Афина (шаҳр): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи шаблони таҷдидшуда, replaced: Гурӯҳ:Маҳаллаҳои аҳолинишин аз рӯи алифбо → Гурӯҳ:Маҳалҳои аҳолинишин аз рӯи алифбо, - using AWB
No edit summary
Сатри 5:
 
]]
'''АФЍНААфина''' (Athenai), калонтарин шаҳр ва пойтахти [[Юнон]]. Маркази асосии иқтисодӣ ва мадании мамлакат, маркази ном (воҳиди маъмурӣ)-и [[Аттика]]. Афина дар нимҷазираи Аттика, дар соҳили халиҷи [[Сароникос]]и [[Баҳри Эгей]] ҷой гирифта, якҷо бо шаҳристон ва шаҳри бандарии [[Пирей]] [[Афинаи Калон]]ро ташкил медиҳад.
 
Аҳолии Афинаи Калон 3,7 млн нафар (2011). Аз ҷиҳати зичии аҳолӣ (8160 нафар дар 1 км2) дар [[Аврупо]] дар ҷойи чаҳорум қарор дорад ва сеяки аҳолии тамоми Юнон аст.
 
=== Таърихи мухтасари Афина ===
Аз соли 1466 то мелод Афина ба [[Рим]] ва аз асри 4 то соли 1204 ба [[Империяи Византия]] тобеъ шуд. Солҳои 1204–1458 пойтахти герсогии Афина буд. Соли 1458 Афинаро [[туркҳо]] забт карданд. Аз давраи шӯриши миллӣ-озодихоҳии с-ҳоисолҳои 1821–29 А.Афина маркази маъмурӣ ва маданию сиёсӣ ва аз соли 1834 пойтахти Юнон аст. Афина маркази бузурги туризми байналмиллалӣ ва ҷойи баргузории анҷуману симпозиумҳост. Соли 1896 дар Афина [[Бозиҳои олимпӣ]] баргузор гардида, аввалин варзишгоҳ низ ҳамин ҷо сохта шуд. Бозиҳои олимпии тобистонии соли 2004 дар Афина баргузор шуданд.
 
=== Саноат ===
Сатри 19:
 
=== Ёдгориҳои қадима ===
Афина қадимтарин шаҳри дунё буда, замони бунёдаш муайян нест. Аз рӯйи ривоятҳо ҷойи имрӯзаи Афина ҳанӯз аз асҳои 16–13 то мелод маскун буд. Дар [[Юнони Қадим]] он маркази асосии иқтисодӣ, сиёсӣ ва маданӣ гардид. Шаҳр дар теппаҳо бино ёфта, дар теппаи баландтарини он – [[Ликабетос]] ёдгориҳои қадимтарини Афина – [[Акропол]], [[Ареопаг]], [[Пникс]], [[Филопаппу]] (собиқ Мусейон), дар маркази шаҳр Парфенон – маъбади илоҳа Афина, Пропилейи бошукӯҳ, маъбадҳои Ника Аптерос ва Эрехтейон, ки ҳама мансуби асри 5 то мелод мебошанд, маҳфуз мондаанд. Поинтар қадимтарин театрҳо – Одеон Герод Аттик ва [[Дионис]], майдонҳои атиқии [[Агораи Рим]] ва Агораи Юнон, маъбади [[Зевси Олимпӣ]], Арки Адриан, маъбади Гефест побарҷост. Дар шаҳр осори бадеии даврони ҳокимияти империяҳои [[Византия]] ва турки усмонӣ низ боқӣ мондаанд.
== Манбаъ ==
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]]