Хилофати Умавиён: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 3:
'''Хилофати Умавиён''' ({{lang-ar|الخلافة الأموية}}) — давлати феодалӣ дар солҳои 661 — 750.
 
==Таъсисёбии хилофати Уммавиён==
==ТАЪСИСЁБИИ ХИЛОФАТИ УММАВИЁН==
Уммавии аввалин [[халифа]] Усмон буд. Вориси ӯ [[Муовия писари Абусуфиён|Муовия ибни Абусуфия]] мебошад. Ӯ [[соли 660]] дар [[Байтулмуқаддас ]]аз тарафи қабилаҳои содиқи суриягию арабӣ [[халифа]]и Араб эълон карда шуд. Оғози идораи сулолаи Уммавиён дар [[Димишқ]] [[соли 661]], баъди кушта шудани [[Алӣ]] ба ҳисоб меравад.
 
Сатри 10:
Халифаҳои Уммавиёнро одатан ба ду шохаи хешу табор тақсим мекунанд. Яке аз онҳоро Суфияҳо меномиданд, ки ин унвонашон аз номи падари Муовияи I бармеояд. Ба ин шохаи Муовия, писари ӯ - Язиди I ва набераи ӯ - Муовияи II дохиланд. Шохаи дуюм, ки Суфияҳоро дар тахту тоҷи хилофат иваз намудааст, бо номи Марвониён маьлум аст. Чунии номгузорӣ шудани ин шохаи сулолаи Уммавиён бо номи халифаи чоруми Уммавиён - Марвон алоқаманд аст.
 
==Ҳукмронии Суфияҳо==
==ҲУКМРОНИИ СУФИЯҲО==
[[Муовия писари Абусуфиён|Муовияи I]] дар Сурия заминҳои аз Византия ишғолкардаро ба даст дароварда, ба заминдори калонтарини ин ҷо табдил ёфт. Гарчанде то омадани арабҳо дар Сурия зироатпарварии обӣ тараққӣ карда буд, дар натиҷаи ҷангҳои тӯлонии арабҳо бо империяи Византия шабакаи обёрии заминҳои Сурия аз кор баромад. Баъди истилои Сурия ба ин ҷо хӯҷаинони нав омада, барои аз худ кардани заминҳои азкормонда аз меҳнати ҳазорон ғуломон истифода бурданд. Ба кандани ҷӯйҳои калон муҳандисон, обу заминшиносони донишманд роҳбарӣ мекарданд. Дере нагузашта заминҳои бекорхобидаю ташналаби Сурия ба минтақаи гулгулшукуфони зироату обчакорӣ ва боғу токпарварии Хилофат мубаддал гардиданд.
 
Сатри 24:
Хориҷшудагонро дар Ироқ ва Эрон хуб дастгирӣ мекарданд. Мардуми ин ҷо мартабаи халифа ва имоми шиъаро эътироф намекарданд.
 
==Фоҷиаи Карбало==
==ФОҶИАИ КАРБАЛО==
Баъди вафоти Муовия ба тахти хилофати Уммавиён писари ӯ Язид нишаст. Ӯро Муовия ҳанӯз ҳангоми зинда буданаш вориси худ эълон карда, хост, ки ба мартабаи халифаи Димишқ расонад. Лекин мувофиқи анъанаи қабилаҳои Макка халифа бояд интихоб карда мешуд. Бо ҳамин сабаб мухолифони ба Язид мерос додани тоҷу тахти хилофат каҳру ғазаби тарафдорони ин иқдомро ба вуҷуд овард. Ба ин иқдом махсусан авлоди [[Муҳаммад]] ва [[Алӣ]] зид баромаданд. Баромади аввалини ошкорои зидди Язид аз тарафи Ҳусейн доир гардид. Ӯ писари дуюми Алию Фотима ва набераи Муҳаммад пайғамбар буд. Ҳусейн худро вориси Қонун ин ҳокимияти олии Хилофати Уммавиён медонист.
 
Сатри 31:
карда шуда, худи Ҳусейн ба шаҳодат расид. Ин фоҷиъа дар моҳи муҳаррам ба амал омадааст. Бинобар ҳамин пайравонн мазҳаби шиъа ҳар сол дар рӯзи шаҳодати Хусейн мотам мегиранд.
 
==Хилофати Уммавиён дар аҳди Марвониҳо==
==ХИЛОФАТИ УММАВИЁН ДАР АҲДИ МАРВОНИҲО==
Халифа Муовияи II, ки ба тахти хилофат ба ҷои Язид нишаст, кори шоёне накарда, дере нагузашта, вафот мекунад. Ин хабарро шунида, лашкари Сурия ба Арабистон баргашга, номзадии Марвон ибни Ҳакимро ба вазифаи халифаи Димишқ дастгирӣ кард. Марвон ибни Ҳаким дар маҷлиси ҷонибдорони Уммавиҳо халифа эълон карда шуд. Вале ӯ баъди як соли ҳукмронӣ аз касалии тоун вафот кард.
 
Сатри 41:
 
Баъди ҳалок шудани Ибни Зубайр халифа Абдулмалик Ҳаҷҷоҷро дар Ироқ ноиби худ таъйин намуд.
==Забткориҳои Марвониҳо==
==ЗАБТКОРИҲОИ МАРВОНИҲО==
Забти шимоли Африқо, ки он ҷоро арабҳо Мағриб меномиданд, ҳанӯз соли 683 оғоз ёфта буд. Он вақт лашкаркаши араб Оқба ибни Нафис, ки дохили Мағриб ба масофаи хеле зиёд даромада буд, ба доми қабилаҳои барбарҳо афтода, ҳалок шуд.
 
Сатри 50:
Арабҳо ҳанӯз аз нимаи дуюми асри VII сар карда, дар ҳудудҳои [[Осиёи Марказӣ]] пайдо шуданд. Онҳо дар ин давра борҳо ба [[Бухоро]] ва шаҳру минтақаҳои дигари [[Осиёи Марказӣ]] ҳуҷум карда, ғанимати зиёди қиматбаҳо ба даст оварда, баъд ба тарафи дарёи Аму ақиб бармегаштанд. Вале дар аввали асри VIII лашкари арабҳо дар зери роҳбарии ноиби [[халифа]] дар [[Хуросон]] [[Қутайба ибни Муслим]] ба ишғоли Осиёи Марказӣ шурӯъ карда, [[Бухоро]], [[Самарқанд]], [[Хуҷанд]] ва шаҳру маҳалҳои дигари [[Мовароуннаҳр]]ро пайи ҳам ба даст овард. Арабҳо дар зарфи 30 соли аввали асри VIII тавонистанд, ки тамоми Осиёи Марказиро ишғол намуда, дар ин ҷо ҳокимияти Хилофати Димишқро (сулолаи Уммавиёнро) барпо намуда, дини исломро паҳн кунанд.
Марвониҳо дар лашкаркашиҳои худ дар самтҳои дигар низ муваффақиятҳои калон ба даст дароварда, Хилофати Димишқро ба империяи бузурги марказонидашуда табдил доданд.
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
==Пайвандҳои беруна ==
*[http://tarikh.narod.ru/index_13.htm Хилофати Уммавиён]
<references/>
[http://tarikh.narod.ru/index_13.htm Хилофати Уммавиён]
[[Гурӯҳ:Таърихи Тоҷикистон]]