Фарқият байни намунаҳои "Алгол"

no edit summary
 
'''Алгол''' (''англисӣ аlgorithmic language – забони алгоритмӣ'') — забони алгоритмие, ки дар барномасозӣ истифода мешавад.
 
Алгоритмҳое, ки бо ин забон навишта шудаанд, ба забони (ё аниқтараш барномаи) компютерҳои гуногун ба воситаи транслятор (тарҷумони)-и махсус ворид карда мешаванд.
 
== Таърихи забони алгоритмӣ ==
Корҳои марбут ба сохтани забони алгоритмӣ солҳои 1955 – 1956 дар ШМА аз ҷониби Ассотсиатсия оид ба техникаи ҳисоббарорӣ (АСМ) ва дар [[Аврупо]] аз ҷониби Ҷамъияти [[Олмонӣ|германиявӣ]] оид ба математикаи амалӣ ва механика (GAMM) оғоз гардида буданд. Соли 1958 ACM ва GAMM гузориши муштараки худ ро оид ба забони алгоритмӣ омода сохта, онро АЛГОЛ-58 ном гузоштанд. Моҳи январи 1960 дар Конференсияи байналмилалии [[Париж]] пас аз муҳокимаи васеъ намояндагони ҳафт давлат – [[ШМА]], [[Олмон|Ҷумҳурии Федералии Германия]], [[Англия]], [[Франсия]], [[Дания]], [[Нидерланд|Нидерландия]] ва [[Швейтсария]] лоиҳаи такмилдодашудаи забонро қабул карда, онро АЛГОЛ-60 номиданд. Нигар Забони барномасозӣ.
 
== Эзоҳ ==