Муҳаммад Закариёи Розӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 46:
Закариёи Розӣ доир ба илми кимиё 22 китобу рисола таълиф намудааст. Муҳаммад Закариёи Розӣ ба ғайр аз кимиёгар буданаш, ҳамчунин бо маҳорати бузурги тиббӣ ва осори бойи абадзиндаи илмиаш на танҳо дар пешрафт ва равнақи тиббу табиатшиносии олам саҳми ниҳоят бузург дорад, балки ӯ дар таърихи илму маданияти ҷаҳонӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Китобу рисолаҳои эҷоднамудаи ӯ ба таълиму тарбияи кимиёгарон, табибон, барои сохтмони табобатхонаҳо, муолиҷаи бемориҳои алоҳида, тартибу хӯроку об ва дигар мушкилоти барои ҳифзи саломатии инсон зарур бахшида шудаанд. Бояд гуфт, ки дар он замон амалияҳои тиббӣ ба амалияи кимиёӣ алоқаманд буд, бинобар ин асарҳои эҷодшудаи Закариёи Розӣ дар кимиёгарӣ ва тибби имрӯза низ иртиботи қавӣ дорад.<ref name="ReferenceA"/>
Закариёи Розӣ дар боби тиб зиёда аз 60 [[асар]] таълиф кардааст. Муҳимтарини онҳо «Китоб-ул-ҳовӣ» ва «Китоб-ут-тибб-ил-мансурӣ» (ё «Алқунон-ул-мансурӣ», 10 ҷилд) буда, тамоми илмҳои тиббии асри Закариёи Розӣ-ро фаро гирифтаанд ва ба инкишофи минбаъдаи илми мамлакатҳои [[Шарқ]]и мусулмонӣ таъсири калон расонидаанд. Ин асарҳо дар асри XII ба [[забони лотинӣ]] тарҷима шуда, дар арзи чандин [[аср]] барои табибони Ғарб дастури аввалиндараҷа буданд. Закариёи Розӣ дар асарҳояш «Аттибб-ул-мулукӣ» ва «Тибб-ул-фуқаро» ғояи табобати фардиро тарғиб кардааст. Вай дар «Тибб-ул-фуқаро», ки барои омма навишта шудааст, бемориҳои роиҷ, роҳ ва воситаҳои осони дар шароити хона пешгирӣ ва табобат кардани онҳоро тасвир кардааст. Ӯ дар «Китоб-ул-ҷадарӣ ва-л-ҳасба» ном асараш нахустин бор нағзак, сурхак ва роҳҳои талқиҳи (гул буридан) онҳоро ба таври возеҳ тасвир карда, нишон додааст, ки ин бемориҳо такрор намешаванд, яъне як кас ду бор гирифтори нағзак ва сурхак нахоҳад шуд. Ин [[китоб]] ба забонҳои [[лотинӣ]], [[Забони юнонӣ|юнонӣ]], [[Инглисӣ|англисӣ]] ва [[Олмонӣ|немисӣ]] тарҷума шуда, 40 бор нашр гардидааст. Олими англис Ҷекнер фақат баъди нашри англисии ин асар усулҳои талқиҳи обила ва сурхакро пешниҳод кард.
Закариёи Розӣ аз нахустин табибҳоест, ки тибро ба таҷриба ва амалия пайвастааст. Ӯ ин корро бо роҳи ҷорӣ кардани таърихи беморӣ, ки дар тибби имрӯза маъмул аст, ба анҷом расонид. «Китоб-ул-ҳовӣ»-и ӯ ҳақиқатан дар заминаи чунин таърихҳои беморӣ таълиф шудааст. Закариёи Розӣ дар соҳаи ҷарроҳӣ низ чандин ихтироъ ва кашфиёт дорад; ӯ аввалин бор асбоби аз ҳалқ берун овардани ҷисмҳои бегонаро тасвир кард, пунба (пахта)-ро барои бастан ва зеҳро барои дӯхтани ҷароҳат ба кор бурд. Вай тавсия кардааст, ки ҳангоми ҷарроҳии саратон бофтаҳои атрофи онро ҳарчи бештар бурида, ҷояшро доғ кардан зарур аст. Закариёи Розӣ бо вуҷуди [[дониш]]и олидараҷааш оид ба ҳама воситаҳои муолиҷа тарафдори он буд, ки бемориҳо то ба ҳадди имкон бо дору ва васоити одитарин илоҷ карда шаванд. Ӯ мегуфт: {{аввали иқтибос}}''«Ҳар гоҳ табиб муваффақ шавад, ки бемориҳоро бо ғизо (парҳез) дармон кунад, пас ба саодат расидааст»''{{охири иқтибос}}.
 
Фаъолияти илмии ин донишманди бузург ба тадриҷ ба Аврупо нуфуз намуд ва дар он ҷо бо номи "Abubater" ё "Razes" шӯҳрат пайдо кард. Аз омӯзиши осори Закариёи Розӣ бармеояд, ки ӯ дуруст будани назарияи сунъӣ, яъне истеҳсоли тилло ва нуқраро оид ба тавассути иксир эътиқоди комил надоштааст, ки онро мо аз ду асари ӯ таҳти унвони «Меҳнат- ул – заҳоб ва алфизати ва мизони табиӣ» ва «Фиана саноатил кимиёи ақрабу илал вуҷуд минҳо илал имтиноъ» дарёфт карда метавонем. Ин нуқтаи назари Закариёи Розиро мо зимни мутолиаи асарҳои дигари ӯ ба монанди «Китоб- ул – асрор» ва «Китоб -ул – сирил – асрор» низ пайдо намудем. Бояд тазаккур дод, ки китоби дуввуми дар боло номбар шуда, яъне «Китоб-ул- сирил – асрор» ҳанӯз дар замони Розӣ ба забони лотинӣ тарҷума шуда, дар кишварҳои ғарб шӯҳрати васеъ пайдо кардааст. Худи Муҳаммад Закариёи Розӣ дар ҷое зикр кардааст, ки «Китоб-ул- сирил – асрор» аз асари «Китоб- ул- асрор» пурмазмунтар асту мақоми баланде дорад. Дар ҳақиқат ин китоб дар тарҷумаи Ҳасаналии Шайбонӣ ба забони форсӣ (ҳаҷмаш 630 саҳифа) буда, аксари матни онро маълумоти кимиёӣ ташкил медиҳад.