Мавлуда Раҳимова: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Мавлуда Раҳимова
 
илова
Сатри 30:
== Зиндагинома ==
Мавлуда Муродовна Раҳимова соли 1976 факултаи муолиҷавии [[Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино|Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино]]ро хатм карда, ба сифати духтури интерн чанде фаъолият доштааст. Солҳои 1977-1986 мудири шуъбаи сурдологопедияи ҷумҳуриявӣ, 1987-1992 мудири шуъбаи бемориҳои гўшу гулӯ ва бинии Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии рақами 3, 1993-2003 ассистенти кафедра ва аз 2004 дотсенти кафедраи беморҳои гўшу гулў ва бинии ДДТТ ба номи Ибни Сино мебошад.
Раванди бемориҳои гўшу гулў ва бинии занони ҳомиларо мавриди таҳқиқ қарор дода, бобати шунавоии фазоӣ барои ахбори нутќӣ ва аҳамияти он дар ташхиси аудиологӣ андешаҳои ҷолиб баён доштааст.<ref>Аслҳо ва наслҳо. - Душанбе, 1988. – С.106. ISBN 978-99947-958-2-6</ref>
== Мукофот ==
Бо медали «Барои меҳнати шоён» қадр шудааст.<ref>Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб [[Ёрмуҳаммади Сучонӣ]]. – Душанбе, 2017. – С. 485.</ref>