Фарқият байни намунаҳои "Тоҳириён"

х
х (Вироиши AryanSogd (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки Фарогат Искандарова а...)
 
==Заволи сулола==
Давлати Тоҳириҳо ба миқдори зиёди амалдорони босавод эҳтиёҷ дошт. Аз ин ҷост, ки [[Абдуллоҳи Тоҳир|Абдуллоҳ]] кӯшиш мекард назар ба давраи гузашта дониш ва омӯзишро бештар дастраси оммаи васеи аҳолӣ гардонад. [[Абдуллоҳи Тоҳир|Абдуллоҳ]] низ монанди падари худ шоир буд. Бародарзодаи ӯ Мансур, ки [[Марв]], Омул ва [[Хоразм]]ро идора мекард, бо асарҳои фалсафии худ шӯҳрат пайдо карда буд. Писари [[Абдуллоҳи Тоҳир|Абдуллоҳ]] Тоҳири II ([[844]] – [[862]]) саъй мекард, ки дар ҳар бобат ба падараш тақлид намояд. Умуман, замони ҳукмронии Абдуллоҳ ва Тоҳирро метавон оғози эҳёи маданияти маҳаллӣ номид. Аммо ин протссес хеле мураккаб ва ихтилофомез буд. Гап дар сари ин аст, ки худи намояндагони сулолаи Тоҳириён, хусусан [[Абдуллоҳи Тоҳир|Абдуллоҳ]], ба маданияти араб ва тамоми зуҳуроти он ихлос доштани худро бо исрор таъкид мекарданд. Дар асри IX ва ибтидои асри X дар [[Эрон]] ҷамоатҳои зардуштӣ нашъат пайдо карда, маҳз дар ҳамин вақт чунин асраҳои зардуштӣ, аз қабили «Бундаҳишн» ва «Денкарт», инчунин як қатор таълифоти ғайридинӣ ба вуҷуд меоянд. Тоҳириён ҳамаи инро ба эътибор нагирифта наметавонистанд, хусусан, ки аз ҷиҳати сиёсати душмани асосиашон хилофати Аббосӣ буд ва худи онҳо ба ҳамон вилоятҳое такя мекарданд, ки аксари аҳолиашон эронизабон буданд. Маҳз аз ҳамин сабаб Тоҳириён ба шоирон, алалхусус, мӯътақидони шуубия иҷозат медоданд, ки онҳоро бо подшоҳону қаҳрамонони Эрони пеш аз ислом қиёс карда, [[ситоиш]] намоянд. Дар дарбори Тоҳириён дар қатори забони арабӣ забони форсӣ ҳам мустаъмал буд. Дар Марв китобхонае вуҷуд дошт, ки асарҳои ба забони паҳлавӣ навишта шуда нигоҳдошта мешуд.<ref>Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарси). – Душанбе,2011. –с– С.94- 96.</ref>
Охирин намояндаи сулола Муҳаммад ибни Тоҳир (862-873) натавонист, ки қудрати давлатлориро нигоҳ дорад. Зидди Тоҳириён [[Яъқуб ибни Лайс]] аввал дар [[Сиистон]] исён бардошта онҷо ҳукмрон гардид, сипас дар муҳорибаҳои оянда лашкари тоҳириёнро шикаст дода вилоятҳои [[Хуросон]]ро ба тасарруфаш даровард. Ниҳоят соли 873 [[Яъқуб ибни Лайс]] Нишопур, пойтахти давлати Тоҳириёнро забт намуд. Бо ҷойи сулолаи Тоҳириён сололаи дигари тоҷиктабор [[Саффориён]] (873-900) дар Хуросон ҳукмрон гардид.
{{таърих-нопурра}}
 
== Пайнавиштҳо ==