Шавкат Ҳарисов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: ШАВКАТ ҲАРИСОВ 24 марти соли 1932 дар ноҳияи Чистополи Тотористон ба ҷаҳон омадааст. Факултаи фи...
(бе тафовут)

Нусха 11:14, 24 октябри 2017

ШАВКАТ ҲАРИСОВ 24 марти соли 1932 дар ноҳияи Чистополи Тотористон ба ҷаҳон омадааст. Факултаи физикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон (Душанбе, Кофарниҳон, Ҳисор) ва Тотористон муаллимӣ кардааст.

Эҷодиёт

Аз аввали солҳои 50-ум ба навиштани очерку ҳикоя шурӯъ кардааст. Муаллифи романи «Дар ҷустуҷӯи бахт» (1951), китоби очеркҳои «Норак» (1962), гулчини қиссаҳои «Санги гирён» (1964) мебошад. Соли 1968 нашриёти «Молодая гвардия» (Маскав) дар силсилаи «Ҳаёти одамони наҷиб» китоби ӯ «Садриддин Айнӣ»-ро (дар ҳаммуалифии Ю. Акобиров) ба табъ расондааст. Аз соли 1964 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. 23 декабри соли 1988 аз олам даргузашт.

Осор

  • «Дар ҷустуҷӯи бахт» (1951)
  • «Норак» (1962)
  • «Санги гирён» (1964)
  • «Садриддин Айнӣ» (1968)