Хасмол: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 13:
| MeshID =
}}
'''Хасмол''' ({{lang-la|panaricium}}), '''милкак''', '''панаритсий''' — [[илтиҳоб]]и шадиду фасодноки бофтаҳои [[ангушт]]и даст. Бештар дар нӯги ангушт дар натиҷаи ба захми хурд (ҷои кадифа, харошхӯрда, бурида, хор ё сӯзан халида ва ғ.) роҳ ёфтани микробҳои фасодовар пайдо мешавад.
 
== Навъҳои хасмол ==
Хасмол сатҳӣ ва амиқ мешавад:
 
сатҳӣ
* пӯст
* назди нохун
* зери нохун
амиқ
* зери пӯст
* пай
* банд
* устухон
 
== Пайдоиши беморӣ ==
Бештар дар нӯги ангушт дар натиҷаи ба захми хурд (ҷои кадифа, харошхӯрда, бурида, хор ё сӯзан халида ва ғ.) роҳ ёфтани микробҳои фасодовар пайдо мешавад. Хасмол сатҳӣ (пӯст, назди нохун, зери нохун) ва амиқ (зери пӯст, пай, банд ва устухон) мешавад. Ҳангоми хасмоли пӯст дар зери эпидермис (қабати берунии пӯст) фасод ғун шуда, обилаи пур аз моеъи тира, баъзан хунолуд пайдо мегардад; пӯсти атрофи обила сурх гашта, кам-кам дард мекунад, асосан сӯзиш ҳис мешавад. Обила тадриҷан калон гашта, илтиҳоб мумкин аст ба бофтаҳои амиқ гузарад. Дар аснои хасмоли назди нохун обилаи римнок дар пӯсти болиштаки нохун пайдо мегардад.
 
== Авориз ==
гарАгар фасод ба зери нохун гузарад, хасмоли зери нохун ном мегирад. Чунин хасмол дар сурати ба зери нӯги нохун халидани сӯзан ё хор низ пайдо мешавад. Ҳангоми табобат накардан, газаки римнок мумкин аст ба устухони банди нохун паҳн гардад.
 
Хасмоли амиқ, одатан, дар сатҳи ангушт (аввал зери пӯст) пайдо мешавад. Азбаски пӯсти ин тарафи ангуштон сахт аст, фасоди зери он кафида натавониста, газак ба дарун — ба пай, банд ва устухон паҳн мегардад, баъзан онҳоро иллатнок мекунад. Ба хасмоли зери пӯст дарди доимӣ (махсусан шабона) ва сихзананда хос аст. Вақти ба ангушт даст расондан, дарди сахт пайдо мешавад. Агар ҳангоми рост ё қат кардани ангушт дард шиддат гирад, ин шаҳодат медиҳад, ки хасмол ба пай ё банд гузаштааст.
 
Ҳар навъи хасмол, махсусан хасмоли амиқ, метавонад боди ногувор гузорад; микробҳои фасодовар мумкин аст аз манбаи газак бо рагҳои лимфа ва хун ба узву бофтаҳои дур гузашта, боиси иллати онҳо ва уфунат (сирояти умумии хун) гарданд; хасмоли устухон боиси бадшаклии нохуни ангушт, хасмоли пай ва банд сабаби беҳаракатии ангушт гардида метавонад. Дар сурати табобат накардани хасмоли амиқ фасод аксар вақт ба бофтаҳои кафи даст ва минбаъд ба банди даст паҳн шуда, ҷарроҳии мураккабро талаб мекунад.

== Худмуолиҷа ==
Аз ин рӯ баробари пайдо шудани аввалин нишонаҳои газак ба духтур муроҷиат кардан зарур аст. хасмолро худсарона табобат кардан (масалан, кафондани обилаи римнок) манъ аст. Бояд дар назар дошт, ки агар фасод аз мағз ба зери эпидермис гузарад, ҳангоми хасмоли зери пӯст низ обилаи римнок пайдо шуда метавонад. Худсарона кафондани чунин римхона иллати амиқро бартараф накарда, балки ҷараёни газакро мураккаб мегардонад. Махсусан кушиши худмуолиҷаи хасмоли чуқур бо марҳам норавост.
 
== Пешгирии беморӣ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Хасмол"