Адоии Шерозӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Адиб |ном = |номи аслӣ = Мавлоно Адоӣ |тасвир = |тавсифи тасвир = |ном...
(бе тафовут)

Нусха 04:40, 20 октябри 2017

Адоӣ Мавлоно Баҳоуддин Алии Шерозӣ (? - 1521, Истанбул) — шоири форс-тоҷик.

Адоии Шерозӣ
Мавлоно Адоӣ
Номи пурра Мавлоно Адои Баҳоуддин Алии Шерозӣ
Зодгоҳ: Шероз

Зиндагинома

Дар зодгоҳаш – Шероз таҳсил кардааст. Ба чанде аз шаҳрҳои Форсу Ироқ ва Озарбойҷону Арабистон сафар карда, бо аҳли фазлу адаб, шоирону донишмандон вохӯрдааст. Ҳангоми дар Истанбул зиндагӣ кардан бо супориши Султон Салим (ҳукмронӣ 1512 – 1520) саргузашти ӯро бо номи «Салимнома» дар вазни «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (баҳри мутақориб) навишт.

Ашъор

Адоӣ девони ашъор иборат аз қасидаҳову ғазалҳо ва дигар анвои шеър доштааст, вале он то ҳол дастраси муҳаққиқон нагардидааст. Намунаҳои зиёде аз навиштаҳояш ба тавассути тазкираҳову баёзҳо то замони мо расидаанд. Ғазалҳои ошиқонааш пурмазмун, забонашон содаву равон аст.

Эзоҳ

Сарчашма

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.