Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х мусавварсозӣ
х мусавварсозӣ., гурӯҳбандӣ
Сатри 10:
ва [[Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон]]<ref>[http://www.president.tj/taxonomy/term/5/145 '''Низомнома дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон''']</ref>; дар бораи сохтори Шӯ­рои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи ташкил на­мудани [[вилояти Хатлон]] дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин шумор буданд.<ref>[http://khovar.tj/2017/11/abufatto-sharifzoda-i-losiyai-xvi-sh-roi-ol-sat-i-hudshinos-asolati-vatandor-va-iftihori-millii-sha-rvandonro-hele-bolo-burd/ «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд»]</ref>
 
Бинобар вуҷуд надоштани шароит дар давраи муайян масъалаи даст кашидан аз ҳокимияти президентӣ ба муҳокимаи депутатҳои халқ гузошта шуд. ([[Раҳмон Набиев]] собиқ Президенти Тоҷикистон дар иҷлосия баромад намуда аз мансаби президентӣ озод намуданашро изҳор намуд). Дар лоиҳаи қа­рор, ки ба баррасии депутатҳои халқ пешниҳод гардид, пеш­бинӣ шуда буд, ки ваколатҳои мансуб ба Президент мин­баъд ба ӯҳдаи Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои Олӣ, Ҳукумат ва қисман ба ӯҳдаи Раёсати Шӯрои Вазирон вогузор карда ша­вад. Бинобар ин моддаи 99-и Конститутсия дар таҳрири нав пешниҳод гардид. Мутобиқи он Шӯрои Олӣ бо пеш­ниҳоди Шӯрои Вазирон вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таш­кил менамуд ва ё барҳам медод. Масъалаҳои таъйин ва бозхонди намояндагони дипломатӣ ва консулгарӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ, ки пештар ваколати Президент ба шумор мерафт, ба зиммаи Раёсати Шӯрои Олӣ таҳвил гардид. Тибқи моддаи 109 Конститутсия Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷ­икистон ва Сарфармондеҳи тамоми қувваҳои мусаллаҳи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ба ҷои Девони Ва­зирон ташкил додани Шӯрои Вазирон ба мақсад мувофиқ до­нис­та шуд. Аз ин рӯ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Консти­тут­сияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қа­бул гардид. Акнун дар байни Иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ ма­қомоти олии ҳокимияти халқӣ Раёсати Шӯрои Олӣ ба шу­мор мерафт, ки он давлатро ба таври кул идора мекард. Бар­ҳам додани идоракунии Президентиро дар Иҷлосияи XVI Шӯ­рои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси он [[Эмомалӣ Раҳмон]] (Э.Ш. Раҳ­монов) ҳамчун роҳи пешгирӣ намудани мансабталошиҳо ва во­ситаи мустаҳкам сохтани мавқеи давлатамон дар арсаи ҷа­ҳонӣ ҳисобида буд.<ref>[http://khovar.tj/2017/11/abufatto-sharifzoda-i-losiyai-xvi-sh-roi-ol-sat-i-hudshinos-asolati-vatandor-va-iftihori-millii-sha-rvandonro-hele-bolo-burd/ «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд»]</ref>
== Аввалин рамзҳои давлатии Тоҷикистон ==
<gallery>
Акс:Coat of arms of Tajikistan 1992-1993.svg|Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991–1992)
Line 17 ⟶ 19:
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
{{ҷавона}}
 
{{тоҷикистон}}
[[Гурӯҳ:Таърихи Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Сиёсат дар Тоҷикистон]]