Амалиёт (равоншиносӣ): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х иловаи Гурӯҳ:Равоншиносӣ бо ёрии HotCat
No edit summary
Сатри 3:
Мафҳуми малиётро чун воҳиди фаъолият А. Н. Леонтев ҷорӣ кардааст. Барои ба охир расондани фаъолиятҳои мураккаб якчанд малиётро иҷро кардан зарур аст. Амалиёт. бар хилофи фаъолият дорои мароми мустақил набуда, ба мароми он фаъолияте итоат мекунад, ки ба таркиби он дохил мешавад. Мустақилияти амалиёт дар он ифода меёбад, ки худи ҳамон як амалиёт дар таркиби фаъолиятҳои гуногун дида мешавад. Вобаста аз пайдоиш ду намуди амалиётро ҷудо мекунанд: мувофиқшавӣ (хӯгирӣ) ва бошуурона. Амалиётҳои мувофиқшавӣ ба дараҷаи баланди таассур тааллуқ доранд ва дар сохтори фаъолият аз ҷиҳати зина пасттарин мебошанд. Онҳо дар раванди тақлиди беихтиёрона пайдо мешаванд (масалан, мутобиқшавии кӯдак ба муҳити забонӣ, ки дар натиҷаи он шаклҳои мухталифи грамматикӣ ҳазм ва барои робитаи забонӣ истифода мешаванд).
 
''== Амалиётҳои мувофиқшавӣ'' ==
 
Амалиётҳои мувофиқшавӣ бо се нишона тавсиф меёбанд:
* аз рӯи тарзи танзим беихтиёранд;
Line 19 ⟶ 20:
 
== Адабиёт ==
* Вебер М., Основные социологические понятия, М., 1990;
* Парсонс Т., О структуре социального действия, М., 2002.
 
== Сарчашма ==