Маҳмудҷон Воҳидов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
ислоҳ
ислоҳ
Сатри 29:
 
== Зиндагинома ==
Маҳмуд Воҳидов [[10 октябр]]и [[1939]], дар шаҳраки [[Шайдон]]-и, [[ноҳияи Ашт]] ба дунё омадааст. Аз оилаи деҳқон. Аввалин бор Маҳмудҷон Ваҳидов дар рӯзҳои Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Маскав, ки моҳи апрели соли 1957 баргузор гардид, дар толори консертии ба номи Чайковский шеъри М. Турсунзода «Мамлакати тиллоӣ» ва баъди қарсакзаниҳои дурудароз шеъри А. Воситзода «Дар сари роҳи калон»-ро хонда, шуҳрату муваффақиятро соҳиб гардид. Тоқии чоргулу ҷомаи беқасаб дар бар ба саҳна баромад. Вай нахустин бор бо ҳазорон нафар рӯ ба рӯ шуд. Баъди бозгашт аз Маскав дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон як сол кор кард ва сипас якбора ба курси 3-юми шуъбаи тоҷикии донишкадаи ба номи Луначарскийи шаҳри Маскав дохил шуд.<ref name="Ҳунарпешаи нотакрор">[http://www.omuzgor-news.tj/?p=5901 Ҳунарпешаи нотакрор]</ref> Донишкадаи давлатии санъати театри Москва (ГИТИС)-ро с. 1960 хатм кард. Солҳои 1960—1961 ҳамчун ҳунарпешаи [[Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ]] хунарнамой кард,. азАз 1961 ҳунарпешаи [[Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ]] буд.
 
== Нақшҳои саҳнавӣ ==
Амиқ кушодани ҷаҳони ботинии қаҳрамон, дарк намудани ҷиҳатҳои психологииравонии образ, овози ҷарангдор ва, хусусан, таъсири амиқи эмоционалӣ (ҳиссӣ) ба тамошобин ҷиҳатҳои асосии маҳорати артистии Маҳмуд Воҳидов мебошанд. Соли 1973, вақте ки нақши Рӯдакиро офарид, ҳамагонро ба ваҷд овард. 5 декабри соли 1973 Маҳмудҷон Воҳидов ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор гардид.<ref name="Ҳунарпешаи нотакрор"/>
Ролҳои асосии иҷрокардаи Маҳмуд Воҳидов:
* Митя («Камбағалӣ айб нест»-и А. Островский, 1960),
Сатри 70:
 
== Донистаниҳои ҷолиб ==
Маҳмуд Воҳидов дар айни камолот дар сафари эҷодӣ [[9 ноябр|12 ноябр]]и соли [[1977]], дар шаҳри [[Бағдод]] вафот кардааст. Дар ин сафари ҷавобии санъаткорони Тоҷикистон ба Ироқ Воҳидов ҳамчун барандаи консертҳо иштирок намуда, порчаҳо аз ашъори [[Ҳофиз]] ва Румиро ба забони арабӣ моҳирона қироат кардааст ва лоиқи таҳсини тамошобинон шудааст. Ин сафари ҳунарии нотакроре буд, мегуяндмегӯянд иштирокчиёни он. Ба гуфтаи наздиконаш Маҳмуд Воҳидов пеш аз сафар мариз буд, вале котеъона барои сафар кардан камар баст. Ӯ дар [[Душанбе]], дар [[боғи Лучоб]] ба хок супорида шудааст.
* Ба номи ӯ [[Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов|Театри давлатии ҷавонони ш. Душанбе]] гузошта шудааст.