ва фаъолияти Адо бештар дар Самарқанд гузаштааст. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш Истаравшан назди падар гирифта, дар мадрасаи Кӯкалтоши Бухоро таҳсилро идома додааст. Баъди хатми таҳсил аз Бухоро ба зодгоҳаш баргашта дар доираи адабии Истаравшан фаъолона ширкат варзидааст. Адо ба хидмати амирони Хӯқанд Умархон (ҳукмронӣ 1808 – 1922) ва писараш Муҳаммадалихон (1828) дохил шуда, ба мартабаи маликушшуароӣ расид. Барои ҳалли масъалаҳои сатҳи давлатӣ ба амир Умархон ёрӣ мерасонд. Соли 1828 Амир Насруллоҳ (ҳукмронӣ 1827 – 1960) Адоро аз Хӯқанд ба Бухоро даъват карда, ба ӯ унвони шайхулисломро дод. Адо соҳиби 3 девон аст, ки яке дар Ганҷинаи дастхатҳои Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дуюму сеюм дар Институти шарқшиносии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфузанд. Адо дар тамоми анвои шеър табъозмоӣ карда, бо ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ шеър гуфтааст. Ғазалиёташ ишқӣ, қасидаҳояш мадҳиянд. Адо ба баъзе ғазалҳои устодони назми форс-тоҷик мухаммас, назира ва ё ҷавоб гуфтааст. Адо инчунин дар назираи «Гулзори Ирам»-и Мушфиқӣ достони «Нола ва афғон»-ро (иборат аз 312 байт) навиштааст. Дар достони мазкур 25 аъзои маҳбуба (аз кафи по то гардану ғабғаб, лаб, рӯ даҳон, чашму абру, кокулу гесӯ ва ғайра) бо санъати ташхис моҳирона тавсир шудаанд. Умуман, забони ашъори Адо содаву равон ва аз ҷиҳати бадеият баланд аст, вале дар баъзе шеърҳои ба сабки ҳиндӣ, дар тақлиди Бедил нигошташуда мушкилписандиҳо ба назар мерасанд. Намунае аз абёти Адо:

Хушо ринде, ки баъд аз мурданаш меросгири ӯ,
Ба ғайр аз пои тобуту асо чизе намегирад.
Бар сари турбати ман оиву шармандашавам,
Ҷон надорам, ки нисори қадамат мекардам.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Фазлии Намангонӣ, Маҷмӯат-уш-шуаро, Тошканд, 1902.,
  • Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, Тӯҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ул-асҳоб, Д., 1977;
  • Муҳаммад Ҳакимхон, Мунтахаб-ут-таворих (ба чоп ҳозиркунанда, А. Мухторов, дар 2 ҷилд), Д., 1983.

Сарчашма

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.