Аменорея: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Аменорея''' (аз а…, юнонӣ men – моҳ ва rheo – мешорам) — беҳайзӣ, ҳайз надидан. == Маълумот == Ҳолат...
 
No edit summary
Сатри 1:
'''Аменорея''' (аз а…, [[Юнон|юнонӣ]] men – моҳ ва rheo – мешорам) — беҳайзӣ, ҳайз надидан.
 
== Маълумот ==
Ҳолатест, ки [[зан]] дар муддати 6 моҳ ё аз ин ҳам бештар ҳайз намебинад. Агар духтар баъди ба [[балоғат]] расидан ё зан тамоман ҳайз надида бошад, аменореяи якумин ва агар боре ҳайз дида, минбаъд тамоман ҳайз набинад, аменореяи дуюмин меноманд. Дар ҳаёти зан якчанд давраҳои ҳайз надидан (то балоғат, ҳомилагӣ, бачамаконӣ, менопауза) вуҷуд дорад. Ин давраҳо чун ҳолати физиологии организм давом карда, баъд қатъ мегарданд (аменореяи физиологӣ). Аменореяи [[патологӣ]] дар натиҷаи нуқсони модарзодии тухмдон, бачадон ва [[маҳбал]], хеле суст инкишоф ёфтани узвҳои номбурда, инчунин осеб дидани [[ҷанин]] аз доруе, ки зан дар давраи ҳомилагӣ (дар аввали ва то охири моҳи сеюми бордорӣ – дар давраи муҳими тағйири ҷанин) истеъмол мекунад, пайдо мешавад. Табобати аменореяе, ки аз ин сабабҳо рӯй додааст, имконнопазир аст. Аменорея дар натиҷаи бемориҳои ғадудҳои эндокринӣ, хусусан ғадудҳои сипаршакл, болои гурда ва гипофиз, [[бемории сил]], камвитаминӣ, исқоти пай дар пай низ ба вуҷуд меояд.
 
== Сабабҳо ==
Сабабҳои аменореяро ҳамчунин метавон ба ҷузъӣ ва умумӣ ҷудо кард.
 
Ба сабабҳои ҷузъии аменорея мансубанд:
* вуҷуд надоштани маҳбал ва бачадон;