Open main menu

Changes

х
ислоҳ, илова
[[Акс:Dushanbe-Plaza.JPG|right|thumb|Бинои баландошёнаи Душанбе Плаза]]
[[File:Административное деление Душанбе.png|thumb|Тақсимоти маъмурии Душанбе]]
Нақшаи нави генералии шаҳри Душанбе бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 тасдиқ гардид, ки тибқи он васеъшавии асосии маъмурию ҳудудии пойтахт ба ҷануб, қисман ба шимол, шарқ ва ғарб амалӣ шуда, зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳр аз 12, 7 ҳазор гектари ҳозира то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор гектар баъди соли 2040 пешбинӣ гардидааст.<ref>[http://khovar.tj/2017/10/31-oktyabr-r-zi-umumi-a-onii-sha-r-o-to-soli-2025-simoi-dushanbe-ba-tavri-shinohtanashavanda-ta-jir-meyobad/ 31 ОКТЯБР — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. То соли 2025 симои Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир меёбад] </ref>
 
Афзоиши шумораи аҳолӣ дар ҳудуди лоиҳавӣ дар марҳалаи аввал то соли 2025 936 ҳазор нафар ва дар муҳлати ҳисобӣ то соли 2040 1 миллиону 176 ҳазор нафар муайян гардидааст.
== Таърих ==
Сарзамине, ки ҳамакнун шаҳри Душанбе дар он ҷой дорад, дар садаҳои миёна «'''Шумон'''» ({{lang-fa|«شومان»}}) ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва таърихномаҳои қадим ба гунаи «'''Сумон'''» ({{lang-fa|«سومان»}}) низ навишта шудааст. Дар «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» омада: «Шумон шаҳрест устувор ва бабаро кӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи обаст бузург. Аз вай заъфарон хезад бисёр».<ref>«Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 хиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. Теҳрон: Китобхонаи Таҳурӣ, Ширкати офсети «Гулшан». 1983 – саҳ. 110</ref> Шумон дар қисмати болооби рӯди Қубодиён ва шимоли Пули Сангин ва шаҳри Вошҷирд (Висагирд, акнун — Файзобод) воқеъ буд, ки ба гуфтаи Истахрӣ ба андозаи Тирмиз вусъат дошт ва ба масофати андаке дар ҷануби он қалъаи бузурги Шумон вокеъ буд. Муқаддасӣ дар «Аҳсан ал-тақосим» гӯяд: «Шумон маконе пурҷамъият ва ободу неку аст». Шарафуддин Алии Яздӣ дар «Зафарномаи Темурӣ» аз ин қалъа ба номи «Ҳисори Шодмон» ({{lang-fa|«حصار شادمان»}}) ёд карда ва ғолибан онро ба сурати мухтасар «Ҳисор» ({{lang-fa|«حصار»}}) ё «Ҳисорак» ({{lang-fa|«حصارک»}}) навишта ва имрӯз ҳам «Ҳисор» маъруф аст.<ref>''ЛеСтренж, Ги''. «Сарзаминҳои Хилофати шарқӣ». Тарҷумаи Маҳмуд Ирфон. Теҳрон: Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб. 1336 ҳ.ш. = 1958 м. – саҳ. 468</ref> Шоёни ёдоварист, ки вожаи «ҳисор» арабӣ ва маънояш «диж» ва «қалъа» аст. Қалъае, ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV – XVII м. «'''ҳисори Шодмон'''», яъне «'''қалъаи Шодмон'''», номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз «Шодмон» аз он афтоду «ҳисор» монд ва исми хос — «'''Ҳисор'''» – гашт.
 
Дар Душанбе намояндаҳои [[Созмони Милали Муттаҳид]] ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Фонди байналхалқии асъор ва дигар институтҳои байналмилалии бонуфуз, корпуси дипломатии давлатҳои хориҷӣ мустақар мебошанд. Барои саҳми беандозаи Душанбе дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ, ҳамфикрӣ ва ҳамрайъӣ дар ҳайёти ҳамарӯза [[4 август]]и [[соли 2004]] бо қарори [[ЮНЕСКО]] ба шаҳри Душанбе Ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ»-и [[ЮНЕСКО]] дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором барои солҳои 2002—2003 дода шуд.<ref name="ReferenceA"/>
 
Боиси зикр аст, ки дар шаҳри Душанбе соли [[31 август]]и [[соли 2011]] рекорди нави ҷаҳонӣ гузошта шуд. Ин рекорди нави ҷаҳонӣ, — '''ифтитоҳи парчами баландтарини дунё, ки баландии он 165 метрро ташкил мекунад''', ба ҳисоб меравад.
 
==Донистаниҳо ==
Боиси зикр аст, ки дар шаҳри Душанбе соли* [[31 август]]и [[соли 2011]] дар шаҳри Душанбе рекорди нави ҷаҳонӣ гузошта шуд. Ин рекорди нави ҷаҳонӣ, — '''ифтитоҳи парчами баландтарини дунё, ки баландии он 165 метрро ташкил мекунад''', ба ҳисоб меравад.
* Ба ифтихори 90-умин солгарди шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе аз ҷониби Форуми байналмилалии "Мегаполис"-и асри XXI бо Дипломи VII – умин озмуни байналмилалии таҷрибаҳои шаҳрии шаҳрҳои ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё «Шаҳре, ки он ҷо зистан мефорад» — 2014 барои ободонӣ, рушди инфарасохтории муосири шаҳрӣ ва дар сатҳи олии ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳои байнидавлатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай сарфароз гардид.<ref>[http://www.dushanbe.tj/news/870/ Шаҳре, ки он ҷо зистан мефорад]</ref>
* Душанбе соли 2017 аз ҷумлаи 20 шаҳри тамошобоби қитаъаи Осиё дар маҷаллаи The Telegraph Бритианияи Кабир номбар карда шудааст.<ref>[http://www.telegraph.co.uk/travel/lists/the-least-liveable-cities-on-earth/dushanbe/ The 20 least liveable cities on Earth]</ref>