Маҳмудҷон Воҳидов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
навсозӣ
ислоҳ
Сатри 29:
 
== Зиндагинома ==
Маҳмуд Воҳидов [[10 октябр]]и [[1939]], дар шаҳраки [[Шайдон]] -и, [[ноҳияи Ашт]] ба дунё омадааст. Аз оилаи деҳқон. Аввалин бор Маҳмудҷон Ваҳидов дар рӯзҳои Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри МоскваМаскав, ки моҳи апрели соли 1957 баргузор гардид, дар толори консертии ба номи Чайковский шеъри М. Турсунзода «Мамлакати тиллоӣ» ва баъди қарсакзаниҳои дурудароз шеъри А. Воситзода «Дар сари роҳи калон»-ро хонда, шӯҳратушуҳрату муваффақиятро соҳиб гардид. Тоқии чоргулу ҷомаи беқасаб дар бар ба саҳна баромад. Вай нахустин бор бо ҳазорон нафар рӯ ба рӯ шуд. Баъди бозгашт аз Маскав дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон як сол кор кард ва сипас якбора ба курси 3-юми шуъбаи тоҷикии донишкадаи ба номи Луначарскийи шаҳри Маскав дохил шуд.<ref name="Ҳунарпешаи нотакрор">[http://www.omuzgor-news.tj/?p=5901 Ҳунарпешаи нотакрор]</ref> Донишкадаи давлатии санъати театри Москва (ГИТИС)-ро с. 1960 хатм кард. Солҳои 1960—1961 ҳамчун ҳунарпешаи [[Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ]] хунарнамой кард, аз 1961 ҳунарпешаи [[Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ]] буд.
 
== Нақшҳои саҳнавӣ ==