Хусрави Анӯшервон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
викификатсия
Сатри 16:
 
== Ҳукмронӣ ==
Баъд аз падараш [[Қубод]] солҳои 531 – 579 ҳукмронӣ кардааст. Дар мубориза барои тахту тоҷи падар бо бародаронаш бо ёрии Маҳбуди вазир ба пирӯзӣ расид. Дар замони подшоҳиаш бо давлати Рум ва дигар қабилаҳо ҷангида пирӯзиҳо ба даст даровардааст. Чунончи, дар соли 534 дар ҷанг бо румиҳо ғалаба кард ва тибқи аҳднома миёни ин ду давлат Рум чанд сол хироҷгузори Сосониён гардид. Соли 540 байни Сосониён ва Рум ҷанги навбатӣ даргирифт, соли 545 миёни ду тарафи ҷангкунанда мувофиқа эълон ва соли 561 сулҳи қатъӣ ба муддати панҷоҳ сол баста шуд. Дар ин ҷанг низ артиши Анӯшервон ғолиб омад. Анӯшервон бо туркҳо иттиҳод баста, қавмҳои ҳайтолиёнро шикаст дод ва соли 557 худи туркҳоро низ сахт саркӯб намуд. Соли 570 Анӯшервон марзҳои давлаташро то Яман густариш дод ва ҳабашҳоро берун ронд. Дар соли 576 бори дигар румиҳоро шикаст дод. Анӯшервон подшоҳи одил буд ва ба ӯ лақаби «Додгар»-ро додаанд. Дар баробари ҷангҳо Анӯшервон дар дохили кишвар ба хотири ободию осудагӣ ислоҳот гузаронд. Баъд аз баста шудани [[Академияи Афлотун|Академияи Афина]] ва ба таъқибот дучор гардидани ходимони он, Анӯшервон 7 тан аз файласуфони Юнонро ба дарбори худ пазируфт.
 
== Ҳамчунин нигаред==