Алии Қушчӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 26:
}}
 
'''Алии Қушчӣ''' тахалус(тахалусаш), '''''Мавлоно Алоуддин Алӣ ибни Муҳаммад Қушчии Самарқандӣ''''' ([[1403]], [[Самарқанд]] – [[1474]], [[Истанбул]]) — [[мунаҷҷим]], олим ва мутафаккири номӣ, яке аз бузургтарин намояндаи мактаби илмии Самарқанд.
 
== Зиндагинома ==
Сатри 36:
Алии Қушчӣ дар рисолаҳои худ ақидаҳои илмии Абулвафои Бузҷонӣ, Ҷамшеди Кошонӣ, Фарғонӣ, Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Насируддини Тусӣ ва дигаронро идома дода, махсусан дар соҳаи фалсафа, мантиқ, риёзиёт, ҳайъат, ҷуғрофия ва ғайра тадқиқоти зиёде ба анҷом расондааст. «Рисола ал-мӯъҷаз фӣ-т-тиб», «Рисолаи мантиқ», «Рисолаи ҳисоб», «Ҳайати форсӣ» аз ҷумлаи онҳоанд. Алии Қушчӣ дар ҳалли масъалаи асосии фалсафа мисли пешгузаштагонаш оламро офаридашуда пиндошта, дар «Рисолаи мантиқ» навиштааст, ки «…олам мутағаййир аст ва ҳар чӣ мутағаййир аст, ҳодис аст. Пас олам ҳодис аст». Вале ин ҷиҳати таълимоти идеалистии Алии Қушчиро дар афкори табиию илмиаш пайдо кардан душвор аст. Алии Қушчӣ дар масъалаҳои муайян намудани мавқеи ҷисм, ҳаракати ҷисмҳои моддӣ ва намудҳои он, ҳаракати ҷисмҳои осмонӣ ва як қатор дигар масъалаҳои илми ҳайат нуқтаи назари материалистӣ дошт. ӯ оламро ба ду қисм – коинот ва олами моддӣ тақсим намуда, охириро аз ҷаҳор унсур пайдошуда меҳисобад ва мӯътақид буд, ки дар натиҷаи ба ҳам пайваст шудани унсурҳои мазкур ашё ва олами моддӣ ба вуҷуд меоянд. Ба ақидаи ӯ олами моддӣ аз олами ҷамодӣ, наботӣ ва ҳайвонӣ иборат буда, байни онҳо алоқаи узвӣ мавҷуд аст. Алии Қушчӣ ҷавҳар ва аразро категорияҳои асосии ҳастӣ мешуморид. Роҷеъ ба назарияи маърифат бошад, ӯ нақши ҳис ва ақлро дар ҷараёни дониш қайд карда, ягонагии онҳоро махсусан зикр намудааст.
 
== Саҳми Алли Қушчӣ да фанҳои математика ва астрономия калон аст ==
Саҳми Алии Қушчӣ дар инкишофи математика ва астрономияи асри 15 – 17-и Осиёи Марказӣ калон аст. ӯ бори нахуст дар «Китоб-ул-Муҳаммадия» ва «Рисолаи кусур» дар алгебра мафҳуми адади манфиро дохил кард, назарияи функсияҳои тригонометриро инкишоф дод (теоремаҳои синус ва косинус), аввалин шуда ҷадвали бисёррақамаи функсияҳои тригонометриро таҳия кард. Алии Қушчӣ бузургии майли эклиптика (майли минтақат-ул-буруҷ), тағйири солонаи авҷи Офтоб, тадвири (пресессия) солона, координатаҳои ситорагонро саҳеҳ ҳисоб кардааст. Ӯ тағйири фаслҳои солро натиҷаи ба Офтоб наздик ва аз он дур шудани Замин медонист. Афкори табиию илмии Алии Қушчӣ нуқтаҳои муҳими назариявӣ ва таҷрибавию мушоҳидавии бисёр масъалаҳои астрономия, математика, физика ва дигар илмҳоро дар бар мегирад. Дар мактаби илмии Самарқанд Алии Қушчӣ бо Қозизодаи Румӣ ва Ғиёсуддини Кошӣ рисолаи «Зиҷи ҷадиди султонӣ»-ро тартиб доданд. Дар «Рисолаи ҳисоб»-и ӯ ададҳои бутуни арифметикӣ, масъалаҳои решаи квадратӣ муайян карда шуда, каср, ба миён омадани махраҷи умумӣ, тақсими ададҳои бутун ва касрӣ ва дигар мафҳумҳои геометриявӣ (нуқта, хат, сатҳ, ҷисм), ки бевосита барои муҳосиботи математикии натиҷаҳои мушоҳидаҳои расадхона истифода мебурданд, баррасӣ шудаанд. Дар «Рисолаи ҳайъат» Алии Қушчӣ заминро курашакл дониста, қайд мекунад, ки қисми зиёди онро об ишғол карда, фақат аз чаҳор як қисми онро хушкӣ ташкил медиҳад. Дар муайян намудани маркази коинот Алии Қушчӣ аз назарияи геомарказии Батлимус (Птоломей) комилан озод шуда натавонист, вале бино ба маълумоти муҳаққиқон, дар баъзе бобҳои «Ҳайъати форсӣ»-и ӯ ғояи назарияи гелиомарказиро мушоҳида намудан мумкин аст. Алии Қушчӣ дар масъалаи тақвим низ назарияҳои ҷолиб изҳор кардааст.
Аз осори Алии Қушчӣ ба забони форсӣ ва арабӣ 23 рисола доир ба астрономия, математика, мантиқу фалсафа, тибу адабиёт боқӣ мондааст, ки дар китобхонаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ («Рисолаи ҳисоб»), дар Санкт-Петербург, Тошкент, Теҳрон, Лейден (Норвегия) маҳфузанд.