Шоҳаншоҳии Ашконӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 3:
|номи қавмӣ = Parθava (Pahlav/Pahlavanigh)
|мақом = Империя
|харита = ParthiaParthian 001adEmpire at it's greatest extent.jpgpng
|p1 = Давлати Селевкиён
|s1 = Давлати Сосониён
|flag_s1 = Senmurv.svg
|тавсиф = Шоҳаншоҳииоҳаншоҳии Ашконӣ дар қаламравиниҳояти бузургтарингустариши худ.
|пойтахт = [[Нисо]], Гекатомпил, Экбатан, [[ТайсафуеТайсафун]] ({{шумора|500000|аҳолӣ}}), [[Селевкия]].
|религия = [[зардуштия]], [[меҳрпарастӣ]]
|забон =
Сатри 23:
 
=== Таъсисёбии сулолаи Ашкониён ===
[[Акс:Parthian Empire at it's greatest extent.png|thumb|302x302px|Шоҳаншоҳии Ашконӣ дар ниҳояти густариши худ.]]
Шикасти шоҳ Селевки II аз келтҳо наздики Анкир (соли 238 то милод) ба Ашк имкон дод, ки Андрагорро ронда, Портро соҳиб гардад. Як сатрапияи томи селевкиён ба дасти Эрониён гузашт. Дар ғарб соли 245 то милод ҷанги шадиди шаҳрвандӣ оғоз гардид. Сатрапияи Порт бо сарварии Андрагор шӯриданд, ба думболи хиёнати ӯ шӯриши Диодот – ҳокими Бохтар (шояд дар соли 239 рух дода бошад) сар зад. Қабилаи парнҳо, ки дар фаъолияти селевкиён нақши бузург мебозиданд, ба андешаи Страбон ва Трот яке аз қабилаҳои мутавасситае буд аз иттиҳоди дакҳои минтақаи шарқии Баҳри Хазар. Ба эҳтимоли қавӣ, парнҳо ба вилояти Порт ва Бохтар баъди марги Искандари Мақдунӣ кӯч баста бошанд. Баъдан ин қабилаҳо муқимӣ шуда, зиндагии нимкӯчӣ ихтиёр намуданд ва забонашон бо забони мардуми маҳаллӣ махлут гардид. Дар лавҳачаи аз Нисо (шаҳри қадимии портҳо) пайдошуда ба асосгузори сулолаи Ашкониён будани Ашк (Аршак) ишора рафтааст, ки ин аз шахсияти таърихӣ будани ӯ шаҳодат медиҳад. Минбаъд портҳо дар тақлид ба Селевкиён солшумориро аз давраи ба тахт нишастани Аршак (соли 247 то милод) оғоз карданд. Солҳои аввали давлатдорӣ портҳо ба ҳамроҳ кардани қисматҳои Гургон (Ҳирканиё) банд буданд. Дар ин байн Аршак фавтид ва тибқи анъанаҳои классикӣ ба тахт бародараш Тиридот Ашки II нишаст, пойтахт шаҳри қадимии Дара дар кӯҳсори Апаортенон (димнаи ин шаҳр дар ҳаволии Абеварди ҳозира ҳафр шуда) интихоб шуд; вале баъди забти Ҳирканиё ва Комитен пойтахт ба шаҳри Селевкӣ – Ҳекатомпил кӯчид. Пас аз марги Тиридот (соли 211 то милод) писараш Артабони I соҳибтахт шуд. Дар ин давра ҳудуди портҳо аз Ҳамадон то Мод тавсеа ёфт. Пас аз фавти Артабони I (соли 191 то милод) писараш Приапат подшоҳ шуд, ки ду писар дошт: Меҳрдод (Митридот) ва Фарҳод (Фраат). Баъд аз сари Приапат давлатдорӣ ба писари калониаш Фарҳод расид. Дар натиҷаи кишваркушоиҳои Фарҳод ҳудуди мулк хеле васеъ гардид.