Иброҳим Ҳасанов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 17:
|санаи марг = 02.03.2010
|маҳалли марг =
|солҳои маснад = 1960
|тарафи корӣ =
|мураббӣ =
Сатри 34:
Ӯ 11 карат қаҳрамони [[Иттиҳоди Шӯравӣ]] дар [[заврақронӣ]] дар заврақи навъи [[байдарка]] буда, аввалин варзишгари тоҷик аст, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби СССР оид ба заврақронӣ дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли [[1960]] дар [[Рим]] ва соли [[1964]] дар [[Токио]] ҳунарнамоӣ кардааст. Иброҳим Ҳасанов, унвонҳои баланди Устоди шоистаи варзиш ва Мураббии шоистаи Итиҳоди Шӯравиро дошт. Вай барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти заврақронии ҷаҳонӣ ва аврупоӣ буд.
 
Иброҳим Ҳасанов солҳои [[1984]]-[[1985]] раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, солҳои [[1985]]-[[1991]] раиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон ва аввалин раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон буд. Вай ду маротиба депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон интихоб шудааст.
 
Иброҳим Ҳасанов, ки дар тарбияи шогирдон саҳми арзанда гузоштааст, мураббии барҷастаи Тоҷикистон дар асри ХХ эътироф шудааст. Аз ҷумлаи шогирдонаш [[Юрий Лобанов]], қаҳрамон ва барандаи медали биринҷии олимпӣ, қаҳрамони 8-каратаи ҷаҳон ва [[Михаил Лобанов]] қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон мебошанд.
 
== Мукофот ==
Бо ордени «Нишони фахрӣ», Устоди шоистаи варзиши ИҶШС, Мураббии шоистаи варзиши ИҶШС, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, Мукофоти комсомоли Тоҷикистон ва дигар мукофотҳои ҳукуматӣ сарфароз шудааст.
 
== Беморӣ ва марг ==
Иброҳим Ҳасанов, ки чанд соли ахир тими мунтахаби қаиқронии Эронро машқ медод, [[2 март]]и [[соли 2010]] бар асари ҳамлаи қалбӣ дар синни 73 солагӣ дар [[Теҳрон]] аз олам даргузашт<ref>{{Cite web|url=https://www.ozodi.org/a/1972560.html|title=Иброҳим Ҳасанов, мураббии варзидаи тоҷик даргузашт|publisher=Радиои Озодӣ|accessdate=2017-10-17}}</ref>.