Аполлон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 5:
 
== Асотир ==
Дар хислату рафтори ӯ нишонаҳои эзидони Осиёи Хурд, давраҳои пеш аз пайдоиши Юнони Қадим ба назар мерасад. Мувофиқи ривоятҳо Аполлон ва Артемида дугониканд. Дар синни камолот Аполлон [[Мори печон|мори ПифонПифонро]]ро кушта, ҷазираи зодгоҳашро обод намуд. Ҳамроҳи хоҳараш Артемида дар набардҳо бар зидди душманон иштирок кард. Дар асотири Юнони Қадим тасаввурот дар бораи Аполлон борҳо тағйир ва такмил ёфтааст. Ӯро эзиди рӯшноӣ ва Офтоб, ҳимоятгари мардум (аз бемориҳо) ва ғайра донистаанд. Асклепий – Худои пизишкӣ писари Аполлон мебошад. Кори дигари неки Аполлон ҳимояи кишоварзию чӯпонӣ ва нигаҳдории галаву рамаи чорпоён, раҳнамоӣ дар шаҳрсозӣ ва ғайра мебошад. Аполлон Мойрагет – пешгӯикунандаи тақдиру қисмат буд; ояндаро пешгӯӣ мекард ва метавонист ба мардум низ ин амалро биомӯзонад. Аполлон беш аз ҳама чун Эзиди санъат, суруду мусиқӣ маълуму машҳур аст. Вай дорои лақаби Музагет – сарвари музаҳо (ҳунарҳо) мебошад. Ғор – дарахти муқаддасест, ки бо номи Аполлон марбут аст. Дар муҷассамаҳо ва осори санъати рассомӣ Аполлон бо асбобҳои мусиқии лира, кифара ва ғайра тасвир ёфтааст.
 
Дар болои боми Болшой Театри (Театри Калон) Россия (шаҳри Москва) муҷассамаи Аполлон бо лира ва савори гардунаи чораспа сохта шудааст. Дар асоси сужети устураи Аполлон осори муҷассамасозӣ, рассомӣ, мусиқӣ ва адабӣ офарида шудаанд. Бо баъзе хислатҳо – тирандози моҳир, Худои Офтоб ва рушноӣ, ҳимоятгари галаву рама буданаш Аполлон бо эзиди асотири ориёиён Меҳр (Митра) айният дорад.