Амрикои Ҷанубӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

No edit summary
субэкваторӣ ва тропикӣ буда, мавсимҳои беборишу сербориш дорад (дар Амазония боронгариҳои беист), иқлими Ҷанубӣ — субтропикӣ ва мӯътадил. Ҳарорати моҳонаи ҳамвориҳои қисми шимолии материк то тропики ҷанубӣ ба ҳисоби миёна 20 — 28°С. Тобистон дар Нимкураи Ҷанубӣ (моҳи июл) ҳарораташ рӯ ба Ҷануб паст шудан мегирад (дар Патагония аз 20° то 10°С). Зимистон (моҳи январ) дар паҳнкӯҳи Бразил ҳарор. миёнаи моҳона то 12 — 16°С, дар Пампа то 6 — 10°С, дар пуштакӯҳҳои Патагония то 0°С ва аз ин паст мешавад. Бо вуруди ҳавои сарди Ҷануб ҳатто дар ҷанубӣ Гран-Чако ва паҳнкӯҳи Бразил аёс сар мезанад. Миқдори боришоти солона дар нишебаҳои ғарбии кӯҳҳои Анд, дар ғарби Колумбия ва ҷананубӣ Чилӣ аз ҳама бештар — 5000 — 8000 мм, дар Амазонияи Ғарбӣ ва нишебаҳои шарқии паҳнкӯҳҳои Гвианаю Бразил 2000 — 3000 мм мебошад. Дар қисми боқимондаи шарқи материк (то 35° а. ҷ.) боришоти солона 1000—2000 мм аст. Иқлими Патагония, минтақаи назди Уқёнуси Ором (аз 5° то 27° а. ҷ.) ва қисми ҷанубии паҳнкӯҳҳои Анди Марказӣ хеле хушк (боришоти солонааш 150—200 мм). Америкаи Ҷанубӣ сернамтарин материки кураи замин аст. Иқлими он барои нашви растаниҳо (тамоми сол) хеле мусоид мебошад. Дар он тамоми намуди растаниҳои тропикиро парвариш кардан ва соле чанд ҳосил рӯёндан мумкин аст.
 
=== Хок ва олами наботот ===
Дар ноҳияи иқлимаш экватории сернам, ки хоки он латеритии зарди сурхтоб аст, бешаҳои анбӯҳи ҳамешасабз — селвасҳо паҳн гаштаанд. Дар минтақаҳои иқлими субэкваторӣ бешаҳои гуногуни баргрезу ҳамешасабз (дар шарқи Амазония, паҳнкӯҳи Гвиана, шим. паҳнкӯҳи Бразил ва ғайра) ва саваннаҳои сералаф — ляносҳо (дар пастии Ориноко), саваннаҳои сербутта — кампос-серрадос (дар маркази паҳнкӯҳи Бразил) ё бешазорҳои хушки камдарахт — каатинга (дар шимолӣ шарқии паҳнкӯҳи Бразил) дучор меоянд; хокашон асосан сурхи ҷигарӣ ва тира. Бешаҳои сернами хокашон сурхи латеритии минтақаи тропикии паҳнкӯҳи Бразил дар Ғарб, дар Гран-Чако ба бешазори хушки камдарахти хокаш сурхи ҷигарӣ табдил меёбанд. Хоку набототи пуштакӯҳҳои Анди Марказӣ ва назди соҳили ғарбӣ биёбонианд, дар субтропикҳои ҷануби паҳнкӯҳи Бразил бешаҳои сӯзанбарги сурххок, дар ҷанубтари он саваннаи сералафи сиёҳхоки сурхтоб паҳн гаштаанд; дар Пампа дашти сабзу хуррами сиёҳхок рӯ ба самти Ғарб ба дашти хушки хокаш ҷигарӣ ва нимбиёбон тибдил меёбад. Дар Ғарб, дар Чилии Миёна байни 28° — 38° а. ҷ., бешаҳои дуруштбарг ва буттазори хокаш ҷигарӣ, байни 38° — 42° а. ҷ. бошад, бешаҳои сернами ҳамешасабзи паҳнбаргу сӯзанбарги тирахок мавҷуданд. Дар Патагония нимбиёбони сербуттаи тирахок, дар кӯҳҳои Анди Ҷанубӣ бешаҳои омехтаи анбӯҳи тирахоки кӯҳӣ бештаранд. Америкаи Ҷанубӣ макони бисёр растаниҳои қиматбаҳо: гевея, дарахти хина, дарахти сурх, какао ва ғайра мебошад. Фаъолияти инсон ба муҳит таъсири манфӣ расонда бойгариҳои табиӣ бераҳмона ғорат мешаванд. Бешаҳои Амазония қариб ба нестӣ расида, дар ҷойи ҷангалзорҳои тропикӣ ва саваннаҳо плантатсияҳои дарахтони қаҳва, какао ва ғайра нумӯ доранд. Сохтмони роҳи трансамазонӣ (5000 км) ба селваҳо, (бешаҳои намноки тропикӣ, ҷангалзорҳои касногузар) роҳ кушода, ин ғоратро бештар кард.
 
