Хилофати Умавиён: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
{{Давлати таърихӣ}}
|название = Омейядский халифат
|самоназвание = {{lang-ar|الخلافة الأموية}}
|статус =
|гимн =
|флаг = Umayyad Flag.svg
|описание_флага = [[Флаг халифата|Белый флаг]]
|герб =
|описание_герба =
|карта = Umayyad750ADloc.png
|размер = 250px
|описание = Хилофати Умавиён дар соли 750
|p1 = Хилофати Рошидин
|flag_p1 = Black flag.svg
|p2 = Империяи Византия
|flag_p2 = Simple Labarum.svg
|p3 = Подшоҳии Визигот
|flag_p3 = Hispania 700 AD.PNG
|image_p3 =
|таъсис = [[Соли 661|661]]
|барҳам = [[Соли 750|750]]
|type_after = Государства после распада…
|s1 =Аббасидский халифат
|flag_s1 =Black flag.svg
|s2 = Кордовский эмират
|flag_s2 = Umayyad Flag.svg
|image_s2 =
|s3 =
|flag_s3 =
|image_s3 =
|s4 =
|flag_s4 =
|image_s4 =
|девиз =
|столица = [[Дамаск]]
|города =
|язык = [[Арабский язык]]
|валюта = [[Динар Арабского халифата|динар]] и [[дирхем]]
|дополнительный_параметр =
|содержимое_параметра =
|площадь = 15 000 000 км²
|население = около 62 млн. чел. <small>([[арабы]], [[персы]], [[копты]], [[берберы]], [[сирийцы]], [[испанцы]] и др.)</small>
|форма_правления =
|династия = [[Омейяды]]
|титул_правителей = [[Амир аль-муминин]], [[халиф]]
|правитель1 = [[Муавия I ибн Абу Суфьян]]
|год_правителя1 = 661—680
|титул_правителей2 =
|правитель2 = [[Язид I ибн Муавия]]
|год_правителя2 = 680—683
|титул_правителей3 =
|правитель3 = [[Муавия II ибн Язид]]
|год_правителя3 = 683—684
|титул_правителей4 =
|правитель4 = [[Марван I ибн аль-Хакам]]
|год_правителя4 = 684—685
|титул_правителей5 =
|правитель5 = [[Абдул-Малик ибн Мерван]]
|год_правителя5 = 685—705
|титул_правителей6 =
|правитель6 = {{s|[[Аль-Валид I ибн Абдул-Малик]]}}
|год_правителя6 = 705—715
|правитель7 = [[Сулейман ибн Абдул-Малик]]
|год_правителя7 = 715—717
|правитель8 = [[Умар ибн Абдул-Азиз]]
|год_правителя8 = 717—720
|правитель9 = [[Язид II ибн Абдул-Малик]]
|год_правителя9 = 720—724
|правитель10 = [[Хишам ибн Абдул-Малик]]
|год_правителя10 = 724—743
|правитель11 = [[Аль-Валид II ибн Язид]]
|год_правителя11 = 743—744
|правитель12 = [[Язид III ибн аль-Валид]]
|год_правителя12 = 744
|правитель13 = [[Ибрахим ибн аль-Валид]]
|год_правителя13 = 744
|правитель14 = [[Марван II ибн Мухаммад]]
|год_правителя14 = 744—750
|религия = [[Ислам]]
|дополнительный_параметр1 =
|содержимое_параметра1 =
|Этап1 =
|Дата1 =
|Год1 =
|Этап2 =
|Дата2 =
|Год2 =
|дополнительный_параметр2 =
|содержимое_параметра2 =
|до = Праведный халифат
|д1 =
|д2 =
|после = Аббасидский халифат
|п1 = Кордовский эмират
|п2 =
|шарҳ =
}}
 
'''Хилофати Умавиён''' ({{lang-ar|الخلافة الأموية}})  — давлати феодалӣ дар солҳои 661 — 750661—750.
 
== Таъсисёбии хилофати Уммавиён ==
Уммавии аввалин [[халифа]] Усмон буд. Вориси ӯ [[Муовия писари Абусуфиён|Муовия ибни Абусуфия]] мебошад. Ӯ [[соли 660]] дар [[Байтулмуқаддас ]]аз тарафи қабилаҳои содиқи суриягию арабӣ [[халифа]]и Араб эълон карда шуд. Оғози идораи сулолаи Уммавиён дар [[Димишқ]] [[соли 661]], баъди кушта шудани [[Алӣ]] ба ҳисоб меравад.
 
