Султонхон Адо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 30:
 
== Зиндагинома ==
Ҳаёт ва фаъолияти Султонхон Адо бештар дар [[Самарқанд]] гузаштааст. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш [[Истаравшан]] назди падар гирифта, дар мадрасаи Кӯкалтоши [[Бухоро]] таҳсилро идома додааст. Баъди хатми таҳсил аз [[Бухоро]] ба зодгоҳаш баргашта дар доираи адабии [[Истаравшан]] фаъолона ширкат варзидааст. Адо ба хидмати амирони Хӯқанд Умархон (ҳукмронӣ 1808 – 1922) ва писараш Муҳаммадалихон (1828) дохил шуда, ба мартабаи маликушшуароӣ расид. Барои ҳалли масъалаҳои сатҳи давлатӣ ба амир Умархон ёрӣ мерасонд. Соли 1828 Амир Насруллоҳ (ҳукмронӣ 1827 – 1960) Адоро аз Хӯқанд ба [[Бухоро]] даъват карда, ба ӯ унвони шайхулисломро дод. Адо соҳиби 3 девон аст, ки яке дар Ганҷинаи дастхатҳои Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии [[Академияи Илмҳоиилмҳои Тоҷикистон|Академияи Илмҳо]]<nowiki/>и [[Ҷумҳурии Тоҷикистон]] ва дуюму сеюм дар Институти шарқшиносии Академияи Илмҳои [[Ҷумҳурии [[Ӯзбекистон]] маҳфузанд. Адо дар тамоми анвои шеър табъозмоӣ карда, бо ду забон – тоҷикӣ[[Тоҷикӣ|тоҷик]]<nowiki/>ӣ ва [[Ӯзбакӣ|ӯзбекӣ]] шеър гуфтааст. Ғазалиёташ ишқӣ, қасидаҳояш мадҳиянд. Адо ба баъзе ғазалҳои устодони назми форс-тоҷик мухаммас, назира ва ё ҷавоб гуфтааст. Адо инчунин дар назираи «Гулзори Ирам»-и Мушфиқӣ достони «Нола ва афғон»-ро (иборат аз 312 байт) навиштааст. Дар достони мазкур 25 аъзои маҳбуба (аз кафи по то гардану ғабғаб, лаб, рӯ даҳон, чашму абру, кокулу гесӯ ва ғайра) бо санъати ташхис моҳирона тавсир шудаанд. Умуман, забони ашъори Адо содаву равон ва аз ҷиҳати бадеият баланд аст, вале дар баъзе шеърҳои ба сабки ҳиндӣ, дар тақлиди [[Бедил]] нигошташуда мушкилписандиҳо ба назар мерасанд. Намунае аз абёти Адо:
 
::Хушо ринде, ки баъд аз мурданаш меросгири ӯ,