== Обҳои дохилӣ ==
Обҳои қисми зиёди Америкаи Ҷанубӣ, аз ҷумла пуробтарин дарёи ҷаҳон – Амазонка, ки дар арзҳои экваторӣ ҷорӣ аст, ба Уқёнуси Атлантик мерезанд. Дар қиёс масоҳати ҳавзаи дарёҳои Америкаи Ҷанубӣ баробари Австралия мебошад. Шохобҳои сершумори Амазонка ва дарёҳои дигари минтақаҳои субэкваторию тропикӣ (калонтарини онҳо: [[Парана]] бо [[Парагвай]], Ориноко, Сан-Франсиску), ки манбаи асосиашон борон аст, тобистон дучори обхезиҳои калон, зимистон бошад, хеле камоб мешаванд; дар паҳнкӯҳҳо остонаю шаршараҳои онҳо (шаршараи [[Анхел]] – баландтарин дар ҷаҳон – 1054 м, шаршараи [[Игуасу]] – зеботарин дар олам) бисёр аст. Дарёҳои Патагония, ки пуштакӯҳро чуқур бурида мегузаранд, камобанд. Дарёҳои кӯтоҳу пуртуғёни Анди Шимолӣ ва Ҷанубӣ, ки манбаашон борону барф ва пиряхҳост, ба [[Уқёнуси Ором]] мерезанд. Дар Гран-Чако, Пампа ва ғарбтари он – ноҳияи назди Кордилйера, кӯҳсори Анди Марказӣ ва минтақаи ғарбии биёбон, майдонҳои васеи аз оби равон маҳрумбуда, кӯлҳои шӯр ва шӯрзаминҳо бисёранд. Дар Анди Ҷанубӣ кӯлҳои калони пиряхӣ (Буэнос-Айрес ва ғайра), дар Анди Марказӣ кӯли калони тектоникии Титикака ва дар Шимоли кӯли Маракайбо воқеанд.
 
== Олами ҳайвонот ==
Америкаи Ҷанубӣ олами ҳайвоноти ба худ хос дорад. Дар бешаҳои анбӯҳи назди экватор ҳайвоноти гуногун, аз ҷумла маймуни паҳнбинӣ, коҳилак, мӯрчахӯр, ҷайраи дарахтгард, опоссумҳо ва ғайра вомехӯранд. Аз ҳайвоноти рӯи- заминӣ кашафпушти азимҷусса, [[паланг]], гурги ёлдор ва хуки обии капибара бисёр аст. Дар дарёҳо қариб 2000 хел моҳӣ, аз ҷумла анчоуси нурбарор, пираня ва ғайра вомехӯранд. Америкаи Ҷанубӣ аз орнитофауна — олами парандагон (тӯтӣ, парандаи хурдтарин — колибрӣ, чилмангӯштак, лошахӯр ва ғайра), хазандаҳо (морҳои заҳрдору безаҳр, аз ҷумла калонтарин мор — анакондаи обӣ, сангпушту кайманҳо), ҳашарот (шабпаракҳо, гамбускҳо, мӯрчаҳои калони 3-сантиметра) бой аст. Дар дашту нимбиёбонҳои ҳамвор пума, гавазни пампагӣ, саги магелланӣ, шутурмурғи дарвинӣ ва парандаи калонтарини замин — кондор (қаноти кушодааш 3 м) ҳастанд.
 
== Ноҳияҳои табиӣ ==