Хайрулло Сайфуллоев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
вироишоти сабкӣ, ороиш
илова
Сатри 1:
'''Сайфуллоев Хайрулло''' (''Сайфуллоев Хайрулло Ғайбуллоевич'' тав. 22 феврали 1948, деҳаи Лаби Ҷӯйи ноҳияи [[Турсунзода]]), [[Забоншиносӣ|забоншинос]], номзади илмҳои филологӣ (1981), [[дотсент]] (1983). Соли 1970 [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко]]<nowiki/>ро бо ихтисоси муаллими забони олмонӣ хатм кардааст. Солҳои 1970-1973 ассистенти кафедраи забони олмонии донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1976-1979 аспиранти шӯъбаи ленинградии Институти забоншиносии АИ [[Иттиҳоди Шӯравӣ|ИҶШС]] буд.
 
== Зиндагинома ==
Сайфуллоев Хайрулло 22 феврали соли 1948, деҳаи Лаби Ҷӯйи ноҳияи [[Турсунзода]] таваллуд шудааст. Соли 1970 [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко]]<nowiki/>ро бо ихтисоси муаллими забони олмонӣ хатм кардааст.
 
== Фаъолияти корӣ ==
Солҳои 1970-1973 ассистенти кафедраи забони олмонии донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1976-1979 аспиранти шӯъбаи ленинградии Институти забоншиносии АИ [[Иттиҳоди Шӯравӣ|ИҶШС]] буд. Соли 1980 Донишгоҳи марксизм-ленинизмро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм кардааст. Солҳои 1979-1980 ҳамчун муаллими калони кафедраи забони олмонӣ, 1980-1983 муовини декани факултети забонҳои хориҷӣ оид ба корҳои тарбиявӣ, 1983-1998 дотсент ва мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев кор кардааст. Ҳамзамон солҳои 1985-1992 муҳаррир ва ровии бахши олмонии барномаи “Ахбору мусиқӣ бо забони олмонӣ” дар радиои Тоҷикистон буд. Солҳои 1998-2003 ба ҳайси мудири кафедраи забони олмонӣ, 1999-2006 декани факултети филологияи романӣ-германӣ, 2006-2008 мудири кафедраи лингводидактика, 2007-2008 декани факултети забонҳои романӣ-германии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ фаъолият намудааст. Аз соли 2008 то ба имрӯз дотсенти кафедраи забони олмонӣ ва методикаи таълими он дар донишгоҳи зикргашта мебошад. Инчунин Раиси Ассотсиатсияи омӯзгорони забони олмонии ҷумҳурӣ, Раиси Ҷамъияти дӯстии “Тоҷикистон-Олмон” ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад. Муаллифи зиёда аз 100 асару мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ оид ба услуб, расму оин ва типологияи муқоисавии забонҳои тоҷикию олмонӣ, аз ҷумла “Забони олмонӣ барои синфи 5” (2008), “Забони олмонӣ барои синфи 7” (1992), “Забони олмонӣ барои синфи 8” (1998), “Забони олмонӣ барои синфи 9” (2009), “Забони тоҷикӣ барои олмониён”, қисми 1 (Бамберг - 1997), “Забони тоҷикӣ барои олмониён”, қисми 2 (Клагенфурт - 1998), “Муҳовараи тоҷикӣ-олмонӣ” ҷилдҳои 1 ва 2 (Клагенфурт - 1998), хрестоматияи “Қиссаҳои ду фарҳанг” (Клагенфурт - 2002) мебошад. Дар мақолаҳояш зудомӯзии забонҳои тоҷикӣ ва олмонӣ, тарзҳои шавқовар гузаронидани дарсҳои забони олмонӣ ба тоҷикон ва забони тоҷикӣ ба олмониён, расму оини тоҷикону олмониён инъикос гардидаанд. Зери таҳрири ӯ ва Л. Жеҳак (аз Олмон) бо ҳамкории Б. Арипова, А. Сангинов ва Н. Шозедов луғати “Тоҷикӣ-олмонӣ” (2010) дар ҳаҷми 55 ҳазор калимаю ибора чоп шудааст. Дар тайёр намудани ҳазорҳо мутахассисон саҳми бевоситаи худро гузоштааст.
 
== Ҷоизаҳо ва мукофотҳо ==
Барои хизматҳои арзандааш бо нишони сарисинагии “Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон” (1992), ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳизби коммунисти Тоҷикистон, раҳматномаҳои Консули генералии ИҶШС дар ш. Лейпсиги Олмон, Сафири Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Тоҷикистон ва донишгоҳи омӯзгорӣ сарфароз гардидааст.