Чаро шахсони ба Алӣ наздик [[халифа]] эълон карда нашуда, ба ин мансаби олӣ Муовия сазовор дониста шуд? Ин шахс ҳанӯз дар замони ҳукумронии [[халифа]] Умар ноиби ивазнашавандаи Сурияи бою ободу зебо буд. Муовия дар ин вазифа зиёда аз 20 сол ҳукмронии намуда, ба роҳбари эътирофшудаи ашрофони авлодии Сурия табдил ёфт. Муносибати Муовия ба мардуми Сурия самимонаю мусолиҳатомез буд. Аз ҳамин сабаб ӯро дастгирӣ мекарданд.
 
Халифаҳои Уммавиёнро одатан ба ду шохаи хешу табор тақсим мекунанд. Яке аз онҳоро Суфияҳо меномиданд, ки ин унвонашон аз номи падари Муовияи I бармеояд. Ба ин шохаи Муовия, писари ӯ - — Язиди I ва набераи ӯ - — Муовияи II дохиланд. Шохаи дуюм, ки Суфияҳоро дар тахту тоҷи хилофат иваз намудааст, бо номи Марвониён маьлум аст. Чунии номгузорӣ шудани ин шохаи сулолаи Уммавиён бо номи халифаи чоруми Уммавиён - — Марвон алоқаманд аст.
 
== Ҳукмронии Суфияҳо ==
[[Муовия писари Абусуфиён|Муовияи I]] дар Сурия заминҳои аз Византия ишғолкардаро ба даст дароварда, ба заминдори калонтарини ин ҷо табдил ёфт. Гарчанде то омадани арабҳо дар Сурия зироатпарварии обӣ тараққӣ карда буд, дар натиҷаи ҷангҳои тӯлонии арабҳо бо империяи Византия шабакаи обёрии заминҳои Сурия аз кор баромад. Баъди истилои Сурия ба ин ҷо хӯҷаинони нав омада, барои аз худ кардани заминҳои азкормонда аз меҳнати ҳазорон ғуломон истифода бурданд. Ба кандани ҷӯйҳои калон муҳандисон, обу заминшиносони донишманд роҳбарӣ мекарданд. Дере нагузашта заминҳои бекорхобидаю ташналаби Сурия ба минтақаи гулгулшукуфони зироату обчакорӣ ва боғу токпарварии Хилофат мубаддал гардиданд.
 
Line 20 ⟶ 116:
Дар замони ҳукмронии Муовияи I Хилофати Уммавиён давлати муттаҳидаю марказиятнок набуд. Лашкаркашон ва ҳокимони вилоятҳо бе назорат буданд. Бо вуҷуди ин намояндагонн ашрофи қабилаҳои араб, ки онҳоро халифа ба вазифаҳои баланд таъин карда буд, панҷяки ғаниматҳои ҳарбӣ ва андози ғункардашударо ба Димишқ равон мекарданд.
 
Дар минтақаҳои гуногуни Хилофат халифа ноибони худро таъин мекард. Вале на ҳамаи минтақаҳо ба ӯ итоат мекарданд. Миср пурра дар ихтиёри Амр ибни ал-Аса буд. Дар Ироқ бошад, ба халифа лозим меомад, ки қувва ба кор барад. Шиъаҳо ва хориҷшудагони дар инҷобуда ҳокимияти Муовияро эътироф накарда, роҳбари олии худ писари Алӣ - — Ҳасанро, ки модараш Фотима - — духтари Муҳаммад (с) пайғамбар буд, эътироф мекарданд. Онҳо Муовняро ҷинояткори ҳокимиятро бо зӯрӣ кашидагирифта мешумориданд.
 
Хориҷшудагонро дар Ироқ ва Эрон хуб дастгирӣ мекарданд. Мардуми ин ҷо мартабаи халифа ва имоми шиъаро эътироф намекарданд.
 
== Фоҷиаи Карбало ==
Баъди вафоти Муовия ба тахти хилофати Уммавиён писари ӯ Язид нишаст. Ӯро Муовия ҳанӯз ҳангоми зинда буданаш вориси худ эълон карда, хост, ки ба мартабаи халифаи Димишқ расонад. Лекин мувофиқи анъанаи қабилаҳои Макка халифа бояд интихоб карда мешуд. Бо ҳамин сабаб мухолифони ба Язид мерос додани тоҷу тахти хилофат каҳру ғазаби тарафдорони ин иқдомро ба вуҷуд овард. Ба ин иқдом махсусан авлоди [[Муҳаммад]] ва [[Алӣ]] зид баромаданд. Баромади аввалини ошкорои зидди Язид аз тарафи Ҳусейн доир гардид. Ӯ писари дуюми Алию Фотима ва набераи Муҳаммад пайғамбар буд. Ҳусейн худро вориси Қонун ин ҳокимияти олии Хилофати Уммавиён медонист.
 
Ҳусейн дар Макка аз ҳисоби ҷонибдорони худ дастаи мусаллаҳи 300-нафара ташкил намуда, ба Куфа раҳсипор шуд. Ба муқобили Ҳусейн ҳокими маҳаллии Уммавиён - — Убайдулло ибни Зиёд бо лашкари сершумори худ баромад. Ӯ дастаи камшумори Ҳусейнро дар дашти Карбало муҳосира намуд. Дар задухӯрди нобаробаре, ки соли 680 сурат гирифта буд, дастаи Ҳусейн пурра торумор
карда шуда, худи Ҳусейн ба шаҳодат расид. Ин фоҷиъа дар моҳи муҳаррам ба амал омадааст. Бинобар ҳамин пайравонн мазҳаби шиъа ҳар сол дар рӯзи шаҳодати Хусейн мотам мегиранд.
 
== Хилофати Уммавиён дар аҳди Марвониҳо ==
Халифа Муовияи II, ки ба тахти хилофат ба ҷои Язид нишаст, кори шоёне накарда, дере нагузашта, вафот мекунад. Ин хабарро шунида, лашкари Сурия ба Арабистон баргашга, номзадии Марвон ибни Ҳакимро ба вазифаи халифаи Димишқ дастгирӣ кард. Марвон ибни Ҳаким дар маҷлиси ҷонибдорони Уммавиҳо халифа эълон карда шуд. Вале ӯ баъди як соли ҳукмронӣ аз касалии тоун вафот кард.
 
Баъди вафоти Марвон Хилофати Уммавиёнро халифаҳо Абдулмалик ва Волиди I идора карданд.
Ҳангоми ба тахти Хилофати Уммавиён нишастани Абдулмалик танҳо Сурия ва Миср дар зери ҳокимияти халифаи Димишқ қарор доштанд. Аҳолии Арабистони Ғарбӣ ва Марказӣ, Ироқ ва вилоятҳои шарқии Хилофат ба ҳокими Макка - — Абдуллоҳ ибни Зубайр итоат мекарданд.
Соли 691 Абдулмалик бо лашкари худ ба Куфа дохил шуда, Ироқро ба Уммавнён тобеъ кунонд. Соли дигар амалиётҳои ҳарбии Абдулмалик дар Ҳичоз оғоз ёфтанд. Ин вақт Ҳиҷоз дар зери ҳокимияти Ибни Зубайр буд. Ӯ талаб мекард, ки ҳоҷиёни ба зиёрати Каъба ба Макка омада ба ӯ савганд ёд кунанд. Барои ба Ибни Зубайр берун аз Арабистон пеш бурда натавонистани таблш от Абдулмалик муқаррар намуд, ки ҳоҷиҳо ба ҷои Макка ба зиёрати Байтулмуқаддас раванд.
Ба муқобили Ибни Зубайр ба Макка аз ҳисоби арабҳои Миср бо сардории Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф лашкар фиристонда шуд. Ин лашкар баъди муҳосираи панҷҳафтаина Маккаро ишғол кард. Ибни Зубайр илоҷи муқобилиятро аз даст дода, аз модари пираш, ки қариб 100-сола буд, илоҷи воқеаро пурсид. Модари Ибни Зубайр духтари халифа Абӯбакр - — хоҳари Ойиша буд. Ӯ ба писараш маслиҳат дод, ки бар зидди Ҳаҷҷоҷ мубориза барад. Ҳамин тариқ, Ибни Зубайр дар майдони набард ҳалок гардид. Бо фармони Ҳаҷҷоҷ каллаи Ибни Зубайри кушташударо ба Абдулмалик, ба Димишқ фиристонида, ҷасадашро чормех карданд.
 
Баъди ҳалок шудани Ибни Зубайр халифа Абдулмалик Ҳаҷҷоҷро дар Ироқ ноиби худ таъйин намуд.
 
==Забткориҳои Марвониҳо==
== Забткориҳои Марвониҳо ==
Забти шимоли Африқо, ки он ҷоро арабҳо Мағриб меномиданд, ҳанӯз соли 683 оғоз ёфта буд. Он вақт лашкаркаши араб Оқба ибни Нафис, ки дохили Мағриб ба масофаи хеле зиёд даромада буд, ба доми қабилаҳои барбарҳо афтода, ҳалок шуд.
 
Дар охирҳои асри VII лашкари арабҳо аз нав дар Мағриб пайдо шуда, шаҳри Карфагени Тунисро ишғол намуд. Дар оғози асри VIII лашкаркаши араб Мӯсо ибни Нусайр ба Африқои Шимолӣ омада, дар ин ҷо ноиби аввали халифа шуд. Дар зери фармондеҳии Мӯсо ибни Нусайр Лашкари арабҳо тамоми Мағрибро ишғол намуда, соли 709 ба соҳилҳои уқёнуси Атлантик баромад. Арабҳо дар рафти ин лашкаркашӣ ба муқовимати сахти барбарҳо дучор шуда, талафоти калон ҳам дода буданд.
 
Баҳори соли 711 Мӯсо ибни Нусайр ба Пиреней, ки арабҳо онро "«Андалус"» меномиданд, ёрдамчии худ барбар Тариқро фиристод. Дар зери роҳбарии Тариқ 300 араб ва 700 барбари муттаҳид карда шуда буданд. Тариқ бо лашкари ҳуд ҳамон сол қаламрави зиёди Пиренейро ишғол кард. Соли 712 арабҳо флоти (киштиҳои) худро ба соҳилҳои Пиреней равон карданд. Ин дафъа ба артиши арабҳо худи Ибни Нусайр фармондеҳӣ мекард. Ба ӯ муясссар шуд, ки Андалусро ишғол кунад.
 
Арабҳо ҳанӯз аз нимаи дуюми асри VII сар карда, дар ҳудудҳои [[Осиёи Марказӣ]] пайдо шуданд. Онҳо дар ин давра борҳо ба [[Бухоро]] ва шаҳру минтақаҳои дигари [[Осиёи Марказӣ]] ҳуҷум карда, ғанимати зиёди қиматбаҳо ба даст оварда, баъд ба тарафи дарёи Аму ақиб бармегаштанд. Вале дар аввали асри VIII лашкари арабҳо дар зери роҳбарии ноиби [[халифа]] дар [[Хуросон]] [[Қутайба ибни Муслим]] ба ишғоли Осиёи Марказӣ шурӯъ карда, [[Бухоро]], [[Самарқанд]], [[Хуҷанд]] ва шаҳру маҳалҳои дигари [[Мовароуннаҳр]]ро пайи ҳам ба даст овард. Арабҳо дар зарфи 30 соли аввали асри VIII тавонистанд, ки тамоми Осиёи Марказиро ишғол намуда, дар ин ҷо ҳокимияти Хилофати Димишқро (сулолаи Уммавиёнро) барпо намуда, дини исломро паҳн кунанд.
Марвониҳо дар лашкаркашиҳои худ дар самтҳои дигар низ муваффақиятҳои калон ба даст дароварда, Хилофати Димишқро ба империяи бузурги марказонидашуда табдил доданд.
 
Line 54 ⟶ 151:
{{эзоҳ}}
 
== Пайвандҳо ==
==Пайвандҳои беруна ==
* [http://tarikh.narod.ru/index_13.htm Хилофати Уммавиён]
[[Гурӯҳ:Таърихи Тоҷикистон